Тағйиру иловаҳо

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИР БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАРТИБ ВА ШАРОИТИ ДАР ҲАБС НИГОҲ ДОШТАНИ ГУМОНБАРШУДА, АЙБДОРШАВАНДА ВА СУДШАВАНДА»

 

Моддаи 1. Дар сархати якуми қисми 2 моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда» аз 28 июни соли 2011 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2011, №6, мод. 433; с. 2013, №12, мод. 883; с. 2016, №3, мод. 135, №5, мод. 363;      с. 2020, №1, мод. 12) калимаҳои «ё иҷозатномаи пешбурди фаъолияти адвокатӣ» ба калимаҳои «ва шаҳодатномаи адвокатӣ» иваз карда шаванд.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                                      Эмомалӣ РАҲМОН

ш. Душанбе, 29 январи соли 2021, № 1758

 

 

Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда»

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор  мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда» қабул карда шавад.

 

Раиси Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                М. ЗОКИРЗОДА

ш. Душанбе, 16 декабри соли 2020, № 273

 

 

Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда»

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 59 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда»-ро баррасӣ намуда, қарор  мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда» ҷонибдорӣ карда шавад.

 

Раиси Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                Рустами ЭМОМАЛӢ

ш. Душанбе, 25 январи соли 2021, № 118

 

 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИСТЕҲСОЛОТИ ИҶРО»

 

Моддаи 1. Ба қисми 1 моддаи 97 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» аз 20 марти соли 2008 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2008, №3, мод.192; с.2010, №7, мод.543; с.2012, №7, мод.717; с.2019, №1, мод.9, №6, мод.315) пас аз калимаи «дорад» калимаҳои «ва хизмати ҳарбии ҳатмии мӯҳлатнокро (ба истиснои занон, инчунин мардоне, ки билети ҳарбӣ доранд, ба ғайр аз онҳое, ки хизмати ҳарбиро дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ адо кардаанд) адо карда бошад» илова карда шаванд.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад. Муқаррароти моддаи 1 Қонуни мазкур нисбат ба шаҳрвандоне, ки то мавриди амал қарор додани он корманди мақомоти иҷро мебошанд, татбиқ намегардад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                     Эмомалӣ РАҲМОН

ш. Душанбе, 29 январи соли 2021, № 1757

 

Қарори Маҷлиси  намояндагони  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон

Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро»

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси  намояндагони  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                       М. ЗОКИРЗОДА

ш. Душанбе, 20 январи соли 2021, № 312

 

Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро»

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 59 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» ҷонибдорӣ карда шавад.

 

Раиси  Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                Рустами ЭМОМАЛӢ

ш. Душанбе, 25 январи соли 2021, № 117

 

 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»

Моддаи 1. Ба қисмҳои 1 ва 2 моддаи 26 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 20 марти соли 2008 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, №3, мод. 193; с. 2009, №5, мод. 323; с. 2010, №3, мод. 154; с. 2011, №6, мод. 459; с. 2013,  №7, мод. 517; с. 2014,  №11, мод. 645; с. 2016, №3, мод. 137; с. 2017, №1-2, мод. 10, мод. 11, мод. 12, №5, қ. 1, мод. 298; с. 2020, №1,  мод. 10, мод. 11, мод. 12, №5, қ. 1, мод. 298) пас аз калимаҳои «забони давлатиро донад» калимаҳои «, хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнокро (ба истиснои занон, инчунин мардоне, ки билети ҳарбӣ доранд, ба ғайр аз онҳое, ки хизмати ҳарбиро дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ адо кардаанд) адо карда бошад» илова карда шаванд.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ  мавриди амал қарор дода шавад. Муқаррароти моддаи 1 Қонуни мазкур нисбат ба шаҳрвандоне, ки то мавриди амал қарор додани он корманди Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, татбиқ намегардад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                                      Эмомалӣ РАҲМОН

ш. Душанбе, 29 январи соли 2021, № 1756

 

 

Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                М. ЗОКИРЗОДА

ш. Душанбе, 20 январи соли 2021, № 310

 

 

Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 59 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.

 

Раиси Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                Рустами ЭМОМАЛӢ

ш. Душанбе,  25 январи соли 2021, № 116

 

 

 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА КОДЕКСИ МУРОФИАИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Моддаи 1. Ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июли соли 2013 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2013, №7, мод.502; с.2014, №3, мод.145, №7, қ.1, мод.391, №11, мод.644; с.2015, №3, мод.202, №7-9, мод.709, мод.710, мод.711, №11, мод.956,  №12, қ.1, мод.1109;  с.2016,  №3, мод.133,  №7, мод.615; с.2017, №5, қ.1, мод.276; с.2018, №1, мод.8, №5, мод.270, мод.271; с.2020, №1, мод.7, №7-9, мод.601, мод.605, мод.622; қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 декабри соли 2020, №1728, №1729), тағйироти зерин ворид карда шаванд:

  1. Дар қисми 1 моддаи 96 рақами «177» ба рақамҳои «173 — 179» иваз  карда шавад.
  2. Моддаи 103 хориҷ карда шавад.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти Ҷумҳурии

Тоҷикистон                                       Эмомалӣ РАҲМОН

ш. Душанбе, 29 январи соли 2021, № 1754

 

 

Қарори Маҷлиси  намояндагони  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон

Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

 

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси  намояндагони  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон қарор мекунад:

 

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.

 

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси

Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                М. ЗОКИРЗОДА

ш. Душанбе, 23 декабри соли 2020, № 279

 

 

Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 59 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:

 

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.

 

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси

Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон        Рустами ЭМОМАЛӢ

ш. Душанбе,  25 январи соли 2021, № 114

 

 

 

ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВА БА ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»

Моддаи 1. Ба қисми якуми моддаи 53 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 25 июли соли 2005 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2005, №7, мод.398; с.2006, №3, мод.141; с.2007, №5, мод.350, №7, мод.652; с.2008, №12, қ.1, мод.981; с.2009, №5, мод.314; с.2011, №3, мод.150, №6, мод.428; с.2012, №8, мод.810; с.2013, №7, мод.497, мод.498, №12, мод.876; с.2014, №3, мод.139, №12, мод.820; с.2016, №3, мод.125; с.2017, №5, қ.1, мод.267; с.2019, №6, мод.308; Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 декабри соли 2020, №1725) пас аз калимаҳои «забони давлатиро донад,» калимаҳои «хизмати ҳарбии ҳатмии мӯҳлатнокро (ба истиснои занон, инчунин мардоне, ки билети ҳарбӣ доранд, ба ғайр аз онҳое, ки хизмати ҳарбиро дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ адо кардаанд) адо карда бошад ва» илова карда шаванд.

