Дуздӣ дар чанд ҳолат ва оқибат боиси фавти ҷабрдида

Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар маҷлиси ошкорои судӣ дар толори суд дар ҳайати раисикунанда судя Ширинзода Ҷ. парвандаи ҷиноятиро нисбати судшавандаҳо:

  1. Беков Аслиддин Мирзоевич, 28 июли 1989 соли таваллудаш, зодаи шаҳри Душанбе, миллаташ тоҷик, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳсилоташ миёна, муваққатан бекор, пеш суд нашудааст, оиладор, соҳиби ду фарзанд, сокини шаҳри Душанбе бо моддаи 244 қисми 2 бандҳои “б,г” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон (дуздӣ, яъне тасарруфи ниҳонии молу мулки ғайр, аз ҷониби гурўҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ, бо роҳи ғайриқонунӣ даромадан ба манзил), бо моддаи 249 қисми 3 бандҳои “а,г” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон (роҳзанӣ, яъне ҳуҷум бо мақсади тасарруфи молу мулки ғайр бо истифодаи зўроварӣ барои ҳаёт ва саломатӣ хавфнок ё таҳдиди истифодаи чунин зўроварӣ, бо аломатҳои такроран, аз ҷониби шахсон бо маслиҳати пешакӣ, бо роҳи ғайриқонунӣ даромадан ба манзил, бо мақсади ба миқдори калон ба даст овардани молу мулк, бо расонидани зарари вазнин ба саломатӣ), бо моддаи 110 қисми 3 банди “в” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон (қасдан ба саломатӣ расонидани зарари вазнин, ки аз беэҳтиётӣ боиси фавти ҷабрдида гардидааст).
  2. Алиев Толибҷон Исломович, 20 декабри 1985 соли таваллудаш, зодаи шаҳри Душанбе, миллаташ тоҷик, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳсилоташ миёна, муваққатан бекор, пеш шаш маротиба суд шудааст, доғи судӣ надорад, оиладор, соҳиби се фарзанд, сокини шаҳри Душанбе, бо моддаи 244 қисми 2 бандҳои “б,г” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон (дуздӣ, яъне тасарруфи ниҳонии молу мулки ғайр, аз ҷониби гурўҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ, бо роҳи ғайриқонунӣ даромадан ба манзил), бо моддаи 249 қисми 3 бандҳои “а,г” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон (роҳзанӣ, яъне ҳуҷум бо мақсади тасарруфи молу мулки ғайр бо истифодаи зўроварӣ барои ҳаёт ва саломатӣ хавфнок ё таҳдиди истифодаи чунин зўроварӣ, бо аломатҳои такроран, аз ҷониби шахсон бо маслиҳати пешакӣ, бо роҳи ғайриқонунӣ даромадан ба манзил, бо мақсади ба миқдори калон ба даст овардани молу мулк, бо расонидани зарари вазнин ба саломатӣ), бо моддаи 110 қисми 3 банди “в” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон (қасдан ба саломатӣ расонидани зарари вазнин, ки аз беэҳтиётӣ боиси фавти ҷабрдида гардидааст) баррасӣ намуда, муайян кард:

Алиев Толибҷон Исломович ва Беков Аслиддин Мирзоевич шаби 07 декабри соли 2018 тахминан соати 22 ба 23, ҳангоми дар гузаргоҳи 4, кўчаи Қурбон Раҳимови шаҳри Душанбе қарор доштанашон барои ба даст овардани фоидаи муфт бо роҳи дуздӣ, яъне тасарруфи ниҳонии молу мулки ғайр маслиҳати пешакӣ намуда, ғайриқонунӣ ба манзили истиқоматии №6, ки ба ҷабрдида Нехмонова Миҷгона Шарифҷоновна тааллуқ дорад, тавассути болои девор ворид гардида, манзили истиқоматии мазкурро кофтуков намуда, як адад ангуштаринро тасарруф намуда, ба ҷабрдида зарари оддии моддӣ расонидаанд.

