Бадқасдона саркашӣ намудани фарзанд аз таъминоти модар

Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар ҳайати раисикунанда судя Сангинзода Ғайрат дар мурофиаи ошкорои судӣ дар толори суди ноҳия санаи 12 марти соли 2019 бо тартиби соддакардаи тафтиши судӣ парвандаи ҷиноятиро нисбати судшаванда Суфиев Суҳроб Раҳматович-05 феврали соли 1979 санаи таваллудаш, зодаи шаҳри Душанбе, миллаташ тоҷик, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳсилоташ миёнаи махсус, ихтисос ронанда, оиладор соҳиби ду нафар фарзанди ноболиғ, ҷои кори расмӣ надорад, сокини шаҳри Душанбе ноҳияи Исмоили Сомонӣ баррасӣ намуда,  муайян кард, ки ӯ дар асоси ҳалномаи суди ноҳияи Исмоили Сомонии ш. Душанбе аз 01 июни соли 2018 уҳдадор гардидааст, ки барои таъминоти модараш Суфиева Фазила Раҳматовна-10 майи соли 1958 санаи таваллудаш ҳар моҳ ба тариқи устувор ба маблағи 120 (яксаду бист) сомонӣ алимент пардохт намояд. Аммо ӯ бидуни сабабҳои узрнок оғоз аз моҳи июни соли 2018 то моҳи феврали соли 2019 уҳдадориашро иҷро накарда, бадқасдона аз иҷрои қарори суд саркашӣ намудааст. Дар ин давра маблағи алименти пардохтнакардаи Суфиев С.Р. 960 (нуҳсаду шаст) сомониро ташкил додааст.

Дар мурофиаи судӣ судшаванда Суфиев С.Р. худро пурра гунаҳгор шуморида, бо тартиби соддкардашуда гузаронидани тафтиши судиро дархост кард.

Ба ғайр аз ба гуноҳи худ иқрор будани судшаванда Суфиев С.Р. гуноҳи ӯ бо далелҳои дигари дар қабати парвандаи ҷиноятӣ буда исботи худро ёфт.

Моддаи 178 қисми 1-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии ҷиноятиро барои бадқасдона, яъне бидуни сабабҳои узрнок саркашӣ намудани фарзандон аз иҷрои қарори суд оид ба пардохти маблағ ҷиҳати таъминоти волидайни ғайриқобили меҳнат ё эҳтиёҷманди ёрии моддӣ пешбинӣ карда, раводиди моддаи мазкур ҷазоҳои алтернативӣ дар намуди корҳои ҳатмӣ ё корҳои ислоҳӣ ва ё ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ пешбинӣ намудааст.

Вақти интихоби намуд ва андозаи ҷазо принсипи фардикунондани ҷазо, хусусияту дараҷаи хавфнокии ҷамъиятии ҷинояти содиршуда, сабабҳои содиршавии он, тарзи амал, ҳолатҳои сабуккунанда ва вазнинкунадаи ҷазо, шахсияти судшаванда ба инобат гирифта шуда, нисбати Суфиев С.Р. бо моддаи 178 қисми 1-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дар намуди 120 (яксаду бист) соат корҳои ҳатмӣ, яъне аз ҷониби шахси маҳкумшуда берун аз вақти корҳои асосӣ ва ё аз таълим ба таври бемузд иҷро намудани корҳои фоиданоки ҷамъиятӣ, ки намудҳои онро мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ муайян менамояд, бо давомнокии на зиёда аз чор соат дар як рӯз таъин карда шуд.