ҶАМЪОМАДИ КОРМАНДОН БАХШИДА БА РӮЗИ МАҚОМОТИ СУДӢ

Санаи 25.10.2024 сол дар Суди ноҳия бахшида ба рӯзи мақомоти судӣ чорабиниӣ баргузор гардид, ки дар кори он роҳбарият ва ҳамаи кормандон ширкат доштанд.

Дар чорбании мазкур Раиси Суд ҳамаи кормандонро бо ин рӯзи касбиашон табрик намуда, таъкид доштанд, ки мақомоти судӣ дар кишвар яке аз ниҳодҳои муҳиму калидӣ баҳри таъмини ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлату ҷомеа буда, фаъолияти мустақил дорад.

Аз ин рӯ ҳамаи кормандони мақомоти судиро зарур аст, ки ҷиҳати татбиқи саривақтиву дурусти меъёрҳои қонунгузорӣ саҳми арзандаи хешро дошта бошанд ва ба халқу миллати хеш бо дасту дили нияти пок хизмат намоянд.

Дубора дар охир Раиси Суд ҳамаи кормандони мақомоти судии мамлакатро табрику таҳният намуда,  ба кормандони Суди ноҳия барои фаъолияти пурсамарашон ибрози миннатдорӣ намуда, барои иҷрои вазифавии минбаъдаашон бурдбориву пешравӣ таманно намуданд.