Ба даст овардани даромади муфт

Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар ҳайати раисикунанда судя Ширинзода Ҷ. санаи 10 апрели соли 2019 дар мурофиаи ошкорои судӣ дар толори суд парвандаи ҷиноятиро нисбати судшавандагон:

  • Нормуродов Сино Музафарович, 31-уми октябри соли 1988 таваллудаш, миллаташ тоҷик, шаҳрванди Ҷумҳурии Тољикистон, таҳсилоташ олӣ, муваққатан бекор, оиладор, пеш суд нашудааст, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Қубодиён.
  • Ҳамидов Маъруфҷон Маҷидович, 15-уми январи 1993 сол санаи таваллудаш, миллаташ тоҷик, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳсилоташ олӣ, муваққатан бекор, оиладор, пеш суд нашудааст, зода ва сокини шаҳри Кулоб,                           дида баромада муайян кард:

Дар рафти тафтиши пешакӣ муайян карда шудааст, ки Нормуродов Сино Музафарович, тахминан миёнаҳои моҳи августи соли 2018, тавассути шиносҳояш дар назди беморхонаи Қарияи болои шаҳри Душанбе бо нафаре вохӯрда, маслиҳати хариду фурӯши воситаи нашъадори навъи «ҳашиш» ба миқдори 3 кг-ро бо роҳи иваз намудан бо автомашинаи хориҷӣ кардааст.

Тибқи ҳамин маслиҳат Нормуродов С.М. бо мақсади аз ҳисоби хариду фурӯши воситаи нашъадор ба даст овардани фоидаи пулӣ шиносашро пайдо карда, аз охирин хоҳиш намудааст, ки барояш воситаи нашъадори навъи «ҳашиш» ба миқдори 3 кг бо роҳи иваз намудан бо автомашинаи хориҷӣ дастрас намояд.

Баъдан, Нормуродов С.М. тибқи маслиҳати пешакӣ аз шахси миёнарав хоҳиш намудааст, ки ба ивази автомашинаи тамғаи «Лексус-RХ-350», воситаи нашъадори навъи «ҳашиш» дастрас намояд. Шахси миёнарав ба таклифи додаи Нормуродов С.М. розӣ шуда, бо мақсади аз шиносонаш Ҳамидов Маъруфҷон Маҷидович ва «Гург» ном шахс, ки тафтишот шахсияташро маълум карда натавонист, автомашинаи зикршударо барои фурӯш ё бо воситаи нашъадор иваз намудан пешниҳод намудааст.

Ҳамидов М.М. ба таклифи додаи шахси миёнарав розӣ шуда, автомашинаи тамғаи «Лексус-RХ-350»-ро ба язнааш Назаров Азамат Раҷаббекович ба маблағи 70 000 сомонӣ пешниҳод намуда, маблағи 30 000 сомониро ҳамчун пешпардохт аз Назаров А.Р. гирифта, ба шахси миёнарав супорида, дар як маврид ӯро барои ба даст овардани воситаи нашъадори навъи «ҳашиш» ба миқдори калон бо «Гург» ном шахс шинос кардааст. Дар доираи гузаронидани чорабинии оперативӣ шахси миёнарав маблағи 30000 сомонии автомашинаи супоридашударо ба кормандони оперативӣ пешниҳод намуда, маблағи зикршуда дар асоси санад аз шахси миёнарав гирифта шудаастт.

Тибқи маслиҳати пешакӣ, санаи 09 октябри соли 2018, тахминан соати 22 шахси миёнарав бо Ҳамидов М.М. ва «Гург» ном шахс дар маҳаллаи 1-уми Совети шаҳри Душанбе вохӯрӣ намуда, ба маблағи 1100 доллари ИМА аз ҳамшарикони Ҳамидов М.М. ва «Гург» ном шахс дар бастаи селофанӣ ба миқдори 940,0 грамм воситаи нашъадори навъи «ҳашиш»-ро харидорӣ намудааст. Худи ҳамон шаб, «Амин» ном шахс ҳамроҳи Нормуродов С.М. бастаи селофании дохилаш 940,0 грамм воситаи нашъадори навъи «ҳашиш»-доштаро аз маҳаллаи 1-уми Совети шаҳри Душанбе то наздикии маркази савдои «Ашан», воқеъ дар кӯчаи К.Беҳзоди шаҳри Душанбе интиқол дода, онро ба соҳибияти харидори шартӣ додаанд.

Санаи 10 октябри соли 2018, дар доираи чорабинии оперативӣ бастаи селофании дохилаш ба миқдори 940,0 грамм воситаи нашъадори навъи «ҳашиш»-дошта, ки он охирин аз Нормуродов С.М. ба даст оварда шуда буд, гирифта шуд.

Тибқи нақшаи чорабинии оперативӣ, ҳамшарикон Ҳамидов М.М. ва «Гург» ном шахс ба шахси миёнарав бо номи «Амин» бояд, ки боз 1 (як) кг воситаи нашъадори навъи «ҳашиш»-ро медоданд. Шаби 10 октябри соли 2018, тахминан соати 21 шахси миёнарав дар маҳаллаи 1-ум Совети шаҳри Душанбе бо Ҳамидов М.М. ва «Гург» ном шахс вохӯрӣ намуда, дар доираи чорабинии оперативӣ аз Ҳамидов М.М. ва «Гург» ном шахс дар як бастаи селофанӣ ба миқдори 870,0 грамм воситаи нашъадори навъи «ҳашиш»-ро бо маблағи 1100 доллари ИМА харидорӣ намудааст.

Санаи 10 октябри соли 2018, дар доираи чорабинии аз шахси миёнарав бо бастаи селофании дохилаш ба миқдори 870,0 грамм воситаи нашъадори навъи «ҳашиш»-дошта, ки онро аз Ҳамидов М.М. ва «Гург» ном шахс дастрас намуда буд, гирифта шуд.

Дар натиҷаи андешидани чораҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ санаи 12 октябри соли 2018 Нормуродов С.М. ва санаи 15 октябри соли 2018 Ҳамидов М.М. дастгир карда шуда, автомашинаи тамғаи «Лексус-RХ-350», аз назди бинои истиқоматии №89, кӯчаи Фирдавсии шаҳри Душанбе дарёфт карда гирифта шуд.

Суд кирдори судшавандаҳо Нормуродов С.М. ва Ҳамидов М.М.-ро бо моддаи 200 қисми 3 бандҳои “в” ва «г» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии ҷиноятиро барои ғайриқонунӣ соҳиб шудан, нигоҳ доштан, интиқол бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан, ҳамчунин ғайриқонунӣ ба соҳибияти каси дигар додани воситаҳои нашъадор, аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ ва ба миқдори калонро муқаррар мекунад, банду баст кард.

Суд дар асоси далелҳои ба даст овардашуда нисбати Нормуродов С.М. ва Ҳамидов М.М. дар доираи раводиди моддаи 200 қисми 3 бандҳои “в” ва «г» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 8 (сол) бо адои ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низомаш пурзӯр барои ҳар кадоме таъин кард.

Фаҳмонда дода шуд, ки нисбат ба ҳукм дар муҳлати 10 шабонарӯз, ба маҳкумшудаҳо бошад дар ҳамон муҳлат пас аз гирифтани нусхаи ҳукм, тавассути ҳамин суд ба коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии суди шаҳри Душанбе шикоят ё эътирози кассатсионӣ пешниҳод намудан мумкин аст.