РОҲУ УСУЛҲОИ МАҒЗШУЙИИ ҶАВОНОН ВА ФАЪОЛИЯТИ ҲИЗБУ ҲАРАКАТҲОИ ЭКСТРЕМИСТИВУ ТЕРРОРИСТӢ
Омилҳои динӣ дар шароити муосир яке аз унсурҳои таркибии ҳаёти сиёсию ҷамъиятӣ ба шумор мераванд. Чунин вазъ бо он асоснок мегардад, ки на танҳо дар шароити давлатдории навин таъсири дин ба равандҳои иҷтимоию сиёсии ҷомеа меафзояд, балки як қатор таҳдиду хатарҳои замони муосир бевосита дар ниқоби дин зоҳир мегарданд. Чунончи, паҳн намудани ғояҳои ифротгароӣ ва тундгароии динӣ, ба сафи ташкилотҳои террористию ифротгароӣ ҷалб намудани қишрҳои гуногуни ҷомеа, кӯшиши ташкил намудани давлати динӣ, ба амал баровардани зӯроварии сиёсӣ ва ғайра натиҷаи фаъолиятҳои тахрибкоронаи ҳизбу ҳаракатҳое мебошанд, ки дар ниқоби дин ташкил шудаанд ва мақсадҳои сиёсию ғоявиро пайгирӣ менамоянд. Чунин падидаҳо таҳдиди воқеӣ ба сохтори конститутсионии давлат ва тамомияти марзию ҳудудии он мебошанд. Аммо дар баробари ин, боз таъсири дин ва омилҳои динӣ ба равандҳои сиёсию иҷтимоӣ низ хеле зиёд аст, ки он метавонад дар рушди минбаъдаи ҷомеа таъсири ҳам мусбат ва ҳам манфӣ расонад. Ин гуна омилҳоро, ки хусусияти иҷтимоию фарҳангӣ ва баъзан сиёсӣ доранд, дар раванди амалигардонии модернизатсияи сиёсӣ ва ислоҳоти гуногунсамт мушоҳида намудан мумкин аст.
Дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон низ таъсири омилҳои динӣ ба назар мерасад. Дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар чандин маротиба шоҳиди он шудаем, ки аз ҷониби неруҳои сиёсии дар ниқоби дин амалкунанда кӯшиши ташкил намудани давлати динӣ, ғасби ғайриқонунии ҳокимият, ташкил намудани табаддулоти давлатӣ, анҷом додани амалҳои террористӣ, иғвою тафриқаандозӣ анҷом дода шудаанд ва ин гуна таҳдиду хатарҳо ҳанӯз ҳам мавҷуданд. Дар ин гуна мавридҳо дин ва таълимоти динӣ аз ҷониби як зумра неруҳои сиёсии тахрибкор ҳамчун силоҳи ғоявӣ истифода бурда мешавад ва аз ин рӯ, он метавонад ба зеҳну тафаккури оммаи мардум таъсири амиқ расонад.
Аввал ин, ки дар ҷаҳони муосир миқёси низоъҳои сиёсие, ки бо иштироки ҳизбу ҳаракатҳои исломӣ анҷом ёфта истодаанд, рӯз то рӯз меафзояд. Дар ин замина шумораи ташкилотҳо ва ҳаракатҳои исломӣ, ки қисме аз онҳо хусусияти террористию ифротгароӣ доранд, зиёд мегардад. Дар чунин шароит афзоиши таъсири дин, ташаккули ғояи динӣ ва тезутунд гардидани муборизаҳои геосиёсиро эҳсос намудан мумкин аст, ки дар раванди ташаккулёбии давлатдории миллӣ ба таври ҷиддӣ монеа эҷод менамоянд. Тайи ду даҳсолаи охир дар зери таъсири ҷаҳонишавӣ ва рушди афзорҳои иттилоотию иртиботӣ омилҳои динӣ хусусияти фаромиллӣ гирифтаанд, ки таъсири онҳо аз пештара дида зиёдтар гардидааст.