Моддаи 2. Қонуни конститутсионии мазкур пас аз интишори расмӣ  мавриди амал қарор дода шавад. Муқаррароти моддаи 1 Қонуни конститутсионии мазкур нисбат ба шаҳрвандоне, ки то мавриди амал қарор додани он корманди мақомоти прокуратура мебошанд, татбиқ намегардад.

 

Президенти Ҷумҳурии

Тоҷикистон                                       Эмомалӣ РАҲМОН

ш. Душанбе, 29 январи соли 2021, № 1752

 

 

Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи қабул кардани Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни конститутсионии  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон»

 

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.

 

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                           М. ЗОКИРЗОДА

ш. Душанбе, 20 январи соли 2021, № 306

 

 

Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон»

 

Мутобиқи моддаи 61 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 60 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуда, қарор   мекунад:

 

Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.

 

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон                  Рустами ЭМОМАЛӢ

ш. Душанбе,  25 январи соли 2021, № 112

 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ МУРОФИАВИИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 1. Ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2009 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2009, №12, мод. 815, мод. 816; с. 2010, №7, мод. 551; с. 2011, №3, мод. 159, №7-8, мод. 609; с. 2012, №4, мод. 259, №7, мод. 714, №8, мод. 815, №12, қ. 1, мод. 1020, мод. 1025; с. 2013, №7, мод. 510, мод. 511; с. 2014, №3, мод. 142, №11, мод. 643; с. 2015, №11, мод. 950; с. 2016, №3, мод. 128, №5, мод. 357, №7, мод. 610, мод. 611; с. 2017, №1-2, мод. 4; с. 2018, №5, мод. 267; с. 2019, №1, мод. 3; с. 2020, №7-9, мод. 602, мод. 608), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

  1. Моддаи 7 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«Моддаи 7. Баамалбарории адолати судӣ

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон адолати судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ танҳо аз ҷониби суд ба амал бароварда мешавад.».

  1. Қисми 3 моддаи 13 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«3. Азназаргузаронӣ, кофтукови манзил ва дарёфт кардан бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур амалӣ карда мешаванд.».

  1. Ба қисми 1 моддаи 23 пас аз калимаи «амал» дар қавсайн калимаи «(беамалӣ)» илова карда шавад.
  2. Дар қисми 1 моддаи 28:

— калима ва рақами «ва 75» ба аломат, рақамҳо ва калимаи «, 75 ва 82» иваз карда шаванд;

— дар сархати чорум аломати нуқта ба аломати нуқтавергул «;» иваз ва сархати панҷум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«- татбиқи санади авф.».

  1. Сархати понздаҳуми қисми 1 моддаи 35 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«- дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасии судии парвандаи ҷиноятиро оид ба айбдоркунии хусусӣ оғоз намояд ё маводи онро барои оғози парвандаи ҷиноятӣ ва гузаронидани таҳқиқ ва ё тафтиши пешакӣ аз рӯи тобеияти тафтишӣ ба мақомоти дахлдор ирсол кунад;».

  1. Моддаи 352 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«Моддаи 352. Тартиби гирифтани иҷозати суд барои гузаронидани амали тафтишӣ

  1. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи сархатҳои шашум — чордаҳуми қисми 1 моддаи 35 Кодекси мазкур таҳқиқбаранда, муфаттиш бо розигии прокурор ба суд дар бораи гузаронидани амали тафтишӣ дархост пешниҳод менамоянд, ки дар ин бора қарор бароварда мешавад.
  2. Дархост дар бораи гузаронидани амали тафтиширо судя дар маҳалли пешбурди тафтиши пешакӣ ё гузаронидани амали тафтишӣ дар мӯҳлати на дертар аз 24 соат аз лаҳзаи гирифтани он танҳо баррасӣ менамояд.
  3. Дар маҷлиси суд таҳқиқбаранда, муфаттиш ва прокурор ҳуқуқи иштирок карданро доранд.
  4. Судя дархостро баррасӣ намуда, дар бораи иҷозат додан барои гузаронидани амали тафтишӣ ё рад кардани гузаронидани он бо нишон додани сабабҳои радкунӣ қарор мебарорад. Қарори суд ба мақомоти таъқиби ҷиноятӣ супорида мешавад.
  5. Бо гирифтани маълумоти хаттӣ дар хусуси бе иҷозати суд гузаронидани кофтуков ва дарёфт кардан судя маводи ба он алоқамандро талаб намуда, дар мӯҳлати дар қисми 2 ҳамин модда пешбинишуда қонунӣ будани қарорро дар бораи гузаронидани амали тафтишӣ месанҷад. Аз рӯи натиҷаҳои санҷиш судя дар бораи қонунӣ ва ё ғайриқонунӣ будани қарори мақомоти таъқиби ҷиноятӣ қарори асоснок бароварда, нусхаи онро ба прокурор ва мақомоти таъқиби ҷиноятӣ ирсол менамояд.
  6. Аз болои қарори суд (судя) дар бораи додани иҷозат барои гузаронидани амали тафтишӣ ё дар бораи рад кардани гузаронидани он ба суди болоӣ ба тариқи кассатсионӣ дар мӯҳлати се шабонарӯз шикоят ва ё эътироз овардан мумкин аст. Судяе, ки дархости мақомоти таъқиби ҷиноятӣ ё маълумотномаи хаттии онро дар бораи гузаронидани амали тафтишӣ баррасӣ кардааст, вазифадор аст дар давоми ду шабонарӯз аз лаҳзаи ворид шудани эътироз ё шикоят маводро ба суди марҳилаи кассатсионӣ ирсол намояд.
  7. Суди марҳилаи кассатсионӣ оид ба шикоят ё эътироз дар давоми на дертар аз се шабонарӯз аз лаҳзаи ба суд ворид шудани мавод қарор қабул мекунад.
  8. Агар судя ё суди марҳилаи кассатсионӣ қарор дар бораи гузаронидани амали тафтишӣ ва протоколи амали тафтиширо ғайриқонунӣ эътироф кунанд, тамоми далелҳои дар рафти чунин амали тафтишӣ бадастовардашуда мувофиқи талаботи моддаи 881 Кодекси мазкур ғайри қобили қабул ҳисобида мешаванд.».
  9. Ба қисми 4 моддаи 46 сархати дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«- бо қарор дар бораи оғози парвандаи ҷиноятӣ шинос шавад;».

