Наврӯз – иди куҳани ориёнтабор
Дар оғози баҳори аҷам таърихи давлатдории тоҷиконро назар кунем, дар он ду иди бузург қайд карда мешуд, ки якеро «Сада» ва дигареро «Наврӯз» меномиданд. Сада яке аз ҷашнҳои қадимаи мавсимию халқиятҳои ориёинажод ба шумор меравад, ки рӯзи 10-уми моҳи Баҳмани солшумории шамсӣ таҷлил гардида, мутобиқи солшумории милодӣ ба поёни шаби 30-юм ва оғози рӯзи 30-31-уми январ рост меояд. Метавон гуфт, ки Сада пас аз 40 шабонарӯзи омадани Шаби Ялдо ё худ пас аз гузаштани чиллаи калони зимистон фаро расида, чун гиромидошти ойини оташпарастӣ ва бузургдошти Меҳр истиқбол гирифта мешуд.
Ин ҷашнро барои он Сада меноманд, ки аслан аз шумораи сад гирифта шуда, аз 10-уми моҳи Баҳман то омадани Наврӯз 50 шабу 50 рӯзро фаро мегирад.
Бо фарорасии рӯзҳои сипаришуда «Наврӯз»-ро истиқбол мегиранд, ки дар тарҷума аз забони форсӣ (тоҷикӣ) “рӯзи нав” буда, ба рӯзи аввали солшумории шамсӣ 1-уми аввали хамал ё 21-уми марти солшумории милодӣ рост меояд. Дар ин рӯз баробаршавии шабу рӯз дида мешавад. Наврӯз нишони бедории табиат, покизагии рӯҳ ва оғози ҳаёти нав мебошад.
Ҷашни Наврӯз яке аз қадимтарин ҷашнҳо дар Замин аст. Аз ин ҷашн ҳанӯз то замони зардуштиҳо таҷлил мешуд. Дар давлати Хахоманишҳо (асрҳои VI-IV то қарни мо) ва Сосониҳо (асрҳои III —VII қарни мо) Наврӯз ҷашни аслӣ маҳсуб меёфт. Пайдо шудани ҷашни Наврӯзро ҳамчунин ба шоҳи тахаюллии Ҷамшед рабт медиҳанд, ки гӯё дар ин рӯ ба вай нури офтоб расидааст.
Вале қадимтарин манбае, ки дар он аз ҷашни Наврӯз зикр мешавад китоби муқаддаси зардуштиҳо «Авасто» мебошад. Тибқи таълимоти «Авасто» мардум муваззафанд ҳар баҳор пайдоиши ҳаёт дар заминро, ки дар «шаш намуд» (фазо, об, замин, растанӣ, ҳайвонот ва инсон) шакл гирифтааст, таҷлил кунанд.
Наврӯз — ҷашни баробаршавии рӯзу шаб ва оғози соли ҷадиди кишоварзӣ дар халқҳои эронитабор ва бархе аз қавмҳои турктабори Қазоқистон, Осиёи Миёна ва Хурд, Эрон ва ҳамчунин миёни бошқирдҳо ва тоторҳо мебошад.
Моҳи сентябри соли 2009 Наврӯз ба феҳрасти осори фарҳангии инсоният ЮНЕСКО шомил карда шуд ва дар моҳи феврали соли 2010 Маҷмаи 64-уми Анҷумани кулли СММ 21-мартро «Рӯзи байналмиллалии Наврӯз» эълон кард.
Наврӯз маросимҳои зиёде дорад, ки ба ҷо овардани онҳо дар ин давраи таҷлили ҷашн ҳатмӣ шуморида мешавад. Пеш аз ҳама то оғози Наврӯз дар ташту лаълиҳо тухми гандум гузошта мешавад, ки то фаро расидани ид неш зада, мисли сабза медамад ва баъди ба қадри панҷ-шаш ангушт қад кашидани он ба атрофи он пораи матои сурх – алвон баста шуда, ба дастархон гузошта мешавад. Инчунин аз ҳамин гандуми нешзада суманак тайёр карда мешавад.
Ба ғайр аз ин дар маросими ҷашнӣ оро додани дастархони “ҳафтсин” низ маъмул мебошад, ки аз ҳафт адад анвое, ки бо ҳарфи син (с) оғоз меёбад, иборат аст: себ, сабза, сирко, санҷид, сикка, сир, суманак. Ин ҷо қобили тазаккур аст, ки ҳар як ашёи рамзи махсусеро ифода менамояд: себ – аломати зебоӣ, сабза, яъне донаҳои сабзидаи тухми гандум – рамзи зиндагӣ, эҳёи ҳаёт, сирко – дарозумрӣ ва сабру тоқат, санҷид – меҳру муҳаббати поку беолоиш, сикка – сарвату дороӣ, шукуфоӣ, сир – тандурустӣ ва дур гаштан аз бадбахтию нокомӣ ва суманак – рамзи фаровонию осудагӣ. Дар ин асно бояд ёдовар шуд, ки суманак як ҷузъи асосӣ ва ҳатмии дастархони наврӯзӣ мебошад. ки бидуни он густурдани суфраи идона ғайри қобили қабул шуморида мешавад. Тайёр кардану анҷом додан ва пухтани суманак худ як раванди муайянеро молие аст. Қабл аз ҳама донаҳои гандум ба зарфи ҳамвори фулузӣ гузошта шуда, ба рӯи он об мепошанд ва болои он бо матои сафед – дока пӯшонида мешавад, ин се рӯз идома меёбад. Баъд ниҳолҳои сабзидаро бо корд хеле хурд реза мекунанд. Сипас оби онро полуда, бо орд ва об омезиш дода, ба қадри даркорӣ равған илова менамоянд ва ба дег андохта бо кафлес банавбат ковиш медиҳанд. Ин анъана сирф аз ҷониби занҳо анҷом дода мешавад ва дар арафаи иди наврӯз сурат мегирад. Занҳо ҳангоми ковидани суманак суруд мехонанд, ки нақароташ ин аст: Ба ақидаи дигар, дар баробари дастархони “ҳафтсин” омода намудани дастархони “ҳафтшин” низ роиҷ аст, ки дар он ҳафт маводе, ки аз ҳарфи шин (ш) шурӯъ мешаванд, гузошта мешаванд: шакар, шарбат, ширинӣ шамъ, шона, шир, шароб.
Ҳамин тариқ, баъзан вақт то субҳи содиқ маросими суманакпазӣ идома меёбад ва ин одати ориёӣ асрҳои аср идома ёфта, то замони мо расидааст. Маросими дигаре, ки дар иди Наврӯз ба ҷо оварда мешавад, “хонатаконӣ” ном дорад ва яке аз ҷузъҳои муҳиму ҳатмии ин ҷашни фархунда арзёбӣ мегардад. Ин одат чунин аст, ки дар арафаи ид тамоми ҷиҳохи хона шуставу пок карда карда шуда, ашёи кӯҳнаю фарсуда аз хона берун карда мешавад, дару девори хонаҳо тармиму рангубор карда шуда, ба қадри имкон асбоби рӯзгор бо намунаҳои нав иваз карда мешаванд, дар хона гулу хушбӯиҳо гузошта мешаванд, пардаи тирезаҳо ва тамоми ашёи матоъгин шустаю дарзмол ва ба тартиб дароварда мешаванд. Ҳар касе ба андозаи имконоти худ меваю сабзавот, қанду қурсу ширинӣ, мағзу мавиз, шарбату хуришҳои гуногун харидорӣ менамояд ва дар ҳар хонадон дастархони идона ороста мешавад.