Корҳои ободинию созандагӣ дар суди ноҳия идома дорад

Ҷиҳати омодагӣ ба ҷашни «Рӯзи модар – 8 март», дар сатҳи байналмилалӣ ҷашн гирифтани «Наврӯз» ва сазовор пешвоз гирифтани “30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе корҳои ободонию созандагӣ, тозаю озода кардани атрофи бинои суд ба роҳ монда шуда, утоқҳои корӣ, роҳравҳо, толорҳои маҷлисгоҳи судӣ таъмир гардида, дар атрофи бинои суд гулҳои ороишӣ шинонда шудааст.

Дар назар дошта шудааст, ки бахшида ба «Рӯзи Модар» бо иштироки занони фаъол, собиқадорон ва қаҳрамонони меҳнат дар бинои суд ҷаласаи тантавӣ баргузор карда шавад.

Қайд карда мешавад, ки вобаста ба ҷашнгирии идҳои дар пеш омадаистода ҳар ҳафта дар суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе рӯзи шанбегӣ ва ҳашар эълон карда шудааст. Вобаста ба ҷашнгирии идҳои дар пешомада кормандони суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе омодагии ҷиддӣ дида истода, шиорҳо дар бинои суд овезон шудааст.

 

Суратгузориш аз ҷараёни корҳои ободонӣ:

?