Аз ҷониби кормандони суд баргузории суҳбату вохуриҳо бо хонандагон дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 34 ва Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 10-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе

Санаи 12.05.2023 соати 10:00 аз ҷониби судяи суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Искандарзода М., котиби суд Давлатзода Ҷ, ҳамзамон Худоёрзода Мусо мутахассиси пешбари раёсати ҳифзи ҳуқуқи кӯдак ва Фирузи Султонзода муовини сардори раёсати ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хонандагон дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 34-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ва Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 10-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, суҳбату вохуриҳо оид ба амалигардонии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон ва Стратегияи муқовимат ба экстримизм ва тероризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ҳамзамон фаҳмондадиҳи оиди пешгири аз иштирок накардан бе сабабҳои узурнок ба дарсҳо, вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ, пешгири аз содир намудани ҳуқуқвайронкуниҳо аз тарафи ноболиғон, пешгири аз рафтан ба интернеткафеҳо ва машғул шудан ба бозиҳои компютери, ҳамзамон фаҳмондадиҳи оиди хондани дарсҳо бо баҳои хубу аъло ва доштани мавқеи худ дар ҷомеаи имруза.