Омодагӣ барои ҳисоботи соли сипаришуда – 2018
Раиси суди ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе қайд карданд, ки нақшаи кори суди ноҳия аз 20 декабри соли 2017 барои нимсолаи якуми соли 2018, нақшаи дохилиидоравӣ аз 22 июни соли 2018 ва нақшаи иловагӣ аз 11 июли соли 2018 ҷиҳати иҷрои вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2018 таҳия карда шудааст, ки иҷроиши онҳо дар якҷоягӣ бо кормандони суди ноҳия таъмин карда шудааст.
Бо назардошти талаботҳои зикргардида масъалаҳои асосноки боздоштан, бе баррасӣ мондани парвандаҳои гражданӣ ва оилавӣ, бе ҳаракат монондани аризаҳо ва сабабҳои вайрон кардани муҳлати баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ, гражданӣ, оилавӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ зери назорати қатъӣ қарор дода шудааст.
Ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон дар мадди аввал қарор дошта, тартиби қабул, бақайдгирӣ ва муҳлатҳои баррасии арзу шикоятҳои онҳо дар асоси талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» ба роҳ монда шудааст.
Бо ин мақсад раиси суд як қатор дастуру супоришҳои мушаххас доданд.