БАРГУЗОРИИ ШАНБЕГӢ ДАР СУДИ НОҲИЯ
Санаи 15-марти соли равон бо ҳадафи истиқболи ҷашни байналмилалии Наврӯз дар заминаи ободу тозагардонӣ дар Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ шанбегӣ гузаронида шуд.
Ҷиҳати ободкориву хуррамгардонии дохилу атрофи Суди ноҳия ҳамаи кормандони он камари ҳиммат баста, якҷоя бо шахсони дахлдор саҳми худро ҳамчун шаҳрвандони ватандӯст дар тозаву озодагардонии муҳити атроф расониданд.
Ин амалҳо пеш аз ҳама заминаи ободкории пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ба ҳисоб рафта, шаҳрвандонро зарур аст, ки мунтазам барои гулгулшукуфоии шаҳри азизамон саҳмгузор бошанд.