Ба ҷавобгарӣ кашидан барои интиқоли ғайриқонунии мол ё воситаи нақлиёт аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Судяи суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Исозода Х.И., дар маҷлиси ошкорои судӣ дар бинои суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе парванадаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро нисбати Асадов Дилмурод Ҳамроқулович, 24 июли 1990 санаи таваллудаш, зодаи шаҳри Душанбе, миллаташ тоҷик, таҳсилоташ олӣ, ҷои кор фурушгоҳи маркази “ЦУМ” оиладор, соҳиби ду фарзанд, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино, кўчаи Зарафшон, дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 577 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дод.

Муайян карда шуд, ки 14 октябри соли 2019 ҳангоми гузаронидани амалиёти гумрукӣ бо мақсади пешгирӣ ва ошкор намудани ҳуқуқвайронкуниҳо дар самти фаъолияти воридоти ғайриқонунии гумрукӣ дар Маркази савдои “Тоҷикистон”, воқеъ дар шаҳри Душанбе, хиёбони Рўдакӣ, бинои №83, ҳангоми гузаронидани санҷиш аз мағозаи телефонфурӯшии №25, М-SHOP 26 (бисту шаш) адад телефонҳои мобилии тамғаҳои“Samsung М10” 1 (як) адад, “Samsung А2 core” 3 (се) адад, “Samsung А 30s” 3 (се) адад“Samsung А10” 2 (ду) адад, “Samsung А8” 2  (ду) адад, “Samsung А7” 5 (панҷ) адад, “Samsung А6+” 1 (як) адад, “Samsung J2 core” 1 (як) адад,“Samsung J6 core” 1 (як) адад “Huawei Y7” 2 (ду) адад, “Redmi 7”2(ду) адад, Redmi Go 1 (як) адад “Redmi 7А” 1 (як) адад, “Redmi 6” 1 (як) адад, ки ба ҳуқуқвайронкунанда Асадов Дилмурод Ҳамроқулович таалуқ доштааст аз шаҳри Дубайи АМА бо мақсади ба фурўш баровардан, онҳоро бидуни назорати гумрукӣ ва пинҳонӣ ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид кардааст. Дар натиҷа аз ҷониби кормандони раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе муайян карда шуда, нисбаташ бо моддаи 577 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз гардидааст.

Ҳуқуқвайронкунанда Асадов Дилмурод Ҳамроқулович дар мурофиаи судӣ ба гуноҳаш пурра иқрор шуда, аз суд хоҳиш намуд, ки вазъи иқтисодии ўро ба инобат гирифта, нисбаташ ҷазои сабук таъин карда шавад.

Ба ғайр аз худиқрории ҳуқуқвайронкунанда Асадов Дилмурод Ҳамроқулович гуноҳи ў бо маводҳои парванда, ки дар рафти мурофиаи судй мавриди таҳқиқ қарор дода шудаанд, тасдиқи худро ёфт.

Суд дар рафти мурофиаи судӣ далелҳои ҷамъовардашударо таҳқиқу таҳлил намуда, кирдори ўро бо моддаи 577-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои интиқоли ғайриқонунии мол ё воситаи нақлиёт аз сарҳади гумрукӣ, ки бидуни назорати гумрукӣ ва пинҳонӣ ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шудааст, банду баст кард.

Раводиди моддаи 577 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ворид намудани тағйиру иловаҳо ҷазоро дар намуди ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи аз нисф то яккарата арзиши мол ё воситаи нақлиёт, ки ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мебошад, бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро пешбинӣ намудааст. (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 сол таҳти №1383).

Суд вобаста ба ҳолатҳои сабуккунанда ва вазнинкунандаи ҷавобгарии маъмурӣ, шахсияти ҳуқуқвайронкунанда Асадов Дилмурод Ҳамроқулович ҳолатњои кор, инчунин ваъзи молу мулкии ҳуқуқвайронкунандаро ба инобат гирифта, лозим донист, ки Асадов Дилмурод Ҳамроқуловичро бо моддаи 577 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, ба ӯ ҷазо дар намуди ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи аз нисфи арзиши моли ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, яъне ба андозаи 21068,2 (бисту як ҳазору шасту ҳашт сомонию) 2 (ду) дирам ба фоидаи давлат, бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ таъин кард.

Ашёҳои ҳуқуқвайрорнкунии маъмурӣ, 26 (бисту шаш) адад телефонҳои мобилӣ ба фоидаи давлат мусодира карда шуданд.