Ҷамъомад бахшида ба таҷлили 22-юмин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ

27 июни соли 1997 дар таърихи миллати тоҷик ҳамчун рӯзи Ваҳдати миллӣ сабт ёфтааст. Ин рӯз, ки барои халқу миллати мо азизу муқаддас гашта ва ба осонӣ даст надодааст.

Баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷумҳурии мо низ дар қатори дигар ҷумҳуриҳои Шӯравӣ Истиқлолияти давлатии худро ба даст овард. Вале, мутаасифона, мо – тоҷикон, ки дар як давраи хеле ҳассоси таърихӣ қарор доштем, дар аввал натавонистем, ки неъмати бузурги Истиқлолро ба манфиати халқу давлати худ босамар истифода барем.

Воқеаҳои мудҳише, ки солҳои 90-уми асри XX ба сари мардуми мо омад, барои миллати ҷафодидаи мо, ки аз

имтиҳонҳои бузурги таърихӣ гузаштааст, боз як имтиҳони ҷиддиеро дар пеш гузошт: давлати навакак тозаистиқлол ва миллатро нигоҳ доштан ва ё парокандагии ҳам ину ҳам он.

Дар он рӯзҳои барои миллат пурдаҳшат қариб, ки ба ояндаи нек боварии касе намонда буд. Хушбахтона, дар чунин давраи ҳасоси таърихӣ фарзанди далеру шуҷоъ ва баруманди миллат Эмомалӣ Раҳмон ба сари қудрат омад ва дар назди халқу миллат бо дилу пур ваъда доданд: «Ман ба Шумо сулҳ меорам» ва ба иқболи баланди халқи мутамаддини мо ҳамин хел ҳам шуд.

Бо ҳамин мазмун Назирмадзода Даврон Назирмад-корманди дастгоҳи суди шаҳри Душанбе аз номи роҳбарияти суди шаҳри Душанбе тамоми кормандони суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанберо ба рӯзи 22-юмин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрику таҳният намуда, бахту саодат, иқболи баланд, файзу баракат, саломатии бардавом, зиндагии неку осударо орзу карда, дар роҳи хизмати содиқонаю покдилона ба халқу Ватан комёбиҳои беназирро таманно намуда, бо порчаҳои шеърӣ сухани худро ба анҷом расонид:

Сано он модареро, ки туро зод

Ва номуси ватандори туро дод.

Ба фазлу хираду донишу фарҳанг,

Бинои сулҳи миллат карда бунёд.

Бинои давлатат то ҷовидон бод

Китоби бахти моро карда эҷод

Чу ту созандаву бунёдкоре

Надорад ҳафт пушти тоҷикон ёд

Сано он модаре, ки туро зод

Ватан дар вартаи хавфу хатар буд

Бародар бо бародар кинавар буд

Умеди зиндагӣ зеру забар буд

Парешон тоҷики соҳибназар буд

Зи шуру шар ватанро карда озод

Сано он модареро, ки туро зод

Зи нав расми ниёгон зинда кардӣ

Шукӯҳ оли сомон зинда кардӣ

Парафшон парчамат карди ба олам

Ту номи Тоҷикистон зинда кардӣ

Ватан аз ҳимматат шуд ваҳдатобод

Сано он модареро, ки туро зод.

Дар охири ҷаласа Иноятзода Эмомаъдӣ Иноят — ёрдамчии раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе аз номи роҳбарияти суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе тамоми роҳбарият ва кормандони суди шаҳри Душанберо низ бо Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик карда, ҳозирин барои арҷгузорӣ ва эҳтироми муқаддасоти миллию рамзҳои давлатӣ, риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи Ватан, амният ва суботи ҷомеа, баланд бардоштани маърифатнокии ҷомеа, ҳисси баланди миллии ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳӣ, аз даст надодани зиракии сиёсӣ ҳидоят карда шуданд.