МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ ВА РУШДИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

“Дар раванди бунёди ҷомеаи пешрафта ва адолатпарвар масъалаи ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон нақши калидӣ дорад”.

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми худ соли 2024-ро «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намуданд, ки ин барои тамоми ҳуқуқшиносон нишонаи хушҳолӣ буда, масъулиятро дар самти рушду инкишофи донишҳои ҳуқуқӣ миёни аҳолӣ ва дигар ниҳодҳо афзун менамояд. Мавзуи мазкур ҳанӯз аз аҳди қадим то ба имрӯз дар маркази таваҷҷуҳи донишмандони соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷамъиятӣ қарор гирифта, имрӯз мубрамияти он бештар аз ҳар вақти дигар мазмуни навро касб намудааст. Дарвоқеъ, маърифати ҳуқуқӣ аз андешаи он васеътар буда, ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеаро фаро мегирад.

Барои бунёди давлати созибихтиёру демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ зарур аст, ки шахсони мансабдори давлатӣ, хизматчиёни давлатӣ ва ҷомеаи мадании кишвар дорои донишҳои баланди ҳуқуқӣ бошанд. Зеро, ба ин васила эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, арзишҳои миллӣ, таъмини қонуният ва тартиботи ҷамъиятӣ,  ба маротиб зиёд мегардад. Ҷомеае, ки дорои маърифати ҳуқуқии баланд мебошад, ба қонуншиканӣ даст намезанад. Баръакс пайваста барои эътироф, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд,  тартиботи ҷамъиятӣ,  волоияти ҳуқуқ ва адолату таҳкими қонуният кӯшиш менамояд. Таъмини волоияти қонун ва риояи ҳатмии ҳуқуқу уҳдадориҳои шаҳрвандон омили асосии пойдории тартиботи ҷамъиятӣ, сулҳу субот ва оромию осоиши ҷомеаи маданӣ мебошад. Бинобар ин, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ дар замони муосир аз аҳамияти бузург бархурдор буда, ба ташаккули дониш ва шуури ҳуқуқӣ ва камолоти фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ замина мегузорад.  Дар баробари ин бояд гуфт, ки таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, риояи принсипҳои демократӣ, қонуният, баробарӣ ва танзими самараноки муносибатҳои ҷамъиятӣ тавассути санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бе мавҷудияти маърифати ҳуқуқӣ, тарбияи ҳуқуқӣ, фарҳанги ҳуқуқӣ ва шуурнокии ҳуқуқии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаҳмондани мазмуну муҳтавои ҳуқуқу озодиҳо ва вазифаҳои қонунии шаҳрвандон ғайриимкон аст.

Дар шароити муосир масъалаи баланд бардоштани донишҳои ҳуқуқӣ ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳаммияти хело муҳим пайдо намудааст. Аз ин рӯ, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хусус олимону донишмандон барои рушди “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ва дар маҷмуъ баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ бояд саҳми бориз гузоранд. Зеро, танҳо тавассути баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва ё донишҳои ҳуқуқӣ тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ рушду густариш меёбад.

Судяи Суди ноҳияи Исмоили

Сомонии шаҳри Душанбе

Ҳамидзода М. М.