Аз ҷониби зан ғайриқонунӣ содир намудани қочоқи воситаи нашъадори навъи “афюн”

Судяи суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Нурализода С.М. дар маҷлиси ошкорои судии бинои суд парвандаи ҷиноятиро нисбати Мамараҳимова Мижгона Қурбоналиевна, санаи таваллудаш 05 декабри соли 1983, зодаи шаҳри Исфараи вилояти Суғд, миллаташ узбек, беҳизб, таҳсилоташ миёна, қаблан суд нашудааст, муҷаррад соҳиби се фарзанди ноболиғ, муваққатан бекор, сокини вилояти Хатлон, ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Ҷамоати деҳоти Чубек, деҳаи Чубек, дар содир намудани ҷинояти бо моддаҳои 200 қисми 4 банди “д” ва 36 қисми 2-289 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбининамударо баррасӣ намуд.

Мақомоти тафтишоти пешакӣ Мамараҳимова Мижгона дар он хусус айбдор ҳисобидааст, ки ӯ моҳи ноябри соли 2018 бо бародараш Эргашев Сафар, ки дар муассисаи ислоҳии Я/Т №9/7 СРИҶҶ ВА Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон қарор дошта барои содир намудани ҷинояти дар моддаҳои 200 қисми 4 банди «д» ва 195 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон адои ҷазо карда истодааст, маслиҳати аз шиносонашон шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо номҳои «Ҳоҷи-Боймурод» ва «Ғулом» ба даст овардани воситаи нашъадори навъи «афюн» ба миқдори махсусан калон ва дар оянда онро ба соҳибияти харидори шартӣ бо номи “Д”, ки қаблан дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ” ба ин гуруҳи қочоқчиёну нашъаҷалоби ҷиноятӣ воридсозии оперативӣ карда шуда буд, ғайриқонунӣ доданро намудаанд.

Тибқи ҳамин маслиҳат, Мамараҳимова М.Қ. бо истифода аз алоқаи телефони мобилӣ бо шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо номҳои «Ҳоҷи-Боймурод» ва «Ғулом» алоқаи телефонӣ намуда, маслиҳати бо роҳи қочоқ пинҳонӣ аз назорати гумрукӣ ғайриқонунӣ аз сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани 24754,0 грамм воситаи нашъадори навъи “афюн”-ро намуданд. Шаҳрвандони ҶИА бо номҳои «Ҳоҷи-Боймурод» ва «Ғулом» таклифи пешниҳоднамудаи Мамараҳимова М.Қ.-ро қабул намуда, иброз намуданд, ки як қисми маблағи воситаҳои нашъадорро барои бо роҳи қочоқ гузаронидан ба онҳо пардохт намоянд, баъдан ба Мамараҳимова М. пеш аз вохўрӣ оиди дар кадом минтақаи сарҳадӣ ғайриқонунӣ соҳиб шудани 24754,0 грамм воситаи нашъадори навъи “афюн”-и бо роҳи қочоқ гузаронидашуда хабар медиҳанд.

Мамараҳимова М.Қ. таклифи пешниҳоднамудаи шаҳрвандони ҶИА бо номҳои “Ҳоҷи-Боймурод” ва «Ғулом»-ро ба харидори шартӣ бо номи рамзии “Д” расонид ва тибқи нақшаи чорабинӣ дар асоси санади азназаргузаронӣ ва супоридани маблағ ба харидори шартӣ бо номи рамзии “Д” маблағи 1000 доллари ИМА барои пардохти маблағи воситаҳои нашъадори мусодирашаванда супорида шуд. Харидори шартӣ бо номи рамзии “Д” дар навбати худ маблағи пулии зикршударо ба Мамарањимова М.Қ. супорид ва Мамараҳимова М.Қ. бошад, маблағи 1000 доллари ИМА барои пардохти воситаҳои нашъадори навъи “афюн”-ро тавассути шарикони шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо номҳои «Ҳоҷи-Боймурод» ва «Ғулом», ки шахсияташон номаълуманд ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ғайриқонунӣ интиқол дода, Мамараҳимова М. интизори қабул намудани воситаҳои нашъадори навъи “афюн”-и пешакӣ маслиҳатшуда гардид.

Охирҳои моҳи ноябри соли 2018, шаҳрвандони ҶИА бо номҳои «Ҳоҷи-Боймурод» ва «Ғулом» бо истифода аз алоқаи телефонӣ Мамараҳимова М.Қ.-ро огоҳ намуданд, ки барои пешпардохт ва аз сарҳади ҷумҳурӣ ғайриқонунӣ гузаронидани 24754,0 грамм воситаи нашъадори навъи “афюн” боз маблағи 2500 доллари ИМА лозим аст. Мамараҳимова М. таклифи пешниҳоднамудаи шаҳрвандони ҶИА бо номҳои «Ҳоҷи-Боймурод» ва «Ғулом»-ро ба харидори шартӣ бо номи рамзии “Д” расонид ва тибқи нақшаи иловагии чорабинии оперативӣ дар асоси санади азназаргузаронӣ ва супоридани маблағ ба харидори шартӣ бо номи рамзии “Д” маблағи 1000 доллари ИМА барои пешпардохт ва аз сарҳади ҷумҳурӣ гузаронидани воситаҳои нашъадори мусодирашаванда маблағи пулии 1000 доллари ИМА супорида шуд. Харидори шартӣ бо номи рамзии “Д” дар навбати худ маблағи пулии зикршударо ба Мамараҳимова М.Қ. супорид ва охирин бошад, маблағи 1000 доллари ИМА барои пардохти воситаҳои нашъадори навъи “афюн”-ро бо худ нигоҳ дошта, интизори занги телефонӣ ва таъин намудани ҷойи вохурӣ барои қабул намудани воситаҳои нашъадори навъи “афюн”-и пешакӣ маслиҳатшуда гардид.