  1. Дар қисми 2 моддаи 47 калимаҳои «эътибори қонунӣ пайдо кардааст» ба калимаҳои «бароварда шудааст» иваз карда шаванд.
  2. Ба қисми 2 моддаи 49 ҷумлаи дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«Ҳимоятгар ба баррасии парвандаи ҷиноятӣ ва ҷойҳои дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда ва маҳкумшуда бо пешниҳоди ордер ва шаҳодатномаи адвокатӣ роҳ дода мешавад.».

  1. Дар моддаи 53:

— сархати якуми қисми 2 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«- донад, ки шахсе, ки ӯ манфиатҳояшро ҳимоя мекунад, барои чӣ гумонбар ё айбдор карда мешавад, бо қарор дар бораи оғози парвандаи ҷиноятӣ ва ё дар бораи ба ҷавобгарӣ кашидан ба сифати айбдоршаванда шинос шавад;»;

— дар қисми 3 калимаҳои «ба додани саволҳои раҳнамункунанда эътироз кунанд» ба калимаҳои «додани саволҳои раҳнамункунандаро рад кунанд» иваз карда шаванд.

  1. Моддаи 771 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«Моддаи 771. Хулоса ва нишондоди мутахассис

  1. Агар ҳангоми пешбурди амалҳои тафтишӣ ва муҳокимаи судии парвандаи ҷиноятӣ ба дониш ва таҷрибаи махсус зарурат пайдо шавад, мутахассис ҷалб карда мешавад.
  2. Хулосаи мутахассис оид ба мусоидат дар ошкор ё дарёфт кардани далел ва асоснок кардани он, инчунин татбиқи воситаҳои техникӣ дар протоколи амали тафтишӣ, ки бо иштироки ӯ гузаронида шудааст, нишон дода мешавад. Хулосаи хаттии мутахассисе, ки дар амалҳои тафтишӣ ва муҳокимаи судӣ иштирок кардааст, ба протоколи амали тафтишӣ ва судӣ замима мешавад.
  3. Мутахассис оид ба ҳолатҳое, ки аз хулосаи ӯ бармеоянд, метавонад пурсида шавад.».
  4. Ба моддаи 91 қисми 4 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«4. Дар китоби бақайдгирии овардани дастгиршуда сана ва вақти овардани дастгиршуда ба мақомоти таъқиби ҷиноятӣ ва даъват кардани ҳимоятгар нишон дода мешаванд.».

  1. Дар сархати чоруми қисми 2 моддаи 101, ном ва матни моддаи 108 калимаҳои «парасторӣ», «парастории» ва «парасториашон» мувофиқан ба калимаҳои «назорат», «назорати» ва «назораташон» иваз карда шаванд.
  2. Дар моддаи 109:

— ҷумлаи дуюми қисми 1 хориҷ карда шавад;

— қисми 2 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«2. Таҳқиқбаранда ва муфаттиш гаравро бо розигии прокурор татбиқ мекунанд. Маблағи гаравро мақомоти пешбурди мурофиаи ҷиноятӣ ва судӣ вобаста ба вазнинии ҷиноят, шахсияти гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда ва вазъи молумулкии гаравгузор муқаррар менамоянд, ки он аз сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо нисбати ҷиноятҳои начандон вазнин, аз нӯҳсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо нисбати ҷиноятҳои дараҷаи миёна ва аз ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо нисбати ҷиноятҳои вазнин кам буда наметавонад.».

  1. Дар моддаи 111:

— ба қисми 2 ҷумлаи панҷум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«Гумонбаршуда, айбдоршаванда ва ҳимоятгар бояд бо дархос-ти мақомоти таъқиби ҷиноятӣ ва маводе, ки асоснокии дархостро тасдиқ менамоянд, то ба суд ирсол намудани он  шинос  карда шаванд.»;

— қисми 4 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«Маҷлиси суд бо тартиби пешбининамудаи моддаи 276 Кодекси мазкур, бо назардошти талаботи моддаҳои 273, 277, 278, 279, 281, 290, 293, 299, 301 ва 306 Кодекси мазкур гузаронида мешавад. Ҳамзамон, шахси дархостпешниҳоднамуда ё прокурор дархостро асоснок мекунад, сипас мавқеи тарафи ҳимоя оид ба моҳияти дархост муайян карда мешавад. Ҳангоми баррасии дархости мақомоти таъқиби ҷиноятӣ, суд бо таҳқиқи мавод вобаста ба қонунӣ будани дастгиркунӣ ва мувофиқи мақсад будан ё набудани татбиқи чораи пешгирӣ, бо назардошти талаботи дар моддаи 102 Кодекси мазкур нишондодашуда маҳдуд мегардад. Иштирокчиёни маҷлиси суд ҳуқуқ доранд аз лаҳзаи эълони қарори суд дар муддати як шабонарӯз бо протоколи маҷлиси суд шинос шаванд ва ба он дар ҳамин мӯҳлат эрод пешниҳод намоянд. Дар бораи шинос шудан дар протоколи маҷлиси суд шахсони шиносшуда имзо мегузоранд.».

  1. Дар қисми 6 моддаи 112 калимаи «муайяншудаи» ба калимаи «ниҳоии» иваз карда шавад.
  2. Дар қисми 2 моддаи 114 калимаҳо ва рақамҳои «қисмҳои 2-10 моддаи 111» ба калима ва рақами «моддаи 352» иваз карда шаванд.
  3. Ба қисми 3 моддаи 116 пас аз калимаи «моддаҳои» рақам ва аломати «352,» илова карда шаванд.
  4. Номи боби 14 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

 

«БОБИ 14. ШИКОЯТ ОВАРДАН АЗ АМАЛ (БЕАМАЛӢ) ВА ҚАРОРҲОИ ТАҲҚИҚБАРАНДА, МУФАТТИШ, РОҲБАРИ МАҚОМОТИ ТАФТИШОТ, ПРОКУРОР, СУД, СУДЯ ДАР МУРОФИАИ СУДИИ ҶИНОЯТӢ».

