Аз тарафи ронандагон иҷро накардани талаботи қонунии корманди милитсия бобати боздоштани воситаи нақлиёт

Судяи суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар ҳайати раисикунанда судя Ширинзода Ҷ. дар маҷлиси ошкорои судӣ дар толори маҷлисгоҳи бинои суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати Саидов Саймудасир Ҷафарович, 15 июни соли 1995 санаи таваллудаш, зодаи шаҳри Душанбе, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, миллаташ тоҷик, таҳсилоташ олӣ, оиладор соҳиби ду фарзанд, сокини ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 329 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо дида баромад.

Муайян карда шуд, ки Саидов Саймудасир Ҷафарович санаи 21 июли соли 2019 соати 08:10 дақиқа бо воситаи нақлиёти тамғаи «Таёта-Кемри» рақами қайди давлатиаш 6404НН 01 ҳангоми идора намудани воситаи нақлиёт дар шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат, ба ишорачўб ва ҳуштаки нозири БДА оиди боздошти нақлиёт итоат накарда, ҳаракати воситаи нақлиётро давом додааст, ки дар натиҷа воситаи нақлиёти ҳуқуқвайронкунанда боздошт     шудааст.

Ҳуқуқвайронкунанда Саидов Саймудасир Ҷафарович дар мурофиаи судӣ ба гуноҳаш иқрор шуда, аз суд хоҳиш намуд, ки нисбаташ ҷазои маъмурии сабук таъин карда шавад.

Новобаста аз он, ки Саидов Саймудасир Ҷафарович ба гуноҳаш иқрор аст, гунаҳгории ў дар содир намудани ҳамин кирдор бо маводҳои пешниҳодшуда ва дигар далелҳои парванда тасдиқи худро ёфт.

Суд кирдори содирнамудаи ҳуқуқвайронкунанда Саидов Саймудасир Ҷафарович бо моддаи 329 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии маъмуриро барои аз тарафи ронандагон иҷро накардани талаботи қонунии корманди милитсия бобати боздоштани воситаи нақлиёт пешбинӣ менамояд, банду баст кард.

Раводиди қисми 1 моддаи 329-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои ҷарима ба андозаи аз се то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи идора намудани воситаи нақлиёт аз шаш моҳ то як сол пешбинӣ намудааст.

Суд ҳангоми таъини ҷазо хусусияти ҳуқуқвайронкунии маъмурии содирнамуда, шахсияти гунаҳгор, ҳолатҳои сабуккунандаи ҷавобгарии маъмурӣ, вазъи молу мулкӣ ва оилавии ҳуқуқвайронкунанда Саидов Саймудасир Ҷафаровичро ба эътибор гирифта ба хулоса омад,  ӯро бо моддаи 329 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, ба ў бо ҳамин модда ҷазои маъмурӣ дар намуди маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаи нақлиёт ба мўҳлати шаш моҳ, таъин кард.