БАРГУЗОРИИ ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА “РӮЗИ МОДАРОН” ДАР СУДИ НОҲИЯ

Санаи 7 марти соли равон дар толори маҷлисгоҳи Суди ноҳия чорабинии тантанавӣ баргузор гардид, ки дар рафти он роҳбарият ва тамоми кормандон иштирок намуданд.

Нахуст бо сухани ифтитоҳӣ раиси Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ муҳтарам Кабирзода Сарфароз Мизроб баромад намуда, бонувони мақомот ва дар симои онҳо тамоми модарони кишварро бо идашон табрику таҳният намуданд.

Аз ҷониби мавсуф қайд гардид, ки эҳтироми зан, шинохту қадр ва манзалати модар қарз ва рисолати ҳар фарди худогоҳ буда, шахс дар сурате онро адо карда метавонад, ки ба қадри заҳмату ранҷ, шири ҷонбахши модар, меҳру самимият ва ғамхории пайвастаи модарон ва хоҳарони боиффату ҳаётофари худ арҷи шоиста гузошта тавонад.

Ҳамчунин таъкид гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шинохт ва эҳтироми зан-модар қайд менамоянд: “Ҷомеае, ки ба зан-модар ғамхорӣ менамояд, ба ояндаи худаш ғамхорӣ мекунад. Давлате, ки ба зан-модар-сарчашмаи ҳаёт ва бақои насли инсонӣ бепарво мебошад, ояндаи худро аз даст медиҳад.”

Дар рафти ҷаласа судяҳо Одиназода М.Ҷ., Шарофзода Б.Қ., Ҳамидзода М.М. ва Исмонзода И. таманиётҳои табрикии хешро ба бонувон иброз дошта, дар ин замина оид ба қадру манзалати зан-модар ва эътирофу эҳтироми ӯ ҳамчун субъекти калидии ҷомеаи ҷаҳонӣ фикрҳои худро баён карданд.

Дар охир раиси Суди ноҳия бори дигар ҳамаи модарону бонувони дар сохтори ин Суд фаъолиятдоштаро ба ифтихори ҷашни фархундаи “Рӯзи модар” табрик намуда, ба онҳо тани сиҳат, иқболи баланд, осоишу оромӣ ва хушбахтиву файзу баракати рӯзгорро таманно намуданд.