  1. Қисми 1 моддаи 119 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«1. Иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ, инчунин шахсони дигаре, ки манфиати онҳо халалдор шудааст, метавонанд бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур аз амал (беамалӣ) ва қарорҳои таҳқиқбаранда, муфаттиш, роҳбари мақомоти тафтишот, прокурор, суд, судя шикоят оваранд.».

  1. Дар моддаи 124:

— ба қисми 1 пас аз калимаи «оғоз» аломат ва калимаи «, боздоштан» илова карда шаванд;

— қисми 3 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«3. Шикоят аз ҷониби судя дар давоми даҳ шабонарӯз аз лаҳзаи ворид шудани он бо огоҳ намудани шикояткунанда, таҳқиқбаранда ё муфаттиш  ва прокурор аз вақти баррасӣ дида баромада мешавад. Ба маҷлиси суд ҳозир нашудани шикояткунанда, таҳқиқбаранда ё муфаттиш ва прокурор ба баррасии шикоят монеъ шуда наметавонад, вале судя метавонад ҳозир шудани онҳоро ҳатмӣ шуморад. Прокурор ба суд маводи бо шикоят алоқамандро пешниҳод менамояд. Дар оғози маҷлиси суд судя эълон мекунад, ки кадом шикоят баррасӣ мешавад, ба шахсони ба маҷлиси суд ҳозиршуда ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои онҳоро мефаҳмонад. Пас аз ин шикояткунанда, агар дар маҷлиси суд иштирок дошта бошад, шикояти худро асоснок мекунад,  сипас дигар шахсони ба маҷлиси суд ҳозиршуда ақидаҳои худро баён мекунанд. Ба шикояткунанда иҷозати бо луқмапартоӣ баромад кардан дода мешавад. Иштирокчиён ҳуқуқ доранд пас аз эълон кардани қарори суд, судя дар мӯҳлати як шабонарӯз бо протоколи маҷлиси суд шинос шаванд ва ба он дар ҳамин мӯҳлат эродҳо баён намоянд. Шинос шудан бо протокол бо имзои шахсони шиносшуда дар худи протоколи маҷлиси суд тасдиқ карда мешавад.»;

— дар қисми 4 калимаи «бенатиҷа гузоштан» ба калимаи «беқаноат мондан» иваз ва пас аз калимаи «оғоз» аломат ва калимаи «, боздоштан» илова карда шаванд.

  1. Дар сархати шашуми  қисми 1 моддаи 138, қисми 5 моддаи 230, сархати дуюми қисми 2 моддаи 231, ном, қисмҳои 1, 2 ва 3 моддаи 232, қисми 3 моддаи 265 ва қисми 3 моддаи 286 калимаҳои «кофтукови», «Кофтукови», «кофтуковро», «кофтуковбуда» ва «кофтуков» мувофиқан ба калимаҳои «ҷустуҷӯи», «Ҷустуҷӯи», «ҷустуҷӯро», «ҷустуҷӯ қарордошта» ва «ҷустуҷӯ» иваз карда шаванд.
  2. Дар қисми 5 моддаи 145 калимаи «нишондоди» ба калимаи «баёноти» иваз карда шавад.
  3. Ҷумлаи дуюми қисми 2 моддаи 146 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«Нусхаи қарор дар бораи оғози парвандаи ҷиноятӣ фавран ба прокурор фиристода шуда, шахсе, ки нисбат ӯ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст, бо он шинос карда шуда, ба аризадиҳанда хабар дода мешавад.».

  1. Дар қисми 4 моддаи 195  ва қисми 1 моддаи 196 калима ва рақами «моддаи 192» ба калимаҳо ва рақамҳои «моддаҳои 352 ва 192» иваз карда шаванд.
  2. Ба ном ва қисми 1 моддаи 210 пас аз калимаи «ҷабрдида» аломат ва калимаҳои «, инчунин шоҳиди таҳти экспертиза қароргирифта» илова карда шаванд.
  3. Матни моддаи 270 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«Судя баъди таъини маҷлиси суд ба тарафҳо дар асоси дархости асоснокшудаи онҳо барои шиносоӣ бо ҳамаи маводи парвандаи ҷиноятӣ, аз ҷумла аз он рӯйнавис кардани маълумоти зарурӣ, шароит фароҳам меорад, ба нусхабардории ҳуҷҷатҳо бо истифодаи воситаҳои техникӣ иҷозат медиҳад, ба истиснои маълумоти дорои сирри давлатӣ, тиҷоратӣ ё сирри дигари бо қонун ҳифзшаванда.».

  1. Ба қисми 4 моддаи 403 ҷумлаи дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«Прокурори болоӣ ҳуқуқ дорад эътирози ба тариқи назоратӣ овардаи прокурори поёниро бозхонд намояд.».

  1. Аз қисми 4 моддаи 406 аломатҳо ва калимаҳои «, ки ба таври дахлдор тасдиқ карда шудаанд,» хориҷ карда шаванд.
  2. Ҷумлаи чоруми қисми 6 моддаи 410 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«Иштирокчиёни мурофиаи судӣ ҳуқуқ доранд пас аз маърӯзаи судя фикри худро вобаста ба шикояти назоратӣ баён намоянд.».

  1. Ба қисми 1 моддаи 453 пас аз рақам ва аломати «131,» калимаҳо, рақамҳо ва аломати «қисми 4 моддаи 195,» илова карда шаванд.

 

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти Ҷумҳурии

Тоҷикистон                                                      Эмомалӣ РАҲМОН

ш. Душанбе,  29 январи соли 2021, №  1755

 

 

Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон

«Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

 

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

 

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.

 

Раиси Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии

Тоҷикистон                                                      М. ЗОКИРЗОДА

ш. Душанбе, 16 декабри соли 2020, № 271

 

Қарори

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

 

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 59 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи                      Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:

 

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.

