Ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидани шахс барои харидан, нигоҳ доштан, ҳамлу нақл, истифодабарӣ, ихтиёрдории мол, ки бидуни назорати гумрукӣ ва пинҳонӣ ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шудааст

Судяи суди ноҳияи Исмоили Сомонии шахри Душанбе Шарофзода Б. дар маҷлиси ошкорои судӣ дар бинои маҷлисгоҳи суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, парванадаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати Қодиров Ҳасан Раҳматович,  26 апрели 1980 соли таваллудаш, зодаи ноҳияи Б.Ғафурови вилояти Суғд, миллаташ тоҷик, таҳсилоташ миёна, соҳибкор, оиладор соҳиби се фарзанд, ҷои истиқоматаш вилояти Суғд, ноҳияи Б.Ғафуров, Ҷамоати деҳоти Хистеварз, дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 597 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор дод.

Муайян карда шуд, ки санаи 3 феврали  соли 2021 ҳангоми гузаронидани амалиёти гумрукӣ бо мақсади пешгирӣ ва ошкор намудани ҳуқуқвайронкуниҳо дар самти фаъолияти гумрукӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд дар назди маҳалаи Чорбоғи шаҳри Душанбе автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс Атеко” рақами қайди давлатиаш ТJ 6430 AD 02 боздошт карда шудааст. Ҳангоми гузаронидани санҷиши автомашина аз бордони воситаи нақлиёт либосҳои кӯдакона бо вазни умумии 285 киллограм ва даричаҳои пулодини  бо вазни умумии 550 киллограм, ки истеҳсоли Ҷумҳурии Узбекистон мебошанд дарёфт гардидаанд. Ҳангоми санҷиш муайян гардидааст, ки молҳои мазкур ба Қодиров Ҳасан Раҳматович таалуқ дошта, бидуни назорати гумрукӣ ва пинҳонӣ ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шудаанд.

Ҳуқуқвайронкунанда Қодиров Ҳасан Раҳматович дар мурофиаи судӣ худашро дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ гунаҳгор ҳисоб карда, аз суд хоҳиш намуд, ки вазъи иқтисодии ӯ ба инобат гирифта шуда, нисбаташ ҷазои сабук таъин карда шавад.

Новобаста аз оне, ки ҳуқуқвайронкунанда Қодиров Ҳасан Раҳматович худашро дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ гунаҳгор ҳисоб кард, гуноҳи ӯ бо маводҳои парванда, ки дар рафти мурофиаи судӣ мавриди таҳқиқ қарор дода шудаанд,  тасдиқи худро ёфт.

Суд кирдори Қодиров Ҳасан Раҳматовичро дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 597-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои харидан, нигоҳ доштан, ҳамлу нақл, истифодабарӣ, ихтиёрдории мол, ки бидуни назорати гумрукӣ ва пинҳонӣ ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шудааст, банду баст кард.

Суд вобаста ба ҳолатҳои сабуккунанда ва вазнинкунандаи ҷавобгарии маъмурӣ, шахсияти ҳуқуқвайронкунанда Қодиров Ҳасан Раҳматович ҳолатҳои кор, инчунин ваъзи молу мулкии ҳуқуқвайронкунандаро  ба  инобат  гирифта, Қодиров Ҳасан Раҳматовичро бо моддаи 597 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии гунаҳгор дониста, ба ӯ ҷазо дар намуди ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи яккарати арзиши моли ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, яъне ба андозаи 7,220 (ҳафт ҳазору дусаду бист) сомонӣ ба фоидаи давлат, бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ таъин кард.