Гумроҳӣ ва оқибат

«Дар ин замина мо аз хориҷи кишвар зиёда аз 300 нафар шаҳрвандони худро, ки ҷиҳати пайвастан ба гурӯҳҳои ҷангҷӯёни террористиву ифротгар, ба хусуси «Давлати исломӣ», «ба минтақаҳои «даргир» – Ховари Миёна рафта буданд, ба Ватан баргардондем», – изҳор дошт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Э. Раҳмон дар ҷаласаи ифтитоҳии конфронси сатҳи баланд «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза ба терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайрйқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил». Киҳоянд ин нафарони гумроҳ ва сабабҳои фирори беақлонаашон аз кишвари ободу осуда, хешу