 

Раиси Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии

Тоҷикистон                                                      Рустами ЭМОМАЛӢ

ш. Душанбе,  25 январи соли 2021, № 115

 

 

 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ ХУДФАЪОЛИЯТИ ҶАМЪИЯТӢ»

 

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ» аз 5 январи соли 2008 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон с. 2008, № 1, қ. 2, мод. 12) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

  1. Аз матни моддаи 2 калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ карда шавад.
  2. Дар моддаи 3:

— дар қисми 2 калимаҳои «эҳтиёҷоти гурӯҳи аҳолӣ нигаронида шудааст, ки манфиати онҳо бо расидан ба мақсадҳои оинномавӣ ва татбиқи барномаҳои мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ алоқаманд аст» ба калимаҳои «эҳтиёҷоти иҷтимоии гурӯҳи аҳолӣ нигаронида шудааст, ки манфиатҳои он барои ноил гардидан ба мақсадҳои оинномавӣ ва татбиқи барномаҳои мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ, алоқаманданд» иваз карда шаванд;

— қисми 4 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«4. Мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ, ки дар ҳудуди шаҳрак ва деҳот ҷой гирифтааст, дар Ҷамоати шаҳрак ва деҳот аз қайди баҳисобгирӣ мегузарад ва дар ин хусус дар оинномаи он сабт карда мешавад. Дар ҳудуди маъмурие, ки шаҳрак ва деҳот надорад, қайди баҳисобгирӣ дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ гузаронида мешавад.»;

— дар қисми 5 калимаҳои «ҳисоби» ва «бошад» мувофиқан ба калимаҳои «суратҳисоби» ва «бошад ва дар бораи фаъолияти худ озодона ахбор паҳн намояд» иваз карда шаванд.

  1. Дар моддаи 7:

— ба сархати сеюм пас аз калимаи «маҳалла» калимаҳои «ва қатъ кардани ваколатҳои он» илова карда шаванд;

— сархати чорум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«- интихоби ҳайати Комиссияи назорати молиявӣ ва пеш аз муҳлат қатъ кардани ваколатҳои он»;

— дар сархати нуҳум калимаи «миқдори» ба калимаи «андозаи» иваз карда шавад.

  1. Дар моддаи 8:

— дар сархати шашум калимаҳои «оид ба нигоҳдорӣ, ободонӣ ва» ба калимаҳои «оид ба ҳифзи муҳити зист, нигоҳдорӣ, ободонӣ ва беҳдошти» иваз карда шаванд;

— ба сархати ҳафтум пас аз калимаи «нӯшокӣ» калимаҳои «,оби полезӣ» илова карда шаванд;

— дар сархати ёздаҳум калимаи «маросимҳои» ба калимаи «маросими» иваз карда шавад;

— дар сархати шонздаҳум калимаҳои «маросимҳои» ва «Дар бораи дин ва ташкилотҳои динӣ» мувофиқан ба калимаҳои «маросими» ва «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» иваз карда шаванд;

— дар сархати нуздаҳум калимаи «инкишофи» ба калимаи «рушди» иваз карда шавад.

  1. Дар моддаи 9:

— дар сархати дуюм калимаи «маросимҳо» ба калимаи «маросим» иваз карда шавад;

— дар сархати чорум калимаҳои «маҳфилу шабнишиниҳои ҳунарӣ» ба калимаҳои «маҳфилҳои ҳунарӣ, шабнишиниҳо» иваз карда шаванд;

— сархати ҳаштум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«- барои гузаронидани чорабиниҳо оид ба ташхису сироятнопазир кардани чорвою паранда, тадбирҳои карантинию фитосанитарӣ, корҳои санитарию эпидемиологӣ ва мониторинги экологӣ дар ҳудуди мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ мусоидат менамояд;».

  1. Матни моддаи 10 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«Комиссияи назорати молиявӣ санҷишҳои зеринро амалӣ менамояд:

— фаъолияти молиявии мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ;

— ихтиёрдорӣ ва истифодаи моликияти мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ барои иҷрои мақсадҳои оинномавӣ;

— иҷрои мақсадноки сметаи даромад ва хароҷоти мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ;

— хароҷоти маъмурии мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ.».

  1. Сархати сеюми моддаи 11 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«- тағйир ёфтани вазъи ҳуқуқии маъмурию ҳудудии мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ;».

  1. Дар сархати сеюми қисми 1 моддаи 18 калимаҳои «ҳисоби байнихудии» ба калимаи «ҳисоббаробаркунии» иваз карда шаванд.
  2. Моддаи 19 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«Моддаи 19. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.».

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон                                   Эмомалӣ  РАҲМОН

ш. Душанбе, 29 январи соли 2021, № 1770

Қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ»

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ» қабул карда шавад.

 

Раиси Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон            М. ЗОКИРЗОДА

ш. Душанбе, 25 ноябри соли 2020, № 255

 

 

Қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ»

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 59 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ»-ро баррасӣ намуда,  қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.

 

Раиси  Маҷлиси миллии Маҷлиси

Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                       Рустами ЭМОМАЛӢ

ш. Душанбе, 25 январи соли 2021,  № 130

 

 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН»

 

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» аз 9 декабри соли 2004 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2004, №12, қ.1, мод.699; с.2008, №10, мод.805, мод.817; с.2013, №12, мод.896; с.2015, №3, мод.215 с.2018, №1, мод.28) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

  1. Ба моддаи 1 сархати дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«- гурӯҳи номуайяни истеъмолкунандагон – доираи васеи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки муайян ва ба мурофиа ҷалб намудани онҳо ба сифати даъвогар, инчунин муҳокимаи масъалаҳои ҳуқуқу уҳдадории онҳо ҳангоми баррасии парвандаҳо имконнопазир мебошад;».

  1. Ба моддаи 3 сархатҳои сеюм, шашум ва ҳафтум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:

«- ба гирифтани чеки мол, чеки хазинадорӣ ва ё дигар ҳуҷҷати тасдиқкунандаи пардохти маблағи мол (кор, хизматрасонӣ);

— ба иваз намудани моли дорои сифати номатлуб;

— ба бартараф намудани нуқсон ва камбудии мол (кор, хизматрасонӣ);».

