Маҳрум гардидан аз озодӣ барои иштироки ғайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ва амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо

Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар ҳайати раисикунанда судя Ҳамидзода М.М. парвандаи ҷиноятиро нисбати шаҳрванд А.А., зодаи ноҳияи Ҷ.Балхӣ,  шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, миллаташ тоҷик, муваққатан бекор, ихтисос надорад, бе ҳизб, хизмати ҳарбӣ накардааст, бо моддаи 4011 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намуда, муайян кард, ки шаҳрванд А.А. дар шаҳри Новосибирски Федератсияи Россия қарор доштанаш бо ҳамроҳии ҳамкоронаш аз сомонаи интернетии «Ютуб» сабтҳои видеоии аъзои ташкилоти террористии «Давлати исломӣ» бо номи мустаори «Абу-Муҳаммад»-ро тамошо карда, ақидаҳои ин ташкилотро қабул кардааст. Сипас, ӯ бо ҳамроҳии ҳамкоронаш мақсад гузоштаанд, ки ба ҳудуди ташкилоти террористии «Давлати исломӣ» сафар намуда, дар воҳиди мусаллаҳ, задухўрди мусаллаҳона ва амалиётҳои ҷангӣ иштирок намоянд. Бо ин мақсад, ӯ дар сомонаи интернетии «Одноклассники» бо аъзои ташкилоти террористии «Давлати исломӣ» бо номи мустаори «Абу-Абдуллоҳ» ҳамсуҳбат шуда, оиди роҳҳои ба ҳудуди ин ташкилот сафар намуданро пурсидааст. Тахминан моҳи августи соли 2014 шаҳрванд А.А., аз шаҳри Москваи Федератсияи Россия ба Ҷумҳурии Туркия сафар кардааст. Дар Ҷумҳурии Туркия ӯро шиноси «Абу-Абдуллоҳ»-Аҳлиддин ном шахси ба тафтишот номаълум пешвоз гирифта, бо ҳамроҳии чор нафари дигар тавассути сарҳади Ҷумҳурии Туркия ба ҳудуди шаҳри Раққаи Ҷумҳурии Сурия ворид намуда, ба ташкилоти террористии «Давлати исломӣ» пайваст кардааст. Сипас, шаҳрванд А.А. бо ҳамроҳи дигар аъзоёни ташкилоти террористии «Давлати исломӣ» дар яке аз лагерҳои ҳарбӣ, ки роҳбарии онро «Абу-Усомаи норакӣ» ба уҳда доштааст, муддати тахминан 6 моҳ тайёрии ҳарбӣ-ифротӣ гирифтаанд. Дар ин муддат ӯ аз яроқҳои оташфишон тирпаронӣ карда, баъд аз таълимот дар ҳудуди ин ташкилот ҳамчун муҳофизи шаҳри Палмираи Ҷумҳурии Сурия аз қувваҳои ҳукуматӣ муҳофизат намудааст. Баъд аз ин,  ӯ, дидааст, ки аъзоёни ташкилоти террористии «Давлати исломӣ» амалҳои ғайри исломӣ дошта, онҳоро ҳамчун ғулом истифода мекардаанд. Аз ин хотир ӯ бо ду рафиқаш моҳҳои март-апрели соли 2015 аз ҳудуди ташкилоти террористи «Давлати исломӣ» ба Ҷумҳурии Туркия омада, аз онҷо ба шаҳри Новосибирски Федератсияи Россия сафар карда, сипас аз шаҳри Новосибирски Федератсияи Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст.

Судшаванда А.А. дар мурофиаи судӣ бо айби ба ӯ эълоншуда дар мурофиаи судӣ худашро гунаҳгор ҳисобид.

Гуноҳи судшаванда А.А. дар содир намудани ҷиноят бо моддаи  4011 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишондоди дар рафти мурофиаи судӣ додаи шоҳидон, бо нишондоди дар рафти мурофиаи судӣ хонда эълоншудаи шоҳидон ва далелҳои дигари аз рӯи парвандаи ҷиноятӣ ҷамъоварда исбот гардид. Бинобар ин суд кирдори судшаванда А.А.-ро бо моддаи 4011 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он ҷавобгарии ҷиноятиро барои иштироки ғайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ва амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо муқаррар кардааст, банду баст кард.

Суд ҳангоми таъини ҷазои ҷиноятӣ нисбати судшаванда А.А. хусусияту дараҷаи хавфнокии ҷамъиятии ҷинояти содиршуда, яъне арзиши объектҳои бо қонун муҳофизатшаванда, сабабҳои содир намудани ҷиноят, тарзи амал, шахсияти судшаванда, хусусият ва андозаи зарари расонидашуда, ҳолатҳое, ки ҷазоро сабук ва вазнин мекунад ва талаботҳои Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №33 аз 24 декабри соли 2010 “Дар бораи ҳукми судӣ”-ро ба инобат гирифта, нисбаташ бо моддаи 401Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, ба ӯ бо ин модда бо дастрасии моддаи 15 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 9 (нуҳ) сол бо адо намудани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низомаш сахт, таъин кард.