БАРНОМАИ ИСЛОҲОТИ СУДӢ-ҲУҚУҚӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2019-2021
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021»
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади таҳкими ҳокимияти судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармон медиҳам:
- Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
- Иҷрои Барнома ба зиммаи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти дигари дахлдори давлатӣ гузошта шавад.
- Назорати иҷрои Барнома ба зиммаи ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ гузошта шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе 19 апрели соли 2019, № 1242
Бо фармони Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 19 апрели соли 2019, № 1242
тасдиқ шудааст.
БАРНОМАИ ИСЛОҲОТИ СУДӢ-ҲУҚУҚӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
БАРОИ СОЛҲОИ 2019-2021
Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021 (минбаъд – Барнома) идомаи барномаҳои пешинаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон мебошад, ки ба паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурки Тоҷикистон” аз 26 декабри соли 2018 асос ёфта, амалисозии тадбирҳои заруриро ҷиҳати боз ҳам таҳким бахшидани ҳокимияти судӣ ва такмили қонунгузорӣ доир ба фаъолияти судҳо, хадамоти иҷро, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар мақомоти ҳокимияти давлатӣ пешбинӣ менамояд.
Мақсад ва вазифаҳо
- Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳокимияти судиро шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ муайян намудааст, ки дар таъмини адолати иҷтимоӣ, таҳкими қонуният ва рушди ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд нақши муҳим дорад. Бо дар назар доштани пешрафти ҷомеа ва ба миён омадани муносибатҳои нави ҷамъиятӣ, таъмини адолати судӣ мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ ва меъёрҳои санадҳои ҳуқуқии миллӣ, таҳкими кафолати ҳифзи судии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар кишвар идома дода мешавад.
- Мақсад ва вазифаҳои Барнома аз такмили сохтор ва таҳкими фаъолияти судҳо ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилотҳо, қонунияту адолат, назорати иҷрои саривақтии санадҳои судӣ, баланд бардоштани сифат ва самаранокии кори судҳо, беҳтар намудани вазъи иҷтимоии судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо, инчунин такмили қонунгузорӣ дар ин самт иборат мебошад.
Такмили қонунгузорӣ
- Ҷиҳати муайян кардани тартиби дар Суди конститутсионӣ баррасӣ намудани лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, лоиҳаи қонунҳо ва дигар масъалаҳои ба раъйпурсии умумихалқӣ пешниҳодшаванда ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ворид намудани тағйиру иловаҳо зарур аст.
- Омўзиши қонунгузории баъзе аз кишварҳои хориҷӣ нишон дод, ки баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ вобаста ба амалигардонии фаъолияти соҳибкорӣ ва дигар фаъолияти иқтисодӣ ба тобеияти судҳои иқтисодӣ мансуб дониста шудааст. Бо дар назар доштани он ки судҳои иқтисодӣ парвандаҳои иқтисодиро бо иштироки соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ баррасӣ менамоянд, мувофиқи мақсад аст, ки масъалаи ба тобеияти идоравии судҳои иқтисодӣ мансуб донистани парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ мавриди таҳлил қарор дода шавад.
- Бо мақсади иҷрои саривақтии санадҳои судӣ ва санадҳои мақомоти дигар, бартараф намудани норасоиву мухолифатҳо дар қонунгузории танзимкунандаи истеҳсолоти иҷро, такмили тартиби иҷрои маҷбурии санадҳои иҷро, аз ҷумла бо дар назар доштани хусусияти амалҳои иҷро ва ҳалли дигар масъалаҳои соҳа, зарур аст, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи истеҳсолоти иҷро” дар таҳрири нав таҳия ва қабул карда шавад.
- Ҷиҳати таъмини баррасии одилона ва холисонаи парвандаҳои ҷиноятӣ, таъмини ёрии ҳуқуқии тахассусӣ ба дастгиршуда, гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда, такмили асосҳои қонунии додани иҷозат барои татбиқ намудани чораи пешгирӣ дар намуди ба ҳабс гирифтан ва такмили меъёрҳои дигари мурофиавӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақсад мувофиқ мебошад.
- Принсипи конститутсионии ошкоро будани муҳокимаи судӣ, дастрасии ҷомеа ба фаъолияти судҳо кафолати муҳокимаи одилонаи судӣ ва яке аз воситаҳои таҳкими боварии ҷомеа нисбат ба ҳокимияти судӣ буда, иҷрои вазифаҳои мурофиаи судиро барои таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, пешгирии содиршавии ҷиноят, эҳтиром ба қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд таъмин менамояд. Дар ин раванд, дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо аҳамияти муҳим дорад. Бинобар ин, зарурати таҳия ва қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъмини дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо”, беҳдошти кори сомонаҳои судӣ, тақсимоти электронии парвандаҳои судӣ ва такмили қонунгузорӣ вобаста ба самтҳои дигари фаъолияти мақомоти судӣ ба миён омадааст.
