Ҳалнома аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Парвандаи №3-351/22

ҲАЛНОМА
Аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар ҳайати раисикунанда Ҳамидзода Муҳаммадҷон Маҳмадали, бо котибии Мирзозода Расул, бо иштироки прокурор Абдуллозода Рустам, аризадиҳанда Шомахмедов Нурбой Мирович дар маҷлиси ошкорои сайёри судӣ воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Заҳматобод-341 ва дар толори суди ноҳия санаи 16.12.2022 парвандаи гражданиро бо аризаи Шомахмедов Нурбой Мирович дар бораи фавтида эълон намудани шаҳрванд баррасӣ намуда,-

                 М у а й я н  к а р д:

Бо дастрасии моддаҳои 198-203 ва 284 КМГ Ҷумҳурии Тоҷикистон суд___

Ҳал  кард:

Аризаи  Шомахмедов Нурбой Мирович дар бораи фавтида эълон намудани шаҳрванд қонеъ карда шавад.
Шомахмедов Қурбонали Мирович 15.09.1959 санаи таваллудаш, ҷои охирини истиқоматаш шаҳри Душанбе, кӯчаи Заҳматобод, хонаи 340 фавтида эълон карда шавад.
Ҳалномаи мазкур барои аз ҷониби мақоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дарҷ шудани сабт оид ба фавти шаҳрванд Шомахмедов Қурбонали Мирович дар дафтари сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ асос мебошад.
Нисбати ҳалнома тарафи норозӣ метавонад дар муҳлати як моҳ аз рӯзи гирифтани нусхаи он тавассути ҳамин суд ба коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои граждании суди шаҳри Душанбе шикоят ва ё эътирози кассатсионӣ пешниҳод намояд.

Судяи суди ноҳияи
И.Сомонии шаҳри Душанбе                                      Ҳамидзода М.М.