ВАТАНДӮСТӢ – ОМИЛИ МУҲИММИ ҲИФЗИ МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ ВА ТАҲКИМИ ҲУВВИЯТИ МИЛЛӢ

 

Мо бояд Ватани худро сидқан ва баробари ҷони хеш дӯст дорем, ватандӯсту меҳанпарасти воқеӣ бошем, шукронаи неъмати бузургтарин ва муқаддаси инсонӣ, яъне соҳибватанӣ ва озодиро ба ҷо орем, барои ҳимояи сарзамини аҷдодӣ ҳамеша омода бошем, ба хотири пешрафту ободии давлати соҳибистиқлоламон ва рӯзгори осудаву ороми ҳар як хонадони кишвари азизамон шабу рӯз заҳмат кашем.

Эмомалӣ Раҳмон

Тарбияи ватандӯстӣ, садоқат ба давлату миллати худ ва ҳисси хештаншиносӣ барои аҳли ҷомеа арзишҳои калидӣ ба ҳисоб меравад. Маҳз тарбияи ватандӯстӣ, ягонагӣ ва дарки муттаҳидии миллӣ омилҳои асосӣ буданд, ки дар кишвари мо сулҳу ваҳдати миллӣ ва суботи сиёсӣ ҳукумфармо гардид ва ин яке аз дастовардҳои бузурги сиёсии таърихи навини Тоҷикистон мебошад.

Тарбияи ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ омили муҳимми рушди давлатдории миллӣ буда, дар натиҷаи он ҷавонон миллату давлат ва сарзамини аҷдодии худро дӯст дошта, ҳимоя аз фарҳангу таърихи гузаштаи худ намуда, баҳри инкишофи он содиқона меҳнат мекунанд ва дар якҷоягӣ баҳри пойдории сулҳу ваҳдат, ягонагӣ, дӯстиву рафоқат миёни ҳамдигар умр ба сар мебаранд.

Ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва садоқат ба Ватан ибораҳое мебошанд, ки дарки маънии он барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон вазифаи ҷонӣ ба ҳисоб меравад.

Имрӯз ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва садоқат ба Ватан яке аз пояҳои муҳимми давлату давлатдорӣ мебошад. Миллате, ки худро нашиносад, ба арзишҳои миллии худ эҳтиром надошта бошад, он миллат соҳибдавлат буда наметавонад. Аз ин рӯ, тарғиби ҳамешагии ин мафҳумҳо барои насли ҷавони кишвар хеле зарур ва аҳамиятнок мебошад.

Дар ҳақиқат, ҳар як инсони оқил бояд ифтихор намояд, ки дар тӯли солҳои соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чӣ қадар дигаргуниҳои куллӣ дар бобати ба эътидол овардани вазъи сиёсию иқтисодии мамлакат, дарёфт намудани роҳи рушди босуботи иқтисодию иҷтимоии кишвар ва дар ин асос баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ба амал омадааст. Ҳарчанд ки роҳи тайнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷодаи ваҳдату якпорчагӣ ҳамвору яксон набуд, вале миллати сарбаланди тоҷик ба хотири таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, ҳифзи марзу буми аҷдодӣ, сарҷамъии миллат, густариши фазои сулҳу оромӣ ва тақвияти худшиносии миллӣ саъю талошҳои бесобиқа анҷом доданд. Ҳар як фарди бонангу номус ва худогоҳи ҷомеа бояд ҳамеша дар хотир дошта бошад, ки танҳо истиқлолияту озодӣ омили муҳимтарини пойдории давлат ва бақои миллат мебошад. Вазифаи ҳамаи мост, ки ба хотири ҳифзу тақвияти ин муқаддасоти миллӣ пайгирона кӯшиш намоем.

Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, ҳамзамон, барномаҳои давлатӣ, ки дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои муззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯйи кор омадаанд амалӣ саривақтӣ буда, барои тақвияти масъулияти мақомоти давлатию ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон, ҷиҳати дар тафаккури онҳо эҷод намудани дарки бошуурона ва ҳисси баланди садоқат ба Ватан, хизмати фидокоронаю беғаразона ба халқу Ватан, муҳаббат ба кишвари маҳбубамон, ташаккули фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон, фароҳам овардани шароит барои тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, ифтихор аз дастовард ва анъанаҳои ниёгонамон мебошад.

Дар шароити таҳдидҳои замони муосир ташаккули ҳисси ватандӯстии ҷавонон, донишу маҳорат ва андешаи миллии онҳо аз омӯзиши илмҳои таърих, забону адабиёт, фалсафа, дин, ахлоқ ва ғайра сарчашма мегирад. Тавре Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд: “Ҷавҳари худшиносии миллӣ аз дӯст доштани Ватан, модар, забон, таърих ва арзишҳои таърихиву фарҳангӣ сарчашма гирифта, ба ташаккули шахсиятҳои дорои ҷаҳонбинии солиму пешрафта боис мегардад”.

Фароҳам овардани шароити мусоиду замонавии таълиму тарбия, ба камол расонидани насли худшиносу равшанзамир, соҳибмаърифат ва огоҳ аз дастовардҳои миллӣ ва умумибашарӣ, ба ҳаёти мустақилона ва зиндагии шоиста сафарбар намудани ҷавонон баҳри имрӯзу фардои Ватани азизамон аз тадбирҳоест, ки ба иҷрои вазифаҳои пешгузоштаи давлату Ҳукумати кишвар мусоидат мекунанд.

Ҳамин тариқ, дар раванди босуръати ҷаҳонишавӣ, худшиносии миллӣ ва ифтихори ватандӯстӣ яке аз рукнҳои муҳимми фаъолияти ҷомеаи мутамаддин ва таълиму тарбияи насли наврас маҳсуб меёбад. Зеро комёбиҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии ҳар як давлату миллат аз сатҳи маърифати аҳли ҷомеа, мутахассисони соҳибкасби соҳаҳои гуногун ва фаъолияти бонизоми мақомоти давлатӣ вобастагии амиқ дорад.

Ифтихори ватандӯстӣ аз донистани таърихи миллат сарчашма мегирад. Вобаста ба масъалаи мазкур Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин қайд намудаанд: “Дар саҳифаҳои таърихи миллати тоҷик садҳо ошӯбҳои хурду бузург сабт шудаанд, ки аксарашон ҳадафи пуштибонии арзишҳои миллӣ ва решакан намудани зулму истибдоди аҷнабиёнро доштанд”.

Бо назардошти андешаҳои баёнгардида, дар шароити рушди давлатдории муосир моро зарур аст, ки омилҳои ваҳдатофарӣ ва таҳкимбахши худшиносию ифтихори ватандориро дар равону ниҳоди ҳар як шаҳрванди кишвар талқин карда, рушди устувори кишвар ва таҳкими давлату давлатдориро дар шароити вазъи муракаби геопалитикии ҷаҳони муосир таъмин намуда, дар ин замина имиҷ ва мақому манзалати Тоҷикистони азизро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ баланд бардорем.

 

Раиси Суди ноҳияи Исмоили

Сомонии шаҳри Душанбе

Кабирзода Сарфароз Мизроб