Табрикот ба муносибати Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон — 23 феврал.
Рӯзи Таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи навини давлатдории мо тоҷикон, дастоварди беназирест. Тӯли ин солҳо Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мактаби бузурги ҷасорату мардонагӣ мубадал гардида, ҳазорҳо ҷавонони содиқу вафодор, матиниродаву ҷасурро тарбия намудааст. Ин дастоварди беназири халқи тоҷик тавассути сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба амал омадааст, ки ин бори дигар аз тавоноӣ ва қудрати азалии мардуми тоҷик дарак медиҳад. Ҳимояи истиқлоли давлатӣ, тамомияти арзии мамлакат, якпорчагию ваҳдати миллӣ, ташаккули ҳисси ватанхоҳиву ватандӯстӣ ва ҳимояи давлат мақсад ва мароми мо ҷавонон бояд бошад.
Бо шукргузорӣ аз суботу оромӣ ва рушду шукуфоӣ, ки имрӯз дар ватани азизамон ҳукмфармост, бо ҷашни 30 – солагии Таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалан ҳамаи хизматчиёни ҳарби ва дар симои онҳо мардуми шарифи Тоҷикистонро бо ифтихори ин ҷашни пуршукӯҳ самимона табрик гуфта, саломативу сарбаландӣ ва саодати рӯзгорро таманно менамоям.
Бо арзи эҳтиром
Раиси суди ноҳияи
И.Сомонии ш.Душанбе
Сангинзода Ғ.