Табрикот ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон — 9 сентябр.

Истиқлол дар назди миллати тоҷик рисолати бузургеро гузошт, ки муҳимтарини онҳо ташкили аркони давлати соҳибихтиёри миллӣ, таҳкими сулҳу субот, таъмини амнияти давлат ва ҷомеа, оғози раванди созандагиву бунёдкориҳо ва расидан ба сатҳи зиндагии шоистаи мардум мебошад”. (Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон).

Истиқлоли давлатӣ бузургтарин ва муқаддастарин неъмат, нишонаи олии ҳувияти миллӣ, ифтихор ва номуси ватандорӣ, рамзи ҳастии миллати бостонӣ ва соҳибихтиёру соҳибдавлати тоҷик ва асоси хушбахтиву сарбаландии мардуми Тоҷикистон мебошад. Баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ дар кишвари мо ислоҳоти куллии тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ба амал оварда шуд. Ҳанӯз аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ рушди маориф, илм ва фарҳанг дар сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон самти афзалиятнок эълон гардид.

Дар зарфи беш аз се даҳсола мардуми мо тавонистанд, ки беҳтарин арзишҳои миллии худро зинда созанд, худшиносиву худогоҳии миллиро ба пояи баланд бардошта, на танҳо фарҳанги беназири худро эҳё намоянд, балки онро ба талаботи давлатдории навини худ ва ба воқеияти ҷаҳони муосир мутобиқ сохта, дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намоянд.

Дар давоми ин солҳо Тоҷикистон дар саноату иқтисод, тиҷорату, фарҳанг, маданият ва бунёдкориву созандагӣ ба пешравиҳои бузург ноил гардид. Симои пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе ва шаҳру навоҳии мамлакат куллан тағйир ёфта, сохтмони бинову иншооти нави маишиву хизматрасонӣ дар кишвар идома дорад.

Файзи Истиқлол Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари мустақилу ҳуқуқбунёд муаррифӣ намуд. Имрӯз Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро зиёда аз 180 мамлакати дунё расман эътироф намудаанд ва танҳо соли ҷорӣ дар сатҳи СММ панҷумин пешниҳоди Тоҷикистон ҷонибдорӣ гардид. Ҳамаи дастовардҳои дар болозикргардида меваи даврони Истиқлол мебошад. Дар боби арзиши Истиқлоли давлатии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид месозанд:  “Истиқлолу озодӣ барои мо рамзи воқеии ифтихор аз Ватану ватандорӣ, бузургтарин имконияти давлатсозиву давлатдории мустақил, илҳомбахши азму талошҳои созанда ба хотири таъмин намудани рушди давлат, ободии Ватан, зиндагии осоиштаи мардуми Тоҷикистон ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии ҳар як оилаи кишвар мебошад”.

Бояд гуфт, мустақилияти давлат дар нигоҳ доштани ягонагӣ ва волоияти ҳокимияти давлатӣ дар қаламрави мамлакат ва соҳибихтиёрӣ дар муносибат бо субъектҳои сиёсии байналмилалӣ ифода меёбад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муаррифӣ гардида, бо аксар кишварҳои олам ва созмонҳои ҷаҳонӣ муносибатҳои дипломатӣ ва ҳамкорӣ барқарор намудааст. Тоҷикистон узви фаъоли Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони ҳамкории исломӣ ва чандин ташкилотҳои байналмилаливу минтақавии дигар мебошад.

Тӯли ин солҳои таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳолии мамлакат бо азму иродаи қавӣ тавассути созандагиву бунёдкориҳои бомаром ба фардои дурахшон қадамҳои устувор гузошта, ба дастовардҳои беназир ноил гардиданд. Роҳи 32-солаи давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар исбот кард, ки ниҳоди сарварии Пешвои миллати мо мактаби бузурги давлатдорист, ки ҳар як шахси худшиносу худогоҳ бояд онро омӯзад.

Аз ин ру мо бояд шукргузорӣ аз он намоем, ки чунин Ватани азизу маҳбуб ва ободу зебоеро, соҳиб мебошем. Бояд ҳамагӣ ба қадри талошу заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва замину фазову ҳавои меҳану сарзамини хеш бирасем ва ҳама якфикру яктан гашта дар ободонии ин ватани ҳамешасабз саҳм гузорем.

Баҳри ободиву осоиш ва  гулгулшукуфоии давлати соҳибистиқлоли тоҷик бурдбориву комёбӣ, саодату иқболи накӯ ва тансиҳатӣ орзумандам.

Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ муборак бошад.

Бо камоли эҳтиром

И.в. раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, Кабирзода С.М.