Натиҷаи қабули шаҳрвандон давоми се моҳи аввали сол

Бобати иҷроиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» аз 23.07.2016 сол, таҳти №1339 ва Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.12.2018 сол қабули шаҳрвандон дар рӯзҳои шанбеи ҳар ҳафта аз ҷониби раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе зери назорати қатъӣ қарор дода шуда, ба иҷро расонида шуда истодааст. Қабули шаҳрвандон давоми се моҳи аввали соли 2019 12-рӯзи шанбеи қабулро ташкил медод. Ғайр аз ин қабули шаҳрвадон тибқи қарори тасдиқшуда аз ҷониби раиси суд, муовин ва судяҳои суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе новобаста аз рӯзи шанбе дар дигар рӯзҳои корӣ низ бо тартиби муайянгардида ба роҳ монда шудааст.

Дар давраи се моҳи аввали соли 2019 ба назди раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе 77 нафар шаҳрвандон муроҷиат намуда, арзу шикоятҳои онҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. Аз ин шумораи умумии муроҷиати шаҳрвандон 52 нафарашон занҳо ва 25 нафарашонро мардон  ташкил медиҳанд. Вобаста ба иҷроиши муроҷиатҳои қайдшудаи шаҳрвандон аз ҷониби раиси суд 15 муроҷиати шаҳрвандонро дар ҷояш иҷро намуда, 15 муроҷиатҳои шаҳрвандон ба назорат гирифта то ба охир ба иҷро расонида шуд, 27 муроҷиатҳои шаҳрвандон ба мақомотҳои дахлдор фиристонида шуда, боқимонда, яъне 20 муроҷиатҳои шаҳрвандон ба мақомоти суди зинаи болоӣ фиристонида шудаанд.

Пристави судии судии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Додозода М.