Ҳукми суд нисбати Азизов Хуршед Абдунаимович барои содир намудани авбошӣ
Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар ҳайати раисикунанда, судя Сангинзода Ғайрат дар маҷлиси ошкорои судӣ дар бинои суд санаи 24 апрели соли ҷорӣ парвандаи ҷиноятиро нисбати Азизов Хуршед Абдунаимович, 01 марти соли 1996 санаи таваллудаш, миллаташ тоҷик, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳсилоташ миёнаи махсус, ихтисос ронанда, ҷои кор надорад, муҷаррад, қаблан суд нашудааст, зода ва сокини шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Зарафшон 2 мавриди баррасӣ қарор дод.
Аз ҷониби мақомоти тафтишоти пешакӣ нисбати Азизов Хуршед Абдунаимович дар содир намудани ҷиноят бо моддаи 237 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (барои авбошӣ, яъне дағалона вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ, ки дар беҳурматӣ нисбат ба ҷамъият зоҳир мегардад ва бо зӯроварӣ ба шаҳрвандон алоқаманд аст) чунин айб эълон кардааст:
Азизов Хуршед Абдунаимович ва рафиқонаш шаби 01 марти соли 2019 ба маркази дилхушии «Галакси», воқеъ дар шаҳри Душанбе, ноҳияи Исмоили Сомонӣ, кӯчаи С. Носиров омадаанд. Худи ҳамон рӯз соатҳои 05.30 дақиқаи пагоҳӣ ба ӯ дӯстдоштааш Соҳибназарова Малика Имомназаровна телефонӣ занг задааст ва хабар додааст, ки ӯ ҳам дар кӯча мебошад ва барои сайругашт баромадааст. Азизов Х.А. ҷавобан ба ин хабар, ки дӯстдоштааш бе иҷозати ӯ ба кӯча баромадааст дар ғазаб омада охиронро фармудааст, ки ба наздаш ба маркази дилхушии «Галакси» ҳозир шавад. Муддате Соҳибназарова М.И. он ҷо ҳозир мешавад, Азизов Хуршед Абдунаимович ӯро дар ҷои ҷамъиятӣ, яъне дар назди маркази дилшухӣ, ки дар маркази шаҳри Душанбе ҷой гирифтааст, дар кӯча, дар назди роҳгузарон аз ҳиссиёти авбошӣ, бо дағалона вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ ва зоҳир намудани беҳурматӣ нисбати атрофиён, даҳонӣ бо овози баланд дашному ҳақоратҳои қабеҳ намуда, бо даст ва пояш мавриди лату кӯб қарор додааст. Азизов Х.А. ҷабрдидаро бо лату кӯб ба бағочи автомашинаи тамғаи «Тойота Камри» рақами қайди давлатиаш 0436 НН01, ки ба рафиқаш таалуқ дорад, маҷбуран бор карда, баъдан бо доду фиғони Соҳибназарова М.И. ӯро аз бағоч кашола намуда, ба нишастгоҳи қафои автомашина савор намудааст ва ҳамин тавр ҷои ҳодисаро тарк кардааст. Натиҷаи ҳаракатҳои авбошонаи Азизов Х.А, ки муддати наздик 10 дақиқа давом кардааст дар ҷои ҷамъиятӣ тартибот дағалона вайрон гардида, нисбат ба ҷамъият беҳурматӣ зоҳир карда шудааст ва нисбати ҷабрдида зӯроварӣ раво дида шудааст.
Судшаванда Азизов Хуршед Абдунаимович худро дар айби нисбаташ бо моддаи 237 қисми 1 Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон эълонкарда, пурра гунаҳгор шуморида, маҷбурӣ набудани эътирофи гуноҳашро тасдиқ карда, мутобиқи моддаи 310-и КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш намуд, ки баррасии парванда бо тартиби соддакардашудаи тафтиши судӣ анҷом дода шавад.
Айбдоркунандаи давлатӣ, ҳимоятгар ва ҷабрдида низ хоҳиш намуданд, ки парванда бо тартиби соддакардашудаи тафтиши судӣ баррасӣ карда шавад.
Ҷабрдида Соҳибназарова М.И. баён намуд, ки нисбати судшаванда даъво
надорад, дархост намуд, ки нисбати ӯ ҷазои ғайриҳабсӣ татбиқ карда шавад.
Кирдори судшаванда Азизов Хуршед Абдунаимович аз ҷониби суд бо моддаи 237 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон банду баст карда шуд.
Вақти интихоби намуд ва андозаи ҷазо суд принсипи фардикунондани ҷазоро ба асос гирифта, хусусияту дараҷаи хавфнокии ҷамъиятии ҷинояти содиршуда, сабабҳои содиршавии он, тарзи амал, ҳолатҳои сабуккунанда ва вазнинкунандаи ҷазо, шахсияти судшавандаро ба инобат гирифт.
Суд бо мақсади таъмини адолати иҷтимоӣ, пешгирии содиршавии ҷиноятҳои нав ва ислоҳи шахси ҷиноят содиркарда лозим донист судашванда Азизов Хуршед Абдунаимовичро бо моддаи 237 қисми 1-и Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, нисбаташ 8 (ҳашт) моҳ ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ, бо нигоҳ доштан дар колонияҳои ислоҳии дорои низомаш умумӣ, таъин кард.
Фаҳмонда дода шуд, ки нисбат ба ҳукм дар мӯҳлати 10 шабонарӯз, ба маҳкумшуда Азизов Х.А. бошад дар ҳамон муҳлат пас аз гирифтани нусхаи ҳукм, тавассути ҳамин суд ба коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии суди шаҳри Душанбе шикоят ва ё эътирози кассатсионӣ пешниҳод намудан мумкин аст.