Ғайр аз ин, Алиев Толибҷон Исломович ва Беков Аслиддин Мирзоевич шаби 07 декабри соли 2018 тахминан соати 22 ба 23, ҳангоми дар гузаргоҳи 4, кўчаи Қурбон Раҳимови шаҳри Душанбе қарор доштанашон бо мақсади роҳзанӣ, яъне ҳуҷум бо мақсади тасарруфи молу мулки ғайр бо истифодаи зўроварии барои ҳайёт ва саломатӣ хафнок ё таҳдиди истифодаи чунин зўровариро намуда барои ба даст овардани фоидаи муфт аз байни худ маслиҳати пешакӣ карда, ғайриқонунӣ ба манзили истиқоматии №3, ки ба ҷабрдида Поляков Иван Иванович тааллуқ дорад, тавасути тирезаи шикастаашон ворид гардидаанд, ки соҳибмулк аз шикастани садои тиреза хабар ёфта аз ҷои хобаш нимхез шудааст. Судшаванда АлиевТ.И. тибқи маслиҳати пешакӣ намудаашон кирдори ҷинояткоронаи худро идома дода, аз ҷои ҳодиса курсии хурди барои нишаст (табуретка)-ро гирифта, як маротиба дар қисмати сари ҷабрдида зарба зада аз ин бо худ қаноат накарда ду маротибаи дигар дар сару рӯи ҷабрдида бо мушт зарба зада афтонида аз ҷайби курткаи дар дари ҳуҷра овезонбуда, тахминан ба миқдори 2000 сомонӣ пули нақд, як адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг”, як ҷуфт медали ифтихорӣ ва як адад печкаи барқи (радеатор)-ро тасарруф намуда, аз ҷои ҳодиса ғайб зада бо ин кирдорҳояшон ба саломатии ҷабрдида зарари вазнини ҷисмонӣ ва зарари моддӣ ба миқдори калон расонидаанд.

Инчунин Алиев Толибҷон Исломович ва Беков Аслиддин Мирзоевич шаби 07 декабри соли 2018 тахминан соати 22:00 ба 23:00, ҳангоми дар гузаргоҳи 4, кўчаи Қурбон Раҳимови шаҳри Душанбе қарор доштанаш бо мақсади қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги ҷабрдида гардида бошад, ғайриқонунӣ ба манзили истиқоматии №3, ки ба ҷабрдида Поляков Иван Иванович тааллуқ дорад, тавассути тирезаи шикастаашон ворид гардидааанд, ки соҳибмулк аз шикастани садои тиреза хабар ёфта аз ҷои хобаш нимхез шудааст. Судшаванда АлиевТ.И. барои амалӣ гардидани нияти ғаразноки худ аз ҷои ҳодиса курсии хурди барои нишаст (табуретка) гирифта, як маротиба дар қисмати сари охирин зарба зада аз ин бо худ қаноат накарда ду маротибаи дигар дар сару рӯи ҷабрдида Поляков И. Бо мушт зарба зада афтонида бо ин кирдорҳои худ ба саломатии ҷабрдида зарари вазнини ҷисмонӣ расонида, аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд.

Судшаванда Алиев Толибҷон Исломович дар мурофиаи судӣ бо айбҳои ба ў эълоншуда бо моддаҳои 244 қисми 2 бандҳои “б,г”, 249 қисми 3 бандҳои “а,г”, 110 қисми 3 банди “в” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон худашро пурра айбдор шуморида, нишондодҳои дар рафти тафтиши пешакӣ додаашро пурра тасдиқ намуда, аз додани нишондод дар мурофиаи судӣ худдорӣ намуда, танҳо баён намуд, ки ў аз кирдори содирнамудааш сидқан пушаймон мебошад, аз суд хоҳиш намуд, ки ҷавонии ўро ба инобат гирифта, нисбаташ ҷазои сабук таъин карда шавад.

