Шанбегӣ бахшида ба таҷлили «Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ — 9 май»

4 майи соли равон бо мақсади амалӣ намудани Қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, инчунин ҷиҳати дастуру супоришҳои Роҳбарияти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бахшида ба таҷлили 74-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо иштироки раис, муовини раис, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе шанбегӣ баргузор карда шуд.

Дар шанбегӣ ҳайати кормандони суд  фаъолона иштирок намуда, саҳни ҳавлии бинои суд ва дигар минтақаи ба корхона вобаста гардида тозаву озода карда, ҷойҳои обгузари сари роҳ аз партовҳо тоза карда шуда, гирди дарахтҳо ва гулҳо нарм карда шуданд.

Бояд қайд намуд, ки то имрӯз  дар натиҷаи корҳои бунёдкориву созандагӣ дохил ва беруни бинои суд пурра таъмир карда шуда, дар саҳни он гулҳои ороишӣ, дарахтони ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонда шуданд.

Мутобиқи нақшаи корҳои созандагию ободкорӣ, бо мақсади боз ҳам ободу зебо ва тозаю озода гардонидани ҳудуди бинои суд минбаъд низ бо ташаббуси кормандони суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе шанбегиҳо роҳандозӣ карда шудаанд.

Ҳайати кормадони суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе тасмим доранд, ки минбаъд низ бо масъулияти баланди сокини пойтахт будан дар хуррамгардонии Душанбешаҳр саҳми худро гузоранд.