ТАБРИКОТУ ТАҲНИЯТИ И.В. РАИСИ СУДИ НОҲИЯ БА КОРМАНДОНИ СУД, КИ ДАР ОЗМУН БАРОИ ИНТИХОБИ КОРОМӮЗ-СУДЯ МУВАФФАҚ ГАРДИДАНД
Имрӯз и.в. раиси Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ Кабирзода Сарфароз Мизроб дар ҳошияи муваффақиятҳои Суди ноҳия, ки 4 нафар кормандони Суд Мартабшозода Фаридун, Каримзода Рӯзафзун, Исмоилзода Зиёратшо ва Султонзода Шаҳло дар озмун барои интихоби коромӯз-судя муваффақ гардида, минбаъд ҳамчун дастпарварони ин Суд муаррифӣ мегарданд, эшонро табрику таҳният гуфта, ба онҳо барои мушарраф гардиданашон ба ин гуна масъулияти пуршараф барору комёбиҳои беназир таманно карданд. Дар ин раванд аз ҷониби и.в. раиси Суди ноҳия Кабирзода С.М. барои онҳо маслиҳатҳои муфиду самарабахш, ки фаъолияти минбаъдаашон аз он вобастагии зич дорад, дода шуда, ин кормандон бо туҳфаҳои хотирмони Суди ноҳия, ки тӯли солҳо дар сохтори он фаъолият кардаанд, қадрдонӣ гардиданд.
Ҳамзамон муовини раиси Суди ноҳия Нурализода С.М., судяҳо Одиназода М.Ҷ., Шарофзода Б.Қ., Ҳамидзода М.М., Исмонзода И. ва Искандарзода М.З. нисбати кормандон барои ин музаффарияти гаронмояашон бо самимияти зиёд изҳори табрикотӣ карда, дар фаъолияти кориашон дастовардҳои нек арзёбӣ намуданд.
Дар охир, кормандони муваффақ Мартабшозода Фаридун, Каримзода Рӯзафзун, Исмоилзода Зиёратшо ва Султонзода Шаҳло нисбати роҳбарияти Суди ноҳия арзи сипос намуда, худро ҳамчун дастпарварони ин Суд эътироф карда, изҳор доштанд, ки дар оянда ҳамчун судяҳои бовиҷдону пуршараф ба халқу Ватан хизмати шоиста менамоянд.