Ғайриқонунӣ ба фаъолияти мусофиркашонии музднок машғул гардидааст

Раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Сангинзода Ғайрат санаи 07 майи соли ҷорӣ дар маҷлиси ошкорои судӣ дар бинои суд парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро нисбати Шоев Ҷаҳонгир Абдуғафорович, 21 июли соли 1983 санаи таваллудаш, миллаташ тоҷик, зода ва сокини шаҳри Ваҳдат, деҳаи Ганҷбор, маълумоташ миёнаи махсус, ихтисос ронанда, муваққатан бекор, оиладор соҳиби се фарзанд, шаҳрванди Љумњурии Тољикистон бо моддаи 510 қисми 2 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дод.

Шоев Ҷ.А. санаи 06 майи соли 2019 тақрибан соати 09:15 дақиқа дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе автомашинаи тамғаи «Опел Астра» рақами қайди давлатиаш 7373АК08-ро идора намуда, бе иҷозатномаи махсус ба мусофиркашонии музднок машғул шудааст.

Гуноҳи Шоев Ҷ.А. бо вуҷуди ба гуноҳаш иқрор будани ў, бо маводҳои парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ исбот гардид.

Кирдори ў бо моддаи 510 қисми 2-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷрои фаъолияте, ки иҷозатномаро талаб мекунад тасниф карда шуд, зеро тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» аз 17.05.2004 таҳти №37 барои мусофиркашонии музднок доштани иҷозатнома зарур аст.

Вақти интихоби андозаи ҷазои маъмурӣ суд ҳолатҳои сабуккунанда ва вазнинкунандаи ҷазоро ба инобат гирифта, Шоев Ҷаҳонгир Абдуғафоровичро бо моддаи 510 қисми 2 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, нисбаташ ба андозаи даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 550 сомонӣ ба фоидаи давлат ҷаримаи маъмурӣ, бидуни мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ таъин кард.