ВАЗЪИ КУНУНИИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ ВА АҲАМИЯТИ ОН ДАР РУШДИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОНӢ
Барои вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имконияти технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт солҳои 2025-2030 дар Тоҷикистон Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон карда шуданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи гузариш ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ҷиҳати таъмин намудани шаффофияти муносибатҳои иқтисодиву молиявӣ қадамҳои устувор гузошта истодааст ва татбиқи саривақтии ташаббуси мазкур имкон медиҳад, ки дар панҷсолаи минбаъда ба раванди мазкур вусъат бахшида шуда, заминаҳои ҳуқуқӣ такмил ёбад ва санадҳои дахлдор дар самти гузариш ба иқтисоди рақамӣ қабулу амалӣ карда шаванд. Инфрасохтори рақамӣ, рушди марказҳои коркарди маълумот ва таъсиси маҳзани мукаммали миллии маълумот инкишоф ёфта, рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ ба роҳ монда мешавад.
Рақамикунонӣ масъалаи замони муосир буда, пеш аз ҳама бо ташкил ва истифодаи технологияҳои муосир вобастагӣ дорад. Дар ҳолати мавҷуд набудани технологияҳои муосир рушд додани рақамикунонӣ мушкил мегардад. Бинобар ин, моро зарур аст, ки ҷиҳати амалигардонии самтҳои дар Паёми имсола пешниҳодгардида ва рушди рақамикунонӣ аз имкониятҳои мусоиди ташкили технологияҳои рақамӣ истифода бурда, ҳар чи зудтар истеҳсоли васеъи онҳоро бо нархҳои дастрас дар кишвар ба роҳ монда, аҳолӣ ва субъектҳои хоҷагидориро бо технологияҳои рақамии баландсифат таъмин намоем.
Иқтисоди рақамӣ дар рушди иқтисодиёт кумаки бевосита мерасонад. Зеро мақсади асосии иқтисодиёт ҳуҷҷатҳои стратегие мебошанд, ки дар ин самт қабул карда мешаванд. Аз ҷумла, дар мамлакат «Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», «Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040», «Барномаи савдои электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029» ва тағйиру иловаҳо ба беш аз 100 санади меъёрии ҳуқуқӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат қабул гардида, мавриди амал қарор доранд. Гузариш ба иқтисодиёти рақамӣ барои беҳтарсозии вазъи иқтисодии давлат қадами муҳим аст. Зеро он имконияти кам намудани вақти барориши маҳсулоти нав ба бозорро таъмин намуда, дараҷаи чандирии истеҳсолотро баланд мебардорад. Он инчунин сифати маҳсулот ва самаранокии ҷараёни истеҳсолотро беҳтар намуда, дар охир ба беҳтар шудани рақобатпазирии саноат ва зиёдшавии маҷмуи маҳсулоти дохилӣ оварда мерасонад.
Истифодаи васеъи иттилоот ва донишҳои илмӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар соҳаҳои гуногуни ҳаёт азхудкунии малакаҳои иттилоотӣ ва муносибати арзишнокро ба истифодаи онҳо талаб мекунад. Аз ин рӯ, зарур аст, ки дар оянда мутахассисони на танҳо малакаҳои кор дар муҳити рақамиро омӯзонанд, балки салоҳиятҳои рақамӣ, фарҳанги рақамиро ташаккул диҳанд. Дар айни замон, технологияҳои рақамӣ ҳамчун воситаи муошират ва омӯзиш истифода мешаванд. Аз ин рӯ, масъалаи ташаккули фарҳанги рақамӣ барои ҳаёт дар ҷомеаи муосир дар асоси принсипҳои муайян нав карда мешавад. Диққати махсус бояд ба рушди фарҳанги рақамӣ дар шароити таҳсилоти олӣ дода шавад, зеро кадрҳо бояд мутахассисони рақобатпазир дар бозори меҳнат гарданд.
Аз ин хотир мо бояд фарқ намоем, ки асоси иқтисодиёти рақамӣ- ин маълумот, иттилооти нармафзор, платформаҳои рақамӣ ва шаклҳои нави ҳамкорӣ ба монанди ҳамкории онлайнӣ ва хизматрасонии интернетӣ мебошад. Пас, бояд гуфт, ки тафовути иқтисодиёти рақамӣ аз иқтисодиёти анъанавӣ дар он аст, ки дар иқтисодиёти анъанавӣ кори ҷисмонӣ ва логистика ҳамчун масъалаҳои асосӣ барои рушди иқтисодиёт арзёбӣ мегарданд. Вале иқтисоди рақамӣ- ин ба тарзи васеъ ворид намудани технологияҳои иттилоотӣ, зеҳни сунъӣ ва дигар технологияҳои пешрафта аст, ки барои фаъолгардонии равандҳои фаъолият ва тавсифи модели нави тиҷорат истифода бурда мешаванд.
Аз ҷониби Пешвои миллат барои рушди соҳаи рақамикунонӣ чораҳои таъхирнопазир пешниҳод гардиданд. Мо, пайравони даврони истиқлол ин роҳнамоиро ҳамчун дастурамали фаъолият қабул менамоем. Воқеан ҳам Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон намудани солҳои 2025-2030 дар ҳошияи раванди рақамикунонии ҷаҳонӣ тадбири муҳим ба ҳисоб рафта, муҳимияти масъаларо барои дар 5 соли оянда дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани рақамикунонӣ дар мамлакат тақозо менамояд. Аз ин лиҳоз ҷавононро зарур меояд, ки барои рушду равнақи соҳа дар мамлакат дар арсаи байналмилалӣ талош намуда, бобати дар сатҳи зарурӣ татбиқ намудани рақамикунонӣ дар соҳаҳои маориф, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, нақлиёт, саноат ва дигар соҳаҳои ҳаётан муҳим корҳои таъхирнопазирро амалӣ намоем.
Ҳамин тавр рушди иқтиcoди рақамӣ дар ҷумҳурӣ имкoният фарoҳам меoрад, ки cатҳи зиндагии аҳoлӣ беҳтар гардида, маҳcулoти хушcифат дар бoзoри иcтеъмoлӣ афзoиш ёбад. Мардум, барoи қoнеъгардoнии эҳтиёҷoту талабoти худ аз рoҳу уcулҳoи муocири технoлoгияи рақамӣ иcтифoда намуда, ба ин ваcила вақт ва маблағи худрo cарфа хoҳанд кард.
Судяи суди ноҳияи
Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Искандарзода Меҳрангез Зайниддин
Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ 


