Дар ҳолати мастӣ идора намудани воситаи нақлиёт

Суди ноҳияи Исмоили Сомонии ш. Душанбе дар ҳайати раисикунанда Ҳамидзода М. дар маҷлиси ошкорои судӣ дар бинои суди ноҳия парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро нисбати Махсутов Сино Назарамонович 01 декабри соли 1978 санаи таваллудаш, зодаи ноҳияи Роштқалъа, миллаташ тоҷик, таҳсилоташ миёна, муваққатан бекор, оиладор, соҳиби 2 фарзанд, сокини шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино, кўчаи Шамсӣ, хонаи 1/2, ҳуҷраи 2 бо моддаи 332 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намуда, муайян кард, ки ӯ санаи 17.01.2019 соати 02:06 дақиқа дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе, воситаи нақлиёти тамғаи «Тайота-Карола», рақами қайди давлатиаш 89-25 СР 01-ро дар ҳолати мастӣ аз истеъмоли нушокиҳои спиртӣ идора намудааст.

Ҳуқуқвайронкунанда Махсутов Сино дар рафти мурофиаи судӣ ба гуноҳаш иқрор шуда, аз кирдори содирнамудааш сидқан пушамонӣ изҳор намуда, аз суд хоҳиш кард, ки нисбаташ ҷазои ҳабси маъмурӣ таъин карда шавад, чунки ӯ шароити супоридани ҷаримаро надорад.

Гуноҳи ҳуқуқвайронкунанда новобаста аз оне ки ӯ пурра бо гунаҳгор аст, бо далелҳои дар қабати маводҳои парванда буда исботи худро ёфт.

Санксияи моддаи 332 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазоро дар намуди ҷарима ё ҳабси маъмурӣ бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба муҳлати панҷ сол пешбинӣ кардааст.

Суд ҳангоми таъини ҷазо хусусияти ҳуқуқвайронкунии маъмурии содиршуда, шахсияти гунаҳгор, ҳолатҳои сабуккунанда ва вазнинкунандаи ҷавобгарии маъмурӣ, инчунин ҳолати он, ки худи ҳуқуқвайронкунанда аз суд хоҳиш намуд, ки ба ӯ ҷазои ҳабси маъмурӣ таъин карда шавад, ба эътибор гирифта, лозим донист, ки нисбати Махсутов Сино Назарамонович бо моддаи 332 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 15 (понздаҳ) шабонарўз бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи идора кардани воситаҳои нақлиёт ба муҳлати 5 (панҷ) сол таъин кард.