ҶАВОНОНРО БОЯД БА АДОИ ХИЗМАТИ ҲАРБӢ ОМОДА НАМУД!

Ман ҳамчун Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ ба ҳар яки шумо – фарзандони ғаюру далери Ватан, ба нангу номуси шумо, ба эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарастии шумо ва азму иродаи ҷавонмардонаи шумо итминони комил дорам.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН

 

Ҳифзи сарзамини аҷдодӣ ва дастоварду ҳаёти осоиштаи мардум яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ маҳсуб меёбад. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ баъди соҳибистиқлолӣ барои иҷрои ин вазифаи муқаддас, соли 1993 Қувваҳои Мусаллаҳи худро таъсис дод. Баъди қабул шудани Конститутсия дар моддаи 43-и он чунин нигошта шуд: «Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст». Аз ин лиҳоз, баҳри иҷрои ана ҳамин талаботи Конститутсия, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳҳои апрел ва май мавсими даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ оғоз мегардад. Бо ба ҷо овардани хизмати ҳарбӣ, ҷавонони кишвар сулҳу осоиш, амнияти давлату ҷомеа, зиндагии мардум ва соҳибистиқлолиамонро таъмин намуда, вазифаи шаҳрвандӣ ва қарзи фарзандиашонро дар назди Ватан-Модар ба ҷо меоваранд.

Тартиби хизмати ҳарбиро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» муайян мекунад, ки мутобиқи талаботи моддаи 19 қонуни мазкур шаҳрванди ҷинси марди аз 18 то 27-солаи дар қайд буда ё шаҳрванде, ки ӯҳдадор аст дар қайди ҳарбӣ бошад ва барои ба таъхир андохтани мӯҳлати даъват ё озод шудан аз даъват ба хизмати ҳарбӣ ҳуқуқ надорад, бояд ба хизмати ҳарбӣ ба Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар қӯшунҳо ва сохторҳои ҳарбӣ дар вазифаҳои ҳайати аскарон ва сержантҳо даъват карда шавад.

Чуноне, ки ба ҳамагон маълум аст, даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ ду маротиба дар як сол- аз санаи 01 апрел то 31 май ва аз 01 октябр то 30 ноябр дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он дар воситаҳои ахбори умум як моҳи пеш аз даъват чоп мешавад, анҷом дода мешавад. Дар ин давраҳо ташвиши кормандони комиссариатҳои ҳарбӣ ва ҷамоатҳои деҳоту шаҳрак дучанд мешавад. Зеро нақшаи сафарбариро бояд таъмин намоянд. Вале аксари ҷавонони синни даъватӣ ба хизмат рафтан намехоҳанд ва ҳар гуна сабабу баҳонаҳоро пеш меоранд, қисми дигараш бошад, дар ин айём роҳи муҳоҷиратро пеш гирифта, то гузаштани даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ роҳ мепоянд.

Ҳарчанд дар байни онҳо нафароне ҳастанд, ки бо амри дил ҳангоми даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ ихтиёран ариза навишта ба комиссияҳои даъватии шаҳру ноҳияҳо ҳозир мешаванд. Барои ин, ҷавононро бояд ҳангоми таҳсил дар мактабҳои миёна ба хизмати ҳарбӣ омода намуд. Зеро нақши Муассисаҳои таҳсилотҳои миёнаи умумӣ дар тайёр намудани муҳофизони ояндаи Ватан бағоят калон аст.

Мусаллам аст, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва ҳифзи Ватан барои ҳар як ҷавон мактаби бузурги ҳаёт, ҷасорату мардонагӣ ва далерию шуҷоат ба ҳисоб меравад. Ифтихорманду сарфарозем, ки имрӯз аксари ҷавононамон ба хизмати ҳарбӣ ба таври ихтиёрӣ, бо дарки масъулияти фарзандӣ ва ватандӯстӣ баҳри иҷрои вазифаҳои конститутсионию ҷавонмардӣ ҳозир мешаванд.

Боиси ифтихор аст, ки ҷавонони имруза ба ҳамон аҳди анъанавии ҷавонмардони гузаштаи хеш содиқ монда, бо хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ аз мактаби бузурги ҳаёт, ҷасорату мардонагӣ ва далерию шуҷоат мегузаранд.

Падарону гузаштагонамон замони ҳифзи сохти конститутсионӣ, ҳангоми хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистони соҳибистиқлол ин анъанаи беҳтарини аҷдодонамонро бошарафона идома додаанд. Итминони комил дорем, ки ҷавононамон имрӯз ҳам ин анъанаҳоро содиқона идома медиҳанд.

Аз мутолиаи шоҳасари «Тоҷикон»-и Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров маълум мешавад, ки халқи тоҷик дар таърихи худ ба ягон давлат ғараз надошт ва имрӯз ҳам ба ин хислати сулҳхоҳонааш содиқ аст. Халқи мо, имруз бо меҳнати созанда, ба бунёдкориву ободкорӣ машғул буда, дар солҳои Истиқлолӣ ба дастовардҳои бузург ноил шуд. Имрӯз вазъи печидаи ҷаҳон ва минтақа, бахусус амалҳои ҷинояткоронаи террористону экстремистон ва баъзе гурӯҳу созмонҳои бадхоҳ ба осоишу амниятамон таҳдид менамоянд. Аз ин лиҳоз, вазъи печидаву зудтағйирёбандаи ҳарбӣ-сиёсии ҷаҳону минтақа давлату Ҳукумати кишвар, Қувваҳои Мусаллаҳи миллӣ ва ҷавононамонро водор месозад, ки баҳри ҳифзи Ватан, таъмини сулҳу осоиш, амнияти давлату ҷомеа ва меҳнати созандаву зиндагии шоистаи мардум ҳамеша омода бошем.

Мо аз ҷавонони синни даъватӣ даъват ба амал меоварем, ки баҳри ҳифзи марзу буми Тоҷикистон ва музаффариятҳои Истиқлоли давлатӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ хизмати софдилонаву содиқонаро ба ҷо оранд. Итминон дорем, ки бо хизмати шоистаи худ мову шумо, таҳти роҳбарии хирадмандонаи фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ободӣ ва шукуфоии Ватани азизамон саҳми арзанда гузошта, хизмати шоиста хоҳем кард.

Ҷавонони азиз! Шумо-фарзандони содиқи Тоҷикистон, соҳибу ҳомии ин Ватанед! Тоҷикистон сарзамини аҷдодонамон, Ватани мову шумо ва наслҳои ояндаамон буда, онро ба ҷуз аз худамон каси дигар муҳофизат намекунад. Аз ин хотир, биёед Тоҷикистони азизамонро дӯст дошта, дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ хизматро содиқона ба ҷо орем ва дар ҳифзи Ватан ва дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ саҳми муносиб гузорем. Бигузор, хизмати шоиста ва содиқонаи шумо боиси ифтихори падару модарон, наздикону пайвандон ва аҳли ҷомеа гардад. Мутмаинем, ки хизмати шоистаатон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, саҳми муносиб ва туҳфаи арзандае ба ҷашни пуршукуҳи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳад буд.

 

Кабирзода С.М.-муовини якуми раиси суди н. И. Сомонӣ