Сипас, 24 ноябри соли 2018 шаҳрвандони ҶИА бо номҳои «Ғулом» ва «Ҳоҷи-Боймурод» бо Мамараҳимова М. алоқаи телефонӣ намуда, номбурдаро хабардор намуданд, ки шабона тавассусти минтақаи сарҳадии Ҷамоати деҳоти Чубеки ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон 24754,0 грамм воситаи нашъадори навъи «афюн»-ро бо роҳи қочоқ гузаронида, маблағи 2500 доллари ИМА-и пешакӣ маслиҳатшударо аз ў гирифта, миқдори воситаи нашъадори маслиҳатшударо дар минтақаи сарҳадии зикршуда ба соҳибияташ медиҳанд. Шаби 24-уми ноябри соли 2018, тахминан соати 2330 дақиқа тибқи маслиҳати пешакӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо номҳои «Ҳоҷи-Боймурод» ва «Ғулом» тавассути минтақаи сарҳадии Ҷамоати деҳоти Чубеки ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон дар халтаи полиэтилении рангаш зардча 24754,0 грамм воситаи нашъадори навъи «афюн»-ро, ки онро дар ҳолатҳои ба тафтишот номаълум ва аз шахсони ба тафтишот номаълум ғайриқонунӣ ба даст оварда буданд, пинҳонӣ аз назорати гумрукӣ аз сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида, Мамараҳимова М.-ро ба ҷойи вохўрӣ даъват намуданд. Мамараҳимова М. дар минтақаи сарҳадии мазкур бо шаҳрвандони ҶИА бо номҳои «Ҳоҷи-Боймурод» ва «Ғулом»  вохўрӣ намуда, маблағи 2500 доллари ИМА-и пешакӣ маслиҳатшудаи аз харидори шартӣ бо номи рамзии “Д” гирифтаашро ба «Ҳоҷи-Боймурод» ва «Ғулом» дода, ба ивазаш дар халтаи полиэтилении рангаш зардча 24754,0 грамм воситаи нашъадори навъи «афюн»-ро ғайриқонунӣ ба даст овардааст. Сипас, худи ҳамон шаб Мамараҳимова М. 24754,0 грамм воситаи нашъадори навъи «афюн»-и ғайриқонунӣ соҳибшудаашро то манзили зисташон, воқеъ дар суроғаи деҳаи Чубеки Ҷамоати деҳоти Чубеки ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон интиқол дода, бо мақсади ба соҳибияти харидори шартӣ бо номи рамзии “Д” додан, онро то субҳи санаи 25 ноябри соли 2018 бо худ ғайриқонунӣ нигоҳ доштааст.  Субҳи 25 ноябри соли 2018, тахминан соати 06-30 дақиқа Мамараҳимова М.Қ. дар назди манзили зисташ, бо харидори шартӣ бо номи рамзии “Д” вохўрда, халтаи дохилаш 24754,0 грамм воситаи нашъадори навъи “ҳашиш”-доштаро ба соҳибияти харидори шартӣ бо номи рамзии “Д” доданӣ шудааст. Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷўӣ аз ҷониби кормандони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди манзили зисташ, воқеъ дар суроғаи деҳаи Чубек, Ҷамоати деҳоти Чубеки ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон бо гумонбарӣ дастгир мегардад.

Ба ғайр аз худиқрории судшаванда гуноҳи ӯ бо далелҳои дар қабати парвандаи ҷиноятӣ буда барои содир намудани ҷиноятҳои мазкур исботи худро ёфт.

Суд кирдори Мамараҳимова Мижгона Қурбоналиевнаро бо моддаи 200 қисми 4 банди “д” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ғайриқонунӣ соҳиб шудан, нигоҳ доштан, интиқол бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан, ҳамчунин ғайриқонунӣ ба соҳибияти каси дигар додани воситаҳои нашъадор, аз ҷониби гурўҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ, ба миқдори махсусан калонро муқаррар мекунад ва моддаҳои 36 қисми 2-289 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои шарики дар ҷинояти қочоқ, интиқоли воситаҳои нашъадор аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки нисбат ба онҳо қоидаҳои махсуси интиқол тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардидаанд, агар ин кирдор бидуни назорати гумрукӣ ё пинҳонӣ аз назорати гумрукӣ, ё бо роҳи фиреб истифода кардани ҳуҷҷатҳо, ё воситаҳои ҳаммонандкунии (идентификатсионии) гумрукӣ, ё декларатсия накардан ё декларатсиякунонии носаҳеҳ содир шуда бошад, банду баст кард.

Бинобар ин суд Мамараҳимова Мижгона Қурбоналиевнаро бо моддаҳои 200 қисми 4 банди “д” ва 36 қисми 2-289 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, ба ў:

— бо моддаи 200 қисми 4 банди «д» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 12 (дувоздаҳ) сол;

— бо моддаи 36 қисми 2-289 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 5 (панҷ) сол таъин кард.

Бо дастрасии моддаи 67 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо роҳи қисман зам намудани ҷазоҳо ба Мамараҳимова Мижгона Қурбоналиевна ҷазои ниҳои 12 (дувоздаҳ) солу 6 (шаш) моҳ маҳрум сохтан аз озодӣ бо адои ҷазо дар колонияи ислоҳии низомаш умумӣ таъин кард.