ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – АБАРМАРД ВА ШАХСИЯТИ ТАЪРИХӢ
Мусаллам аст, хар давру замон қаҳрамони сиёсии худро дар манотиқи ҷаҳон, хоҳ давлати бузург, хоҳ давлати хурд, баҳри суботу осоиштагӣ ва таъмини сулҳ эҳёи анъана ва суннатҳои ниёгон, худшиносиву худогохии мардум талаб менамояд. Дар ташаккулу такомули ин раванд дар ҳар гушаву канори олам, аз ҳар қавму миллат сиёсатмадорони далеру шуҷоъ ва накӯе дурахшидаанд ва аз худ нуру сафоеро ҷиҳати барқарор кардани сулҳ дар минтақа ва ҷаҳон баҳри барқарор кардани ҳокимияти сиёсӣ ба оламиён нурафшони намудаанд. Аз сарчашмаҳои таърихӣ маълум аст, ки дар сарзамини тоҷикон сулолаҳои зиёде сари ҳокимият омадаю мудате чанд ҳукумронӣ намудаанд.
Аз миёни давлатҳои мазкур Сомониён бо вижагихои хоси даврони худ фарккунандатар махсуб мешаванд. «Дар ин ҷо сирф ёдовар мешавем, ки аҳди Сомониён яке аз дурахшандатарин ва олитарин давраҳои таърихӣ ин сарзамин аст. Аз як тараф фарҳангу маданият, расму русум ва суннатни кадима эҳё гашт ва аз тарафи дигар ба мувафақияти сиёсии идоранамоии давлат шарфёб гашта буд. Роҳбари сиёсии ин сулола шоҳ Исмоили Сомонӣ (819-999) дар замони роҳбариаш худро девори бухоро дониста аз сидқ ба халқу миллаташ хизматҳои шоён намудааст, ки то ҳол дар арсаи таърих нақши чунин шахсиятҳо он ҳама заҳмату азму талошҳояшон зинда ҷовиданд. Баъд аз пош хӯрдани ин сулола тоҷикон қариб ҳазор сол дар арсаи бедавлатӣ зери тобеияти дигар давлатҳо умр ба сар мебурданд. Баъд аз қарнҳои дуру дароз ин миллати мутамаддин боз соҳибихтиёри давлати хешро гарчанде бо роҳи осон ба даст наоварда бошад, ҳам худмухтории давлаташро бо абармарди сиёсии навини хеш ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона ба даст оврад.
Таърихи давлатдории кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон нишон медиҳад, ки абармардон ва шахсиятҳои таърихие буданд, ки онҳо дар марҳилаву вазъияти барои кишварашон мураккабу ҳассос ба сари ҳокимият омада, зимоми давлатдориро бар дӯши худ гирифта, барои баланд бардоштани обрӯву нуфузи давлати худ нақши абадӣ гузоштаанд.Он ҳама заҳмату талошҳои абармарди сиёсии навини тоҷикон дар замони муосир ва давлатдории навини тоҷикон боз давомдиҳандаи таърихи навини ин миллат дар арсаи ҷаҳон буда, боиси таҳсину сарфарозист. Ин пешвои сиёсӣ фарзона фарзанди миллати тоҷик аз аввали сари қудрат омаданаш ҳадафаш танҳо сулҳ барқарор кардан бар ин миллати сарнагун гашта буд, азму талошҳояш аз сидқи дил буда танҳо иродаю матонат, далерию шуҷоияш буд, ки боварии халқро соҳиб гаштаю мушараф ба таъмини сулҳ дар кишавараш шуд. Ва он ҳама заҳмату талошҳо, азму иродаи ин марди хирадсолоро ин миллати бофарҳанг мадди назар гирифтаю ба ин марди қавиирода, унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат-ро сазовор донистанд.Аз ин ҷост, ки рӯзи 16-уми ноябрро ҳамчун “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо шукӯҳу шаҳомати хоса сар то сари кишвар ҷашн гирифта мешавад.
Маҳз шахсияти Пешвои миллат буд, ки халқи тоҷик аз парокандагӣ наҷот ёфт дар лаҳзаҳои душвору ҳасос ин миллат ҳангоми гурӯснагӣ ғурурашонро ҷойи ғизо тановул намудаю ҳангоми хоб сар ба болишти бегонае нагузоштан рӯи санги ватан гузоштанро бартар донистаанд ва умед ба фардои накӯи ватан бастаю то охирин гурезаи тоҷикро ба ватан баргардониданд. Аз ин ҷост, ки хизматҳои бузурги ӯро миллат ҳаргиз фаромӯш нахоҳад кард.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марди олиму оқилу фозилу хирадмандест, ки давлатро аз фаноёбӣ наҷот дода, мардумро дар атрофаш муттаҳид ва ба қалби мардумаш шӯълаи умедро бедор ва бо қадамҳои қатъӣ ба сулҳу осоиш, рушду суботи минбаъда ҳидоят намуд. Имрӯз мардуми шарифи Тоҷикистон хуб эҳсос мекунанд, ки Пешвои миллат тамоми захираву имкониятҳоро барои ободию гулгуншукуфоии кишвар ва беҳбуд бахшидани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ сафарбар менамоянд.
Бинобар ин бар ҳамаи мо ҷавонони кишвар зарур аст, ки дар партави сиёсати ин абармарди таърих кору фаъолияти пурсамар намудаю барои расидан ба ҳадафҳои судманди миллӣ аз тамоми имконот истифода намоем.
Бигзор, озодиву истиқлолият ба хонадони ҳар фарди кишвари маҳбубамон Тоҷикистон то абад пойдору ҷовидон бошад.
Раиси Суди ноҳияи Исмоили
Сомонии шаҳри Душанбе
С. М. Кабирзода