Аз ҷониби кормандони суд баргузории суҳбату вохуриҳо бо хонандагон дар Муассисаи давлатии таълимии «Литсеи касбии техникии нақлиёти автомобилии шаҳри Душанбе»

Санаи 11.05.2023 соати 10:00 аз ҷониби муовини Раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Нурализода С.М., судяи суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Ҳамидзода М., котиби суд Давлатзода Ҷ, ҳамзамон Худоёрзода Мусо мутахассиси пешбари раёсати ҳифзи ҳуқуқи кӯдак ва Фирузи Султонзода муовини сардори раёсати ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хонандагон дар Муассисаи давлатии таълимии «Литсеи касбии техникии нақлиёти автомобилии шаҳри Душанбе» суҳбату вохуриҳо оид ба амалигардонии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон ва Стратегияи муқовимат ба экстримизм ва тероризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» гузаронида шуд.