Фарорасии соли нави мелодӣ муборак бошад!

Ҳамватанони азиз!

Ҳар яки Шуморо бо фарорасии соли нави мелодии 2020 самимона таҳнияту муборакбодӣ намуда, бароятон тандурустиву саодатмандӣ, бахту иқболи нек, оромиву хушбахтӣ, файзу баракат ва рӯзгори орому осударо таманно дорам.

Соли рафтаистода барои мардуми кишвари мо аз ҷумлаи солҳои бисёр муҳиму хотирмон мебошад. Дар соли куҳан мо бо шарофати роҳбарии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар аксари соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба пешравиҳои назаррас ноил гардидем ва умед дорем, ки соли нави 2020 ба ин хазинаи миллат комёбиҳои навро дар соҳаҳои мухталифи зиндагии мардуми мамлакат зам карда, азму талошҳои ободкории Ватан боз ҳам вусъат ёфта, ба таҳкими минбаъдаи пояҳои давлатдории миллӣ, дастовардҳои истиқлолият ва амалӣ гардидани ормонҳои деринаи халқи тоҷик мусоидат хоҳад намуд.

Бигузор соли нав бароятон соли бобарор, пурфайзу баракат ва суботу хушбахтӣ оварда, рамзи некӯиву саодатмандии мо гардад.

 

Бо арзи эҳтиром,

Муовини раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, С.М.Кабирзода.