Судшаванда Беков Аслиддин Мирзоевич дар мурофиаи судӣ бо айбҳои ба ў эълоншуда бо моддаҳои 244 қисми 2 бандҳои “б,г”, 249 қисми 3 бандҳои “а,г”, 110 қисми 3 банди “в”  КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон худашро пурра айбдор шуморида, нишондодҳои дар рафти тафтиши пешакӣ додаашро пурра тасдиқ намуда, аз додани нишондод худдорӣ намуда, танҳо баён намуд, ки ӯ аз кирдори содирнамудааш сидқан пушаймон мебошад, аз суд хоҳиш намуд, ҷавонии ўро ба инобат гирифта ҷазои сабук таъин карда шавад.

Гарчанде, ки судшавандаҳо Алиев Толибҷон Исломович ва Беков Аслиддин Мирзоевич бо айбҳои ба онҳо эълоншуда бо моддаҳои 244 қисми 2 бандҳои “б,г”, 249 қисми 3 бандҳои “а,г”, 110 қисми 3 банди “в” Кодекси ҷиноятии  Ҷумҳурии Тоҷикистон худашонро пурра гунаҳгор ҳисобида бошанд ҳам, гуноҳи онҳо дар содир намудани ҷинояти мазкур, бо нишондоди ҷабрдидаҳо, шоҳидон ва далелҳои дар қабати парванда ҷамъовардашуда, ки аз ҷониби суд мавриди таҳқиқ ва муҳокима қарор дода шудаанд, пурра тасдиқи худро.

Суд ҳангоми таъини ҷазо нисбати судшавандаҳо Алиев Толибҷон Исломович ва Беков Аслиддин Мирзоевич дар асоси талаботи моддаи 60 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусияту дараҷаи хавфнокии ҷамъиятии ҷинояти содиршуда, яъне арзиши объектҳои бо қонун муҳофизатшаванда, шахсияти гунаҳгорон, ҳолатҳое, ки ҷазоро сабук ва вазнин мекунанд ба инобат гирифта, нисбаташон чунин ҷазо таъин кард:        

Беков Аслиддин Мирзоевич ва Алиев Толибҳон Исломович бо моддаҳои 244 қисми 2 бандҳои “б,г”, 249 қисми 3 бандҳои “а,г”, 110 қисми 3 банди “в” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, гунаҳгор дониста шуда, ба онҳо ҷазои зерин таъин кард.

Ба Беков Аслиддин Мирзоевич бо моддаи 244 қисми 2 бандҳои “б,г” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 2 (ду) сол;

— бо моддаи 249 қисми 3 бандҳои “а,г” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 12 (дувоздаҳ) сол;

— бо моддаи  110 қисми 3 банди “в” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 12 (дувоздаҳ) сол.

Дар асоси талаботи қисми 3 моддаи 67 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо аз рўи маҷмўи ҷиноятҳо бо роҳи қисман зам намудани ҷазоҳои таъингардида ба Беков Аслиддин Мирзоевич ҷазои ниҳоӣ дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 14 (чордаҳ) сол бо адо намудани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низомаш сахт таъин кард.

Ба Алиев Толибҷон Исломович бо моддаи 244 қисми 2 бандҳои “б,г” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 2 (ду) сол;

— бо моддаи 249 қисми 3 бандњои “а,г” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 12 (дувоздаҳ) сол;

— бо моддаи  110 қисми 3 банди “в” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 12 (дувоздаҳ) сол.

Дар асоси талаботи қисми 3 моддаи 67 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо аз рўи маҷмўи ҷиноятҳо бо роҳи қисман зам намудани ҷазоҳои таъингардида ба Алиев Толибҷон Исломович ҷазои ниҳоӣ дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 16 (шонздаҳ) сол бо адо намудани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низомаш сахт таъин кард.