  1. Ба қисмҳои дуюм, сеюм ва панҷуми моддаи 6 пеш аз калимаи «иҷрокунанда» калимаи «истеҳсолкунанда,» илова карда шавад.
  2. Дар қисми шашуми моддаи 18 калимаи «истеҳсолкунанда» ба калимаҳои «фурӯшанда (истеҳсолкунанда)» иваз карда шуда, пас аз калимаи «фурӯшанда» калимаи «(истеҳсолкунанда)» илова карда шавад.
  3. Ба моддаи 22 пас аз калимаҳои «ба истеҳсолкунанда» калимаҳои «ва ё фурӯшанда» илова карда шаванд.
  4. Дар моддаи 38:

— ба қисми дуюм сархати сеюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«- ба мақомоти дахлдор маводро нисбат ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ оид ба маҷбурӣ ситонидани ҷаримаҳо пешниҳод менамояд;»;

— қисми сеюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«Мақоми зиддиинҳисорӣ ҳангоми ошкор намудани ҳолатҳои вайронкунии ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва халалдор гардидани манфиати гурӯҳи номуайяни истеъмолкунандагон, ба мақомоти ваколатдори соҳавӣ ва ё суд оид ба боздошт ё қатъ намудани фаъолияти истеҳсолкунандагон, иҷрокунандагон ё фурӯшандагони мол (кор ва хизматрасонӣ), инчунин соҳибкорони инфиродӣ барои дағалона  вайрон кардани ҳуқуқҳои бо қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқарраршудаи истеъмолкунандагон, ки боиси марг ё бемориҳои оммавӣ, заҳролудшавии одамон мегардад, муроҷиат менамояд.»;

— қисми панҷум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«Мақоми зиддиинҳисорӣ ҳангоми ошкор кардани далелҳои вайрон гардидани Қонуни мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар мавриди номуайян будани гурӯҳи истеъмолкунандагон дар бораи ба буҷети давлатӣ гузарондани даромаде, ки дар натиҷаи вайрон гардидани ҳуқуқи истеъмолкунанда ба даст омадааст, қарор қабул менамояд.».

  1. Дар қисми якуми моддаи 39 калимаҳои «мақомоти назорати санитарию эпидемиологӣ, мақомоти экспертиза ва сертификатсияи маҳсулоти фармасевтӣ ва молҳои таъиноти тиббӣ» ба калимаҳои «мақомоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, мақомоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ» иваз карда, калимаҳои «захираҳои табиӣ ва» хориҷ карда шаванд.
  2. Сархати ҳафтуми қисми дуюми моддаи 42 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«- дар бораи боздошти амал, бекор ё беэътибор донистани санадҳои мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ки хилофи санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи соҳаи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон мебошанд, ба мақомоти ваколатдор, прокуратура ё суд муроҷиат намоянд;».

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                           Эмомалӣ РАҲМОН

ш. Душанбе, 29 январи соли 2021, № 1769

 

Қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон»

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                  қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» қабул карда шавад.

 

Раиси Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон             М. ЗОКИРЗОДА

ш. Душанбе, 2 декабри соли 2020, № 264

 

Қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон»

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон,               моддаи 59 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи                      Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» ҷонибдорӣ карда шавад.

 

Раиси  Маҷлиси миллии Маҷлиси

Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                   Рустами ЭМОМАЛӢ

ш. Душанбе,  25 январи соли 2021, № 129

 

 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВА БА КОДЕКСИ ГУМРУКИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Моддаи 1. Ба қисми 1 моддаи 483 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2004 қабул карда шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2004, №12, қ.2, мод.703, мод.704; с.2006, №3, мод.159; с.2007, №7, мод.681; с.2008, №6, мод.459, №10, мод.818; с.2011, №3, мод.160, №6, мод.458; с.2012, №4, мод.250, №7, мод.695, мод.724, №8, мод.818, №12, қ.1, мод.1000; с.2013, №12, мод.879; с.2015, №3, мод.211; с.2016, №3, мод.151, №7, мод.625, №11, мод.882; с.2017, №5, қ.1, мод.278, мод.279; с.2018, №2, мод.68, №7-8, мод.528; с.2019, №4, мод.228, №6, мод.323; с.2020, №1, мод.24; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 декабри соли 2020, №1746), пас аз калимаҳои «забони давлатиро донад» калимаҳои «, хизмати ҳарбии ҳатмии мӯҳлатнокро (ба истиснои занон, инчунин мардоне, ки билети ҳарбӣ доранд, ба ғайр аз онҳое, ки хизмати ҳарбиро дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ адо кардаанд) адо карда бошад» илова карда шаванд.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ  мавриди амал қарор дода шавад. Муқаррароти моддаи 1 Қонуни мазкур нисбат ба шаҳрвандоне, ки то мавриди амал қарор додани он корманди мақомоти гумрук мебошанд, татбиқ намегардад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                                      Эмомалӣ РАҲМОН

ш. Душанбе, 29 январи соли 2021, № 1768

 

Қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси   намояндагони  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.

 

Раиси Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                М. ЗОКИРЗОДА

ш. Душанбе, 20 январи соли 2021, № 308

 

Қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон,моддаи 59 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад..

 

Раиси Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                Рустами ЭМОМАЛӢ

ш. Душанбе, 25 январи соли 2021, № 128

 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ МАВОДИ ДОРУВОРӢ ВА ФАЪОЛИЯТИ ФАРМАСЕВТӢ»

 

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ» аз 6 августи соли 2001 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2001, №7, мод. 499; с. 2003, №12, мод. 700; с. 2007, №5, мод. 375; с. 2008, №6, мод. 467; с. 2012, №7, мод. 711; с. 2018, №5, мод. 282) иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

  1. Ба моддаи 3 қисми панҷум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«Бақайдгирии давлатии содакардашудаи доруворӣ ва молҳои тиббӣ – бақайдгирии доруворӣ ва молҳои тиббии ҳангоми гузаронидани амалиётҳои ҳарбӣ, бавуҷудоии ҳолатҳои фавқулода, хуруҷи эпидемия ва дигар ҳолатҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур истифодашаванда, ки талабот ба ҳуҷҷатҳои пешниҳодшаванда сабук ва муҳлати баррасии онҳо кам карда мешавад.».

  1. Ба моддаи 20 қисми дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«Бақайдгирии давлатии содакардашудаи доруворӣ ва молҳои тиббӣ, ки барои истифода дар амалиётҳои ҳарбӣ, ҳолатҳои фавқулода, хуруҷи эпидемия, пешгирӣ ва табобати бемориҳои дар натиҷаи таъсири омилҳои номусоиди кимиёвӣ, биологӣ, радиатсионӣ дучоршуда пешбинӣ шудаанд, бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ анҷом дода мешавад.».