- Бо мақсади таъмини мутобиқати қонунгузории ҷиноятӣ бо санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, таҷдиди назар кардани ҷазои ҷиноятӣ дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ барои кирдорҳои алоҳидаи ҷиноятӣ, ғайриҷиноигардонии баъзе кирдорҳои ҷиноятии дараҷаи хавфнокиашон паст ва умуман ҷиҳати такмили қонунгузории ҷиноятӣ тезонидани таҳияи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав зарур мебошад.
- Ҷиҳати таҳкими ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилотҳо, бахусус ҳуқуқи молумулкии онҳо, мутобиқ сохтани меъёрҳои соҳа ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва дигар санадҳои ҳуқуқии миллӣ, инчунин бо дар назар доштани танзими муносибатҳои нави ҷамъиятӣ, таҳия ва қабули Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав мувофиқи мақсад мебошад.
- Таъмини ҳуқуқи шаҳрвандон ба манзил, такмили меъёрҳои ҳуқуқии соҳа, мутобиқ кардани онҳо бо дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин танзими муносибатҳои нави ҷамъиятӣ оид ба манзил ва иҷрои саривақтии санадҳои судӣ вобаста ба баҳсҳои манзил тақозо менамоянд, ки Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав қабул карда шавад.
Такмили сохтор ва беҳдошти шароити моддию техникии судҳо, вазъи иҷтимоии судяҳо ва кормандони судҳо
- Кори судя ба масъулияти баланд ва сарбории зиёди ҷисмониву ақлонӣ вобаста аст. Ба замми ин, сол ба сол шумораи парвандаҳои судӣ ба таври назаррас меафзояд. Бинобар ин, ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии кори судяҳо, беҳтар гардонидани сифати баамалбарории адолати судӣ, дар муҳлати муқарраргардида баррасӣ кардани парванда ва муроҷиатҳо ба мақсад мувофиқ аст, ки масъалаи ҷорӣ намудани мансаби ёрдамчии судяи Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ дар доираи маблағҳои мавҷуда ва воҳидҳои кории амалкунанда мавриди омўзиш қарор дода шавад.
- Нақши кормандони мақомоти судӣ дар баамалбарории адолати судӣ муҳим мебошад. Аз ин рў, пайваста такмил додани дониши касбии кормандони мақомоти номбурда мувофиқи мақсад мебошад. Дар ин замина Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодиро зарур аст, ки ҷиҳати ба такмили ихтисос фаро гирифтани кормандони мақомоти мазкур чораҳо андешанд.
- Ҷиҳати пайваста баланд бардоштани дониш, маҳорати касбӣ, масъулият ва одоби судяҳо, беҳдошти раванди бозомўзии касбӣ ва бо дар назар доштани тағйирот дар низоми таҳсилоти олии касбӣ, зарур аст, ки мақоми Маркази таълимии судяҳо баланд бардошта шавад.
- Бо мақсади таъмини принсипи баробарии ҳама дар назди қонун, баррасии саривақтии шикоятҳои кассатсионӣ ва назоратӣ оид ба санадҳои судии судҳои шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ мувофиқи мақсад аст, ки масъалаи таъсиси судҳои минтақавӣ мавриди омўзиш қарор дода шавад.
Муқаррароти хотимавӣ
Ҷиҳати ҳалли масъалаҳои дар боло зикргардида нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021 замима мегардад.
