НАҚШ ВА ҶОЙГОҲИ БЕСОБИҚАИ ЗАНОН ДАР СИЁСАТИ ДАВЛАТӢ

 

Яке аз масъалаҳое, ки дар паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор мегирад, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва андешидани тадбирҳои судманд дар ин самт мебошад.

Пешвои миллат зимни суханрониҳои худ пайваста ба масъалаи дастгирӣ ва фаъолнокии занон, эҳтиром ба зан-модар таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд. Натиҷаи ҳамин дастгириҳост, ки дар мамлакат нақши занон сол ба сол дар ҳаёти иҷтимоию сиёсӣ ва иқтисодию фарҳангӣ боризтар гашта, мавқеи онҳо дар пешбурди равандҳои иҷтимоию сиёсӣ фаъолтар мешавад.

Зан-модар офаранда ва тарбиятгари аҳли башар аст. Набзи зиндагии башар дар тамоми тули таърихи инсоният бо набзи зан-модар ҳамсадо, ҳамнаво ва ҳамоҳанг мебошад. Бузургони олам дар назди қадру манзалати зан-модар сари таъзим фуруд оварда, эътироф кардаанд, ки ӯ, воқеан, бо як даст гаҳвора ва бо дасти дигар сайёраро меҷунбонад. Аз ин рӯ, Сарвари дурандеши мо таъкид менамоянд, ки бояд ҳамеша нисбат ба модарону бонувон ғамхору меҳрубон бошем.

Воқеан ҳам, нақши занону бонувон дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, дар ниҳоди фарзандон тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстиву масъулиятшиносӣ, инчунин, пешгирӣ кардани омилҳои номатлуби иҷтимоӣ муассир мебошад.

Мавриди зикр аст, ки айни замон масъалаи фаъолияти занон дар идораи давлатӣ яке аз масъалаҳои муҳим ба шумор рафта, онҳо на танҳо ҳамчун кормандони соҳа, балки ҳамчун шахсиятҳои муваффақ дар ҷомеа аз ҷониби Роҳбари давлат ва созмонҳои байналмилалию минтақавӣ эътироф гардидаанд.

Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирии занону бонувон ва баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа бисёр тадбирҳои судмандро амалӣ намуд.

Дар радифи ҳама дастгириҳо, роҳбарияти олии кишвар аз модарону бонувони арҷманди мо риояи муқаррароти қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ҳаёти мустақилона омода кардани фарзандон, рушди ҳунарҳои мардумӣ ва беҳтар гардидани зиндагии ҳар як оилаи мамлакатро талаб намуданд.

Таҳлили нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат дар масъалаи дастгирии ташаббусҳои занон собит месозад, ки ин сиёсат дар оянда низ рушд ёфта, ба таъкиди Сарвари давлат, Ҳукумати мамлакат ташаббусҳои занону бонувони кишварро минбаъд низ дастгирӣ карда, ба хотири ҷалби бештари онҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда тадбирҳои иловагиро амалӣ менамояд.

Эътимоде, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба занону модарони тоҷик иброз карданд, бонувони кишварро боз ҳам руҳбаланд намуда, ба фатҳи қуллаҳои баланди пешрафт, фаъолияти пурсамар ва пайгирии иқдому ташаббусҳои наҷиб раҳнамун месозад.

 

Судяи Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе

Искандарзода Меҳрангез Зайниддин