Ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидан барои риоя накардани тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо

05 майи соли 2020 судяи суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Исмонзода И. дар маҷлиси ошкорои судӣ дар бинои суди ноҳия парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро нисбати ҳуқуқвайронкунанда Сайдалиева Зебинисо Назриевна, санаи таваллудаш 26 октябри 1964, зодаи шаҳри Душанбе, миллаташ тоҷик, таҳсилоташ олӣ, муваққатан бекор, модари танҳо, соҳиби 7 нафар фарзанд, қаблан бо чунин ҷавобгарии маъмурӣ кашида нашудааст, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, хиёбони Рўдакӣ, дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 481 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайроникунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намуда, муайян кард:

Санаи 27 марти 2020 дар рафти санҷиши ҳолати риоя ва иҷроиши талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби прокуратураи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе муайян карда шудааст, ки шаҳрванд Сайдалиева Зебинисо Назриевна бар хилофи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бахусус бар хилофи моддаи 8 Қонуни номбурда амал намуда, зодрӯзи духтарашро бо ҷалби зиёда аз 15-20 нафар ҷашн гирифтааст, ки дар натиҷа ҳолати мазкур ошкор гардида, нисбати ў парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 481 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда мешавад.

Ҳуқуқвайронкунанда Сайдалиева Зебинисо Назриевна зимни муҳокимаи судӣ худро дар содир гардидани кирдори ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ гунаҳгор дониста, аз кирдори содиршуда пушаймонӣ изҳор намуда, аз суд хоҳиш намуд, ки нисбати ў, ҷазои сабук таъин карда шавад.

Суд маводҳои парвандаро омўхта, баёноти ҳуқуқвайронкунандаро шунида, баҳои ҳуқуқӣ дода, ба чунин хулоса омад.

Тибқи талаботи моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷашни зодрўз ба таври ихтиёри танҳо дар доираи оила гузаронида мешавад.

Моддаи 15 ҳамин Қонун бошад, муқаррар намудааст, ки шахсоне, ки талаботи ҳамин Қонунро вайрон мекунанд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Новобаста аз худиқрорӣ, гуноҳи ҳуқуқвайронкунанда Сайдалиева Зебинисо Назриевна дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 481 қисми 1 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дигар далелҳои боэътимоди дар қабати парванда мавҷуд буда тасдиқи пурра ва бе баҳсӣ худро ёфт.

Бо дарназардошти ҷой доштани мавҷудияти ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ судя, кирдори ҳуқуқвайронкунанда Сайдалиева Зебинисо Назриевнаро бо моддаи 481 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он ҷавобгарии маъмуриро барои риоя накардани тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо пешбинӣ намудааст, банду баст кард.

Моддаи 481 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати шахсони воқеӣ муҷозоти ҷаримаро пешбинӣ намудааст.

Ҳамин тариқ, суд маҷмўи далелҳои ба даст омадаро ба асос гирифта, бо дарназардошти ҷойдорӣ ва ҷоизии онҳо, инчунин бо дарназардошти хусусияти ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, шахсияти гунаҳгор, вазъи молумулкии ў, ҳолатҳои сабуккунанда ва вазнинкунандаи ҷавобгарии маъмурӣ ба инобат гирифта, Сайдалиева Зебинисо Назриевнаро дар содир кардани кирдори ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 481 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, ба ў бо ин қисми модда бо ҷарима ба андозаи 100 (сад) нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 5800 (панҷ ҳазору ҳаштсад) сомонӣ, ҷазо таъин кард.