Баррасии мурофиаи сайёри судӣ

Имрӯз, санаи 11 марти соли ҷорӣ  дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 шаҳри Душанбе якчанд парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, Сангинзода Ғ. мавриди баррасӣ қарор гирифта, нисбати ҳуқуқвайронкунандаҳо барои вайрон кардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ҷарима ба фоидаи давлат таъин карда шуд.

Санаи 20 феврали соли 2019 ҳангоми санҷиш аз тарафи мақомоти прокуратураи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 шаҳри Душанбе муайян гардид, ки баъзе аз хонандагони ин муассиса бо худ барои истифода намудан телефони мобилӣ овардаанд. Зимни гузаронидани санҷиш аз тарафи прокуратураи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нисбати падару модари хонандагон барои риоя накардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ба суди ноҳия ирсол карда шудааст.

Қайд карда мешавад, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ӯҳдадориҳои пардару модарро ҳангоми таълиму тарбияи фарзандон нишон дода, дар моддаи 8 чунин овардааст: «падару модар уҳдадоранд ба фарзанди то синни мактабӣ ва фарзанде, ки дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқии онҳо, таҳсил мекунанд, бо худ овардан ва истифодаи телефонҳои мобилиро манъ намоянд.»

(Расмҳо аз ҷараёни баргузории мурофиаи сайёри судӣ)