Дар ҳолати ретсидиви хавфнок ва ба миқдори махсусан калон содир намудани ҷинояти қаллобӣ

17 сентябри соли 2019 дар маҷлиси ошкорои судӣ дар бинои суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе парвандаи ҷиноятӣ нисбати Ахтамов Мумин Асоевич 01 январи соли 1986 санаи таваллудаш, зодаи шаҳри Душанбе, миллаташ тоҷик, таҳсилоташ олии техникӣ, муваққатан бекор, беҳизб, қаблан бо ҳукми суди ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе аз санаи 31 январи соли 2013 бо моддаи 249 қисми 2 бандҳои “б,в” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мӯҳлати 5 (панҷ) сол маҳкум карда шуда, доғи судӣ дорад, оиладор соҳиби чор фарзанд, сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Ҳ.Шерозӣ дар содир намудани ҷинояти дар моддаи 247 қисми 4 банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Аз ҷониби тафтишоти пешакӣ нисбати Ахтамов Мумин Асоевич дар ҳолати ретсидиви хавфноки ҷиноят чунин айб эълон гардида буд:

Чунончи ӯ аввалҳои моҳи октябри соли 2017ҳангоми дар суроғаи шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Яккачинор қарор доштанаш ба рафиқаш Баёнов Ҷамшед Нусратуллоевич як адад автомашинаи тамғаи “Ягуар” арзишаш 12000 (дувоздаҳ ҳазор) доллари ИМА ва як адад автомашинаи тамғаи “Мерседес бенс” арзишаш тахминан 50000 (панҷоҳ ҳазор) доллари ИМА-ро ба гарав гузошта, маблағи 20000 (бист ҳазор) доллари ИМА пулии нақд гирифтааст. Сипас ў баҳри амалӣ намудани нақшаи таҳрезӣ кардааш аз боварии Баёнов Ҷамшед Нусратуллоевич сўиистифода намуда, бо баҳонаи дигар автомашинаро оварда ба гарав гузоштан, автомашинаи тамғаи “Мерседес Бенс”-и ба гарав гузоштаашро гирифта, автомашинаи ваъда намудаашро ба гарав нагузоштааст. Ӯ баъди талаби зиёди Баёнов Ҷамшед Нусратуллоевич боз як автомашинаи тамғаи “Опел Астра”, арзишаш 3000 (се ҳазор) доллари ИМА-ро ба ҷои қисми маблағҳои тасарруф намудааш дода ғайб задааст, ки дар натиҷа ў бо кирдорҳои худ ба шаҳрванд Баёнов Ҷамшед Нусратуллоевич ба маблағи 5000 (панҷ ҳазор) доллари ИМА, мутаносибан ба асъори миллӣ баробар ба 43997 (чилу се ҳазору нуҳсаду наваду ҳафт) сомонӣ зарари махсусан калони моддӣ расонидааст.

Ӯ, боз такроран, бо мақсади қаллобӣ, яъне тасарруфи молу мулки ғайр бо роҳи фиреб ва сўиистифодаи боварӣ, аз боварии рафиқаш Ризоев Умед Мадаминович истифода намуда, санаи 15 январи соли 2018, ҳангомидар назди бозори “Меҳргон”-и шаҳри Душанбе воқеъ дар ноҳияи И.Сомонӣ, кӯчаи Меҳнат 5 қарор доштанаш, автомашинаи охирин тамғааш “Порше-Кайен”, рақами қайди давлатиаш 47-30 ЕМ 01, рангаш сиёҳ, соли бароишаш 2016-ро ба маблағи 70000 (ҳафтод ҳазор) доллари ИМА нархгузорӣ намуда ва онро бо роҳи фиреб, бо баҳонаи қарз ба мӯҳлати 6 (шаш) моҳ гирифтааст. Ў, боз ҳангоми дар шаҳри Душанбе, ноҳияи И.Сомонӣ, кӯчаи Дустии Халқҳо 7 қарор доштанаш кирдорҳои қаллобонаашро идома дода, аввалҳои моҳи майи соли 2018, аз боварии Ризоев Умед Мадаминович сўиистифода намуда, бо баҳонаи қарз ба маблағи 6500 (шаш ҳазорупанҷсад) доллари ИМА, масолеҳи сохтмонии навъҳои “симент” ва “қум” гирифта, тасарруф намудааст. Ӯ, баъди гузаштани мӯҳлатҳои ваъда намудааш ва талаби зиёди Ризоев Умед Мадаминович аз маблағи умумии тасарруф намудааш 13500 (сенздаҳ ҳазору панҷсад) доллари ИМА-ро ба охирин баргардонида, маблағи боқимонда 63000 (шасту се ҳазор) доллари ИМА-и дигарашро тасарруф намуда ғайб мезанад, ки дар натиҷа бо ин кирдорҳои худ ба шаҳрванд Ризоев Умед Мадаминович ҷамъ бо маблағи 556511 (пансаду панҷоҳу шаш ҳазору панҷсаду ёздаҳ) сомонӣ зарари махсусан калон расонидааст.

Гарчанде судшавнда Ахтамов Мумин Асоевич худро бо айби ба ӯ эълон шуда қисман гунаҳгор ҳисоб намуда бошад, ҳам гуноҳи ӯ дар содир намудани ҷинояти мазкур бо далелҳои дар қабати парвандаи ҷиноятӣ мавҷуд буда, тасдиқи худро ёфт.

Бинобар ин суд кирдори судшаванда Ахтамов Мумин Асоевичро бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии ҷиноятиро барои қаллобӣ, яъне тасарруфи молу муклии ғайр ва ба даст овардани ҳуқуқ ба молу мулки ғайр бо роҳи фиреб ва сӯистифодаи боварӣ, бо аломатҳои такроран, дар ҳолати ретсидиви хавфнок ва ба миқдори махсусан калон содир шудааст, пешбинӣ мекунад банду баст кард.

Ҳангоми таъини ҷазо суд хусусияту дараҷаи хавфнокии ҷамъиятии ҷинояти содиршуда, ҳолатҳои сабуккунанда, вазнинкунанда ва шахсияти судшаванда Ахтамов Мумин Асоевичро, ки дар ҳолати ретсидиви хавфнок ҷиноят содир намудааст, ба инобат гирифта, ба хулоса омад, ки Ахтамов Мумин Асоевичро бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, ба ӯ бо ин модда ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 9 (нуҳ) сол, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ ба мӯҳлати 3 (се) сол, бо адо намудани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низоми сахт, таъин кард.