Табрикот ба муносибати — Рӯзи Ваҳдати миллӣ — 27 июн

Ҳамдиёрони азиз!

Бо эътимоди комил ба ин фазилати мардуми соҳибмаърифату сарбаландамон, ҳамватанони азизро ба муносибати ҷашни бисту панҷ солагии Ваҳдати миллӣ табрик намуда, бароятон саломатии комил, умри дароз,  таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи Ватан, амният ва суботи ҷомеа, баланд бардоштани маърифатнокии ҷомеа, худшиносиву худогоҳӣ, аз даст надодани зиракии сиёсӣ саодати рӯзгор ва тамоми хушиҳои зиндагиро таманно менамоям.
27-уми июни соли 1997 барои мардуми тоҷик санаи таърихӣ мебошад. Имрӯз ин санаи башоратбахш дар тули 25 соли ҳастиаш дар қалбу тафаккур, хотираи миллионҳо одамони сайёраамон сайр мекунад ва ҳамчун ҷашни Ваҳдати миллии тоҷикистониён шинохта мешавад, рӯз, ин сол ва ин моҳ воқеъан дар тақдири халқамон лаҳзаи ҳастисоз буд, ҳаст ва хоҳад монд.
Ваҳдату осоиштагӣ асоси ҳамагуна муваффақиятҳост.
Маҳз пойдории осоиштагию ваҳдати мардуми тоҷик аст, ки имрӯз таваҷҷуҳи сайёҳон нисбат ба кишвари мо бештар гардидаву Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон ба хайси як мамлакати осоишта ва ру ба пешрафту дорои табиати афсункор пазируфта шудааст.
Сухани ваҳдатофарини Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шоистаи баён аст, ки мо мардуми тоҷик бояд ба қадри ин неъмати бебаҳо-Ваҳдати миллӣ бирасем ва онро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоем.

Бо арзи эҳтиром,
Раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, Сангинзода Ғайрат.