Ҳабси маъмурӣ барои майдаавбошӣ

24-уми майи соли 2021 муовини раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Нурализода С.М. дар маҷлиси ошкорои судӣ дар суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати Худоев Ҷамшед Муродалиевич, санаи таваллудаш 28.10.1985сол, миллаташ тоҷик, таҳсилоташ миёна, муваққатан бекор, ҷои истиқоматаш шаҳри Душанбе, дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо мавриди баррасӣ қарор дод.

Муайян карда шуд, ки Худоев Ҷамшед рӯзи 20-уми майи соли 2021, тахмин соати 13:40 ҳангоми дар дохили бозори Меҳргони шаҳри Душанбе қарор доштанаш нисбати шаҳрванд Ҳалимова Шаҳринисо бо овози баланд дашномҳои қабеҳ дода, оромии шаҳрвандони дар дохили бозор қарордоштаро халалдор сохта тартиботи ҷамъиятиро вайрон кардааст, ки оид ба ин ҳолат аз ҷониби кормандони милитсия протокол тартиб дода шудааст.

Ҳуқуқвайронкунанда Худоев Ҷамшед дар рафти мурофиаи судӣ худашро гунаҳгор шуморида, нишон дод, ки дар воқеъ бинобар нофаҳмӣ нисбати собиқ ҳамсараш дашномҳо додааст, ки тартиботи ҷамъиятӣ дар дохили бозор каме вайрон гашта будаст. Сабаби дашном доданаш дар он будааст, ки фарзанди ноболиғашро ба ӯ нишон намедодааст.

Ба ғайр аз ин гуноҳи ҳуқуқвайронкунанда бо дигар далелҳои парвандаи ҳуқуқвайронкунӣ, ки дар қабати парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмури мавҷуд буданд тасдиқ гардид.

Суд бо далелҳои овардашуда, ҳаракатҳои ҳуқуқвайронкунанда Худоев Ҷамшед Муродалиевичро бо моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои дар ҷойҳои ҷамъиятӣ дашном додан, ба таври таҳқиромез дарафтодан ба одамон, ки тартиботи ҷамъиятӣ ва осудагии одамонро халалдор мекунад, банду баст кард.

Раводиди моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, чазои алтернативиро дар намуди ҷаримаи маъмурӣ ё ҳабси маъмурӣ пешбинӣ менамояд.

Суд вобаста ба ҳолатҳои сабуккунанда ва вазнинкунандаи ҷавобгарии маъмурӣ, шахсияти ҳуқуқвайронкунанда, ҳолатхои корро ба инобат гирифта, натиҷаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки осудагии шаҳрвандонро дар ҷои ҷамъиятӣ вайрон кардааст, муносибати ӯро ба ин кирдор, ки дар ҷои ҷамъиятӣ кирдори майдаавбоширо содир кардааст ба назар гирифта, Худоев Ҷамшед Муродалиевичро бо моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, ба ӯ бо ин модда ҷазо дар намуди ҳабси маъмури ба муҳлати 7 (ҳафт) шабонарӯз таъин кард.