ТАБРИКОТИ РАИСИ СУД
Ҳамдиёрони азиз!
Шумоёнро бо фарорасии соли нави мелодии 2019 табрику муборакбод намуда, рӯзгори хушу осуда, тандурустиву саодатмандӣ, табъи болида, зиндагии саршори пур аз меҳру муҳаббат ва комёбиҳои беназирро таманно дорем.
Воқеан соли 2018 таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо рӯйдодҳои бузургу таърихиаш дар радифи мавриди баҳрабардории агрегати якуми НБО «Роғун», густариши муносибатҳои дӯстии кишварҳои ҳамҷавор, татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии Пешвои миллат Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» фаромушнашаванда маҳсуб меёбад.
Боварӣ дорем, ки дар соли нави мелодӣ ба хотири таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, густариши худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори меҳнатпарастӣ ҳарчи бештар заҳмат кашида, бо дарки рисолати олии ватандорӣ барои ободонии сарзамини муқаддасамон дастаҷамъона саъю кӯшиш менамоем.
Бо эҳтиром,
Раиси суди ноҳияи Исмоили
Сомонии шаҳри Душанбе, Сангинзода Ғайрат