Аз тарафи мусофиркашон риоя накардани талабот ва шартҳои иҷозатнома

Судяи суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Ширинзода Ҷ. дар маҷлиси ошкорои судӣ дар бинои суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро нисбати Эшонов Фарҳод Хайруллоевич, 13 августи 1978 соли таваллудаш, зодаи шаҳри Душанбе, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, миллаташ тоҷик, маълумоташ миёна, оиладор соҳиби чор фарзанд, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе кӯчаи Сари Осиё, хонаи 54, дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 511 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон дида баромада, муайян кард, ки санаи 13-уми феврали соли 2019 тахминан соати 10:54 дақиқа ҳангоми гузаронидани санҷиш аз ҷониби бозраси ХРБ ВМ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шудааст, ки ронанда Эшонов Фарҳод Хайруллоевич воситаи нақлиёти тамғаи «ОпелАстра» рақами қайди давлатиаш 8695НР01 дар хиёбони Рўдакии шаҳри Душанбе бар хилофи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намуди фаъолият»  аз 17 майи соли 2004 №37  амал намуда, бе рақами силсилаи ТТ ба фаъолияти мусофиркашонӣ машғул шудааст.

Ҳуқуқвайронкунанда Эшонов Фарҳод Хайруллоевич дар мурофиаи судӣ ба гуноҳаш иқрор шуда, аз суд хоҳиш намуд, ки  ба ў ҷазои сабук таъин карда шавад.

Новобаста аз оне, ки ҳуқуқвайронкунанда Эшонов Фарҳод Хайруллоевич худашро дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ гунаҳгор ҳисоб кард, гуноҳи ӯ дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, инчунин бо далелҳои дар қабати маводи парванда мавҷудбуда тасдиқи худро ёфт.

Суд кирдори содирнамудаи ҳуқуқвайронкунанда Эшонов Фарҳод Хайруллоевичро бо моддаи 511 қисми 1 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии маъмуриро барои аз ҷониби иҷозатномадор риоя накардани талабот ва шартҳои иҷозатнома банду баст карда, нисбаташ ҷазо дар намуди љарима ба андозаи 5 (панҷ) нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба маблағи 275 (дусаду ҳафтоду панҷ) сомонӣ ба фоидаи давлат, бо боздоштани амали иҷозатнома ба муҳлати як моҳ, таъин кард.