Замима:
ба Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
барои солҳои 2019-2021
Нақшаи
чорабиниҳо оид ба иҷрои Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар
Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021
р/т | Номгӯи чорабиниҳо | Муҳлат | Иҷрокунанда |
1. | Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон” вобаста ба тартиби баррасии лоиҳаи тағйиру иловаҳои ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, лоиҳаи қонунҳо ва дагар масъалаҳои ба раъйпурсии умумихалқӣ пешниҳодшаванда, инчунин танзими дигар масъалаҳои Суди конститутсионӣ | Соли 2020 | Суди конститутсионӣ Вазорати адлия |
2. | Омӯзиши масъалаҳои ба тобеияти судҳои иқтисодӣ мансуб донистани баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ, инчунин танзими дигар масъалаҳои мурофиаи иқтисодӣ | Соли 2020 | Суди Олии иқтисодӣ Суди Олӣ Прокуратураи генералӣ Вазорати адлия |
3. | Таҳия ва қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи истеҳсолоти иҷро” дар таҳрири нав бо мақсади иҷрои саривақтии санадҳои судӣ ва бартараф намудани норасоиву мухолифатҳо дар қонунгузорӣ, такмили тартиби иҷрои маҷбурии санадҳои иҷро, инчунин танзими дигар масъалаҳои соҳа | Соли 2020 | Хадамоти иҷро Суди Олӣ Суди Олии иқтисодӣ Прокуратураи генералӣ Вазорати адлия |
4. | Омӯзиши масъалаи ҷори намудани мансаби ёрдамчии судяи Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ дар доираи маблағҳои мавҷуда ва воҳидҳои кории амалкунанда бо мақсади баланд бардоштани самаранокии кори судҳо, беҳдошти сифати санадҳои судӣ | Солҳои
2020-2021 |
Суди Олӣ Суди Олии иқтисодӣ Вазорати молия Агентии хизмати давлатӣ |
5. | Ҷиҳати баланд бардоштани донишҳои назариявӣ ва амалӣ ба бозомӯзӣ фаро гирифтани кормандони Суди конститутсионӣ ва Суди Олии иқтисодӣ | Солҳои
2019-2021 |
Суди конститутсионӣ Суди Олӣ Суди Олии иқтисодӣ Агентии хизмати давлатӣ |
6. | Такмили Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ вобаста ба татбиқи чораи пешгирӣ дар намуди ба ҳабс гирифтан ва танзими масъалаҳои дигари мурофиавӣ | Солҳои
2020-2021 |
Суди Олӣ Прокуратураи генералӣ Вазорати корҳои дохилӣ |
7. | Таҳия ва қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъмини дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо” бо мақсади сари вақт ба ҷомеа расонидани иттилоот аз кори судҳо, таҳкими боварии мардум ба ҳокимияти судӣ, инчунин беҳдошти кори сомонаҳои судӣ, тақсимоти электронии парвандаҳои судӣ ва такмили қонунгузорӣ вобаста ба самтҳои дигари фаъолияти мақомоти судӣ | Солҳои
2020-2021 |
Суди Олӣ Суди конститутсионӣ Суди Олии иқтисодӣ Вазорати адлия Маркази миллии қонунгузорй |
8. | Ҷиҳати беҳдошти дониш, маҳорати касбӣ, масъулият ва одоби судяҳо, раванди бозомӯзии ихтисосӣ ва бо дар назар доштани тағйирот дар низоми таҳсилоти олии касбӣ баланд бардоштани мақоми Маркази таълимии судяҳо | Солҳои
2020-2021 |
Суди Олӣ Суди конститутсионӣ Суди Олии иқтисодӣ Вазорати адлия Агентии хизмати давлатӣ Вазорати маориф ва илм |
9. | Таҳия ва қабули Кодекси ҷиноятӣ дар таҳрири нав бо мақсади таҷдиди назар кардани ҷазои ҷиноятӣ дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ва ғайриҷиноигардонии баъзе кирдорҳои ҷиноятии дараҷаи хавфнокиашон паст, инчунин мутобиқ намудани меъёрҳои қонунгузории ҷиноятӣ ба санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва санадҳои ҳуқуқии миллӣ | Солҳои
2019-2021 |
Гурӯҳи корӣ Суди Олӣ Прокуратураи генералӣ Вазорати адлия Маркази миллии қонунгузорӣ Донишгоҳи миллӣ |
10. | Таҳия ва қабули Кодекси гражданӣ дар таҳрири нав бо мақсади ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилотҳо, бахусус ҳуқуқи молумулкии онҳо, бехдошти сифати парвандаҳои гражданӣ ва санадҳои иҷро, мутобиқ сохтани меъёрҳои соҳа бо санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва дигар санадҳои ҳуқуқии миллӣ, инчунин бо дар назар доштани танзими муносибатҳои нави ҷамъиятӣ | Солҳои
2019-2021 |
Гурӯҳи корӣ Суди Олӣ Суди Олии иқтисодӣ Прокуратураи генералӣ Вазорати адлия Маркази миллии қонунгузорӣ Донишгоҳи миллӣ |
11. | Омӯхтани масъалаи таъсиси судҳои минтақавӣ бо мақсади беҳдошти сифати санадҳои судӣ ва таъмини принсипи баробарии ҳама дар назди қонун,
баррасии шикоятҳои кассатсионӣ ва назоратӣ оид ба санадҳои судии судҳои шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ |
Солҳои
2019-2021 |
Суди Олӣ
Суди Олии иқтисодӣ |
12. | Таҳия ва қабули Кодекси манзил дар таҳрири нав бо мақсади таъмини ҳуқуқҳои шаҳрвандон ба манзил, такмил ва мутобиқ кардани меъёрҳои қонунгузории соҳа бо санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва дигар санадҳои ҳуқуқии миллӣ, инчунин танзими муносибатҳои нави ҷамъиятӣ оид ба манзил ва беҳдошти иҷрои санадҳои судӣ вобаста ба баҳсҳои манзил | Солҳои
2019-2021 |
Гурӯҳи корӣ
Суди Олӣ |