Моддаи 2.  Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                     Эмомалӣ РАҲМОН

ш. Душанбе, 29 январи соли 2021, № 1764

 

Қарори Маҷлиси  намояндагони

Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон

Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ»

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ» қабул карда шавад.

 

Раиси Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                       М. ЗОКИРЗОДА

ш. Душанбе, 2 декабри соли 2020, № 262

 

 

Қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ»

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 59 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ»-ро баррасӣ намуда,  қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.

 

Раиси  Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                Рустами ЭМОМАЛӢ

ш. Душанбе, 25 январи соли 2021, № 124

 

 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ БАҚАЙДГИРИИ ДАВЛАТИИ АСНОДИ ҲОЛАТИ ШАҲРВАНДӢ»

 

Моддаи 1. Ба моддаи 69 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» аз 29 апрели соли 2006 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2006, №4, мод. 201; с. 2008, №12, қ.2, мод. 1017; с. 2009, №3, мод. 89; с. 2011, №3, мод. 178, №6, мод. 444; с. 2015, №3, мод. 220, №11, мод. 961, мод. 962; с. 2016, №3, мод. 144, мод. 145; с. 2017, №7-9, мод. 574; с. 2019, №7, мод. 470; с. 2020, №7-9, мод. 612) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

— дар қисми 2 калимаҳои «се» ва «шаш моҳ» мувофиқан ба калимаҳои «як»  ва «понздаҳ рӯз»  иваз карда шаванд;

— ба қисми 3 ҷумлаи дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«Агар сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ки ба он бо сабаби иваз намудани насаб, ном ва (ё) номи падар бояд тағйирот дохил карда шавад, аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатҳои хориҷӣ берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб дода шуда бошад, давраи то дастрас шудани нусхаи ин сабт ба муҳлати дар қисми 2 моддаи мазкур нишондодашуда дохил карда намешавад.»;

— ба қисми 4 ҷумлаи панҷум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«Ҷавоби хаттӣ аз ҷониби шуъбаи корҳои дохилии ҷойи истиқомат бояд дар муддати на дертар аз 15 рӯз пешниҳод карда шавад.».

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                     Эмомалӣ РАҲМОН

ш. Душанбе, 29 январи соли 2021, № 1763

 

Қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ»

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                               М. ЗОКИРЗОДА

ш. Душанбе, 2 декабри соли 2020, № 260

 

Қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ»

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон,моддаи 59 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                Рустами ЭМОМАЛӢ

ш. Душанбе, 25 январи соли 2021, № 123

 

 

 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ЭКСПЕРТИЗАИ ИЛМӢ ВА ИЛМӢ-ТЕХНИКӢ»

 

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ» аз 12 январи соли 2010 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2010, №1, мод. 17) тағйироти зерин ворид карда шаванд:

  1. Аз матни моддаи 2 калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ карда шавад.
  2. Дар қисми 3 моддаи 8 калимаҳои «Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба калимаҳои «мақоми ваколатдори давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илм» иваз карда шаванд.

Моддаи 2.  Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                                      Эмомалӣ РАҲМОН

ш. Душанбе, 29 январи соли 2021, № 1767

Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ»

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ» қабул карда шавад.

 

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси

Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон    М. ЗОКИРЗОДА

ш. Душанбе, 23 декабри соли 2020, № 287

 

Қарори  Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон

«Дар бораи экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ»

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон,  моддаи 59 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ»-ро баррасӣ намуда,  қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.

 

Раиси  Маҷлиси миллии Маҷлиси

Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                        Рустами ЭМОМАЛӢ

ш. Душанбе, 25 январи соли 2021, № 127

 

 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАҲСИЛОТИ ИЛОВАГӢ»

 

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти иловагӣ» аз 16 апрели соли 2012 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2012, №4, мод.276) тағйироти зерин ворид карда шаванд:

  1. Аз матни моддаҳои 2, 4 ва 17 калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ карда шавад.
  2. Дар қисмҳои 2 ва 5 моддаи 13 калимаҳои «мақомоти ҷумҳуриявии давлатии идораи маориф» ба калимаҳои «мақоми ваколатдори давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илм» иваз карда шаванд.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон                                     Эмомалӣ РАҲМОН

ш. Душанбе, 29 январи соли 2021, № 1766

Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон

«Дар бораи таҳсилоти иловагӣ»

 

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти иловагӣ» қабул карда шавад.

 

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси

Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон      М. ЗОКИРЗОДА

ш. Душанбе, 23 декабри соли 2020, № 291

Қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон

«Дар бораи таҳсилоти иловагӣ»

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон,  моддаи 59 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти иловагӣ»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти иловагӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.

 

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси

Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                           Рустами ЭМОМАЛӢ

ш. Душанбе,   25 январи соли 2021, № 126

 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ЗАМИНСОЗӢ»

 

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи заминсозӣ» аз 5 январи соли 2008  (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, №1, қ. 2, мод. 21; с. 2016, №7, мод. 621) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

  1. Дар моддаи 1:

— дар сархати якум калимаҳои «манзараҳои табиат» ба калимаҳои «манзараҳои табиӣ» иваз карда шаванд;

— сархатҳои чорум ва ҳабдаҳум хориҷ карда шаванд;

— дар сархатҳои панҷум ва ҳаштум калимаи «қаламрави» ба калимаи «ҳудуди» иваз карда шавад;

— сархати ҳафтум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«- объектҳои заминсозӣ – ҳудуди воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ,  маҳалҳои аҳолинишин, ҳудуди заминистифодабарӣ, қитъаи замин ва қисмҳои онҳо»;

— дар сархати ёздаҳум калимаи «шудааст» ба калимаи «мешаванд» иваз карда шавад;

— аз сархати понздаҳум калимаи «(консерватсия)» хориҷ карда шавад;

— сархати шонздаҳум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«- барқарорсозии замин – маҷмӯи чорабиниҳое, ки барои барқарор кардани қабати ҳосилхези хок амалӣ карда мешаванд;».