Дуюм ин, ки айни замон як зумра ҳизбу созмонҳои диние арзи ҳастӣ менамоянд, ки онҳо барои таъсис додани хилофати исломӣ кӯшиш доранд. Барои мисол, мақсадҳои сиёсӣ ва фаъолиятҳои ҷунбиши «Толибон», ташкилоти террористии бо ном «Давлати исломӣ», «Ал-Қоида», «Ихвон-ул-Муслимин», «Ҳизб-ут-Таҳрир», «Ҳаракати Исломии Ӯзбекистон», «Ҳизби Наҳзати Исломӣ» ва ғайра барои таъсис додани хилофати исломӣ, давлати исломӣ ва ҷомеаи исломӣ нигаронида шудаанд. Ҳамаи онҳо дар муборизаҳои сиёсии худ ташкил намудани инқилоби исломӣ, табаддулоти давлатӣ, дар муқобили ҳукуматҳои маҳаллӣ сафарбар намудани аҳолии осоишта, истифода намудани терроризм ва монанди инҳоро имконпазир медонанд. Чунин равандҳои минтақавию ҷаҳонӣ ба амнияти миллӣ ва устувории сиёсию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири амиқ мерасонанд. Дар ин раванд худи мусалмонон ва кишварҳои мусалмонӣ аслан воситаи татбиқи ҳадафҳои геосиёсии кишварҳои абарқудрат гардидаанд, ки яке аз омилҳои асосии он надонистани арзишҳои динӣ аз ҷониби оммаи мардум мебошад.
Сеюм ин, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва минтақа шумораи зиёди ҳизбу ҳаракатҳои исломӣ, ки хусусияти террористию ифротгароӣ доранд, талоши таҳти мафкураи худ қарор додани ҷавонон ҳастанд. Ҳамаи онҳо аз тарафи додгоҳи олии ин кишварҳо террористию ифротгароӣ эълон гардидаанд. Гузашта аз ин, аллакай созмонҳои мазкур то имрӯз тавонистаанд, ки ҳазорон шаҳрвандони кишварро ба сафҳои худ шомил намоянд. Аксари онҳо дар Афғонистон бо ҷунбиши «Толибон» ва зершохаҳои гуногуни «Ал-Қоида» машқу тамрин мегиранд. Чунин вазъ бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки омилҳои динӣ, дар мисоли Ҳизби Наҳзати Исломӣ, барои Тоҷикистон, ки бо Афғонистон дарозтарин сарҳадро дорад, таҳдиди воқеӣ мебошад.
Руҳониёни бунёдгарову фанатик ва фаъолони ҳизбу ҳаракатҳои динӣ технологияҳои рақамӣ ва дастовардҳои ҷадиди илму техникаро самаранок истифода бурда, на танҳо бо давлат рақобат менамоянд, балки дар масъалаи тағйир додани шуури ҷамъиятӣ баъзан вақт ба муваффақиятҳои назаррас ноил мешаванд. Дар ин раванд, пеш аз ҳама, паҳн намудани ғояҳои динӣ дар фазоҳои иттилоотии ба ҷавонон дастрас ба роҳ монда мешаванд. Аз ҷумла «Facebook», «Instagram», «WhatsApp», «Вконтакте», «Одноклассники», «Telegram», «Twitter» ва «You Tube» барои ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ ва тундгароёни динӣ фазои асосии тарғибу ташвиқи ғояҳои динӣ мебошанд.
Олимону донишмандон дар тули таърих нисбат ба дин ва масъалаҳои динӣ муносибати яксон надоранд. Гурӯҳи аввали олимон нисбат ба дин мавқеи бетарафиро ишғол намуда, гурӯҳи дуюм онро ҳамчун зуҳуроти мусбат ва гурӯҳи сеюм бошад зуҳуроти манфӣ муаррифӣ кардаанд. Аммо таҳлилу таҷзияи андешаҳои мазкур нишон медиҳад, ки сиёсишавии дин ва ё сиёсикунонии дин, идеологияи динӣ ва он ҳизбу ҳаракатҳое, ки барои амалӣ намудани мақсадҳои сиёсии худ динро истифода менамоянд, метавонанд омилҳои бесуботкунандаи ҷомеа бошанд. Фаъолгардии унсурҳои сиёсии дин метавонад барангезандаи ин тамоюлот бошад.
Судяи Суди ноҳияи Исмоили
Сомонии шаҳри Душанбе
Одиназода Мирзо Ҷалил