Аз ҷониби кормандони суд баргузории суҳбату вохуриҳо бо хонандагон дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 12-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе.

Санаи 11.05.2023 соати 12:00 аз ҷониби муовини Раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Нурализода С.М., судяи суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Ҳамидзода М., котиби суд Давлатзода Ҷ, ҳамзамон Худоёрзода Мусо мутахассиси пешбари раёсати ҳифзи ҳуқуқи кӯдак ва Фирузи Султонзода муовини сардори раёсати ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хонандагон дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 12-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, суҳбату вохуриҳо оид ба амалигардонии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон ва Стратегияи муқовимат ба экстримизм ва тероризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ҳамзамон фаҳмондадиҳи дар мавзуи мубрами рӯз аз ҷониби ноболиғон бурдани телефонҳои мобилӣ ба муассисаҳои таълими ва ба  ҷавобгари маъмурӣ кашидани падару модарон бо моддаи 90- КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон. Пешгири аз шомил гардидан ба ҳар гуна гуруҳои ифротгароӣ. Фаҳмондадиҳи оиди қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон. Фаҳмондадиҳи оиди дар ҷойҳои ҷамъиятӣ намунаи ибрат будани ноболиғон ва ҷавонон ҳамчунин ба ҷо овардани ҳурмату эҳтироми падару модарон ва устодони гиромӣ  гузаронида шуд.