Аз тарафи падар иҷро накардани ўҳдадориҳо оид ба таълиму тарбияи фарзандони ноболиғ

12 декабри соли равон судяи суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Ширинзода Ҷ. дар маҷлиси ошкорои судӣ дар бинои суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро нисбати Садридинов Дилшод Ҳасанович, 15 апрели соли 1977 санаи таваллудаш, зодаи шаҳри Душанбе, миллаташ тоҷик, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳсилоташ олӣ, муваққатан бекор, оиладор, соҳиби чор фарзанд, сокини ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда мавриди баррасӣ қарор дод.

Муайян карда шуд, ки Садридинов Дилшод Ҳасанович падари ноболиғ Садридинов Довуд Дилшодович 08.07.2002 соли таваллудаш, хонандаи синфи 11 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4 дар шаҳри Душанбе буда, ӯҳдадориҳояшро дар таълими фарзанд ба таври дахлдор иҷро накарда, санаи 21.11.2019 ҳангоми гузаронидани амалиётҳои муштарак вобаста ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” муайян гардид, ки ноболиғ Садридинов Довуд Дилшодович бе ягон сабабҳои узрнок 140-соат ба дарс иштирок накардааст.

Ҳуқуқвайронкунанда Садридинов Дилшод Ҳасанович дар маҷлиси судӣ худро дар содир намудаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ гунаҳгор шуморида, аз суд хоҳиш намуд, ки нисбаташ ҷазои маъмурии сабук таъин карда шавад.

Гунаҳгории Садридинов Дилшод Ҳасанович дар содир кардани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба ғайр аз худиқрории ў, инчунин бо далелҳои дигари парванда, исбот гардид.

Мутобиқи моддаи 9 сархати 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” падару модар ўҳдадоранд донишандўзӣ ва иштироки фарзандро дар раванди таълим назорат карда, бо омўзгорон, ҳайати кормандон ва роҳбарияти муассисаи таълимӣ оид ба таълими фарзанд мунтазам ҳамкорӣ намоянд.

Суд кирдори ҳуқуқвайронкунанда Садридинов Дилшод Ҳасановичро бо моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аз тарафи падар иҷро накардани ўҳдадориҳо оид ба таълиму тарбияи фарзандони ноболиғ банду баст кард.

Раводиди моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазоро дар намуди огоҳӣ ё ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи аз се то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо пешбинӣ кардааст.

Суд ҳангоми таъини ҷазо хусусияти ҳуқуқвайронкунии маъмурии содирнамуда, шахсияти гунаҳгор, ҳолатҳои сабуккунандаи ҷавобгарии маъмурӣ, вазъи молу мулкӣ ва оилавии ҳуқуқвайронкунанда Садридинов Дилшод Ҳасановичро ба эътибор гирифта ба хулоса омад, ки ӯро бо моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста ба ў бо ҳамин модда ҷазо дар намуди ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи се нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 165 (яксаду шасту панҷ) сомонӣ ба фоидаи давлат таъин кард.