  1. Дар сархати даҳуми моддаи 1, сархатҳои нуҳум ва даҳуми моддаи 3, сархати дуюми қисми якуми моддаи 5, қисми якуми моддаи 24 ва сархати сеюми қисми дуюми моддаи 30 калимаҳои «воҳидҳои марзиву маъмурӣ» ба калимаҳои «воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ» иваз карда шаванд.
  2. Аз матни моддаи 2 калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ карда шавад.
  3. Сархати дуюми моддаи 3 хориҷ карда шавад.
  4. Моддаи 4 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«Моддаи 4. Принсипҳои заминсозӣ

Заминсозӣ ба принсипҳои зерин асос меёбад:

— таъмини заминистифодабарии устувор;

— мувофиқати манфиатҳои иқтисодӣ ва ҳифзи муҳити зист;

— афзалият додан ба заминистифодабарии кишоварзӣ;

— самаранокии иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологии ташкили ҳудудҳо;

— муҳайё сохтани шароит барои шаклҳои гуногуни хоҷагидорӣ;

— таъмини яклухтии қитъаҳои замин ҳангоми ташкили заминистифодабарии нав;

— ошкорбаёнӣ дар гузаронидан ва ташвиқи чорабиниҳои заминсозӣ.».

  1. Дар моддаи 5:

— номи модда дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«Моддаи 5. Мақсад ва вазифаҳои заминсозӣ»;

— қисми якум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«Мақсади заминсозӣ аз таъмини истифодаи пурра, оқилона ва самараноки замин, фароҳам овардани шароити мусоиди экологӣ ва беҳдошти манзараҳои табиӣ иборат мебошад.».

  1. Дар моддаи 10 калимаи «хеш» ба калимаи «худ» иваз карда шавад.
  2. Дар моддаи 16:

— дар қисми якум калимаи «равона» ба калимаи «амалӣ» иваз карда шавад;

— дар қисми дуюм калимаи «мегирад» ба калимаи «мегиранд» иваз карда шавад.

  1. Дар қисми дуюми моддаи 18 калимаҳои «гузаронидани рекултиватсияи» ва «консерватсия,» мувофиқан ба калимаҳои «барқарорсозии» ва «боздоштан ва ё» иваз карда шаванд.
  2. Дар моддаи 19:

— дар қисми чорум қалимаи «қаламрави» ба калимаи «ҳудуди» иваз карда шавад;

— дар қисми панҷум калимаҳои «ҳудуди воҳидҳои алоҳидаи марзиву маъмурӣ ё» ба калимаҳои «воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва» иваз карда шаванд.

  1. Дар қисми дуюми моддаи 20 калимаи «геоботаникаи» ба калимаҳои «маълумоти геоботаникии» иваз карда шавад.
  2. Дар қисми дуюми моддаи 21 калимаҳои  «, дигар соҳаҳо пешбинӣ карда» ва «қаламравии» мувофиқан ва калимаҳои «ва соҳаҳои дигарро пешбинӣ намуда,» ва «ҳудудии» иваз карда шаванд.
  3. Дар моддаи 22:

— дар матни модда калимаи «амалҳои» ба калимаҳои «амалигардонии чораҳои» иваз карда шавад;

— сархати панҷум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«- вобаста ба масоҳат ва андозаи заминҳо шинондани ниҳолҳои муҳофизаткунанда ҷиҳати ҳифз аз бодлесшавӣ;»;

— дар сархати шашум калимаҳои «эрозияи обӣ» ба калимаи «шусташавӣ» иваз карда шаванд.

  1. Дар қисми дуюми моддаи 23 калимаҳои «мақомоти меъморӣ, заминсозӣ, назорати давлатӣ оид ба истифода ва ҳифзи табиат, дигар мақомоти шаҳрсозӣ» ба калимаҳои «мақоми ваколатдори давлатии  батанзимдарории муносибатҳои вобаста ба замин, мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ» иваз карда шаванд.
  2. Аз сархати якуми моддаи 25 калимаҳои «ҳангоми хурду калон кардани онҳо» хориҷ карда шаванд.
  3. Дар моддаи 28:

— дар қисми дуюм калимаҳои «манзараҳои табиат» ба калимаҳои «манзараҳои табиӣ» иваз карда шаванд;

— дар сархати дуюми қисми сеюм калимаҳои «эрозияи шамолӣ ва обӣ» ба калимаҳои «бодлесшавӣ ва шусташавӣ» иваз карда шаванд.

  1. Дар моддаи 30:

— дар қисми якум калимаҳои «аз онҳо» ба калимаҳои «дар заминаи онҳо» иваз карда шаванд;

— дар сархати шашуми қисми дуюм калимаҳои «рекултиватсияи» ва «эрозияи шамолӣ ва обӣ» мувофиқан ба калимаҳои «барқарорсозии» ва «бодлесшавӣ ва шусташавӣ» иваз карда шаванд.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                Эмомалӣ РАҲМОН

ш. Душанбе, 29 январи соли 2021, № 1760

 

Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи заминсозӣ»

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи заминсозӣ» қабул карда шавад.

 

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси

Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                    М. ЗОКИРЗОДА

ш. Душанбе, 16 декабри соли 2020, № 269

 

Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи заминсозӣ»

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 59 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи заминсозӣ»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи заминсозӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.

 

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси

Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                           Рустами ЭМОМАЛӢ

ш. Душанбе, 25 январи соли 2021, № 120

 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВА БА КОДЕКСИ ТАНДУРУСТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 1. Ба Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 майи соли 2017 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2017, №5, қ. 1, мод. 270) тағйиру иловаи зерин ворид карда шаванд:

  1. Дар қисми 1 моддаи 60 калимаҳои «мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаҳои тандурустӣ ва маориф» ба калимаҳои «мақоми ваколатдори давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илм» иваз карда шаванд.
  2. Ба моддаи 64 қисми 3 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«3. Фаъолияти илмӣ дар соҳаи тандурустӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илм бо ҷалби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ назорат карда мешавад.».

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                    Эмомалӣ РАҲМОН

ш. Душанбе, 29 январи соли 2021, № 1762

 

 

Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.

 

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси

Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                    М. ЗОКИРЗОДА

ш. Душанбе, 23 декабри соли 2020, № 285

 

Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 59 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи                      Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.

 

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси

Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                    Рустами ЭМОМАЛӢ

ш. Душанбе, 25 январи соли 2021, № 122

 

(тағйиру иловаҳои мазкур аз сомонаи расмии http://jumhuriyat.tj/ истифода шудааст)