Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи судяи суди шаҳри Ҳисор озод намудани Собирзода З.Ф.»

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи судяи суди шаҳри Ҳисор
озод намудани Собирзода З.Ф.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Собирзода Зайдулло Фозил бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад, аз вазифаи судяи суди шаҳри Ҳисор озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
8 июни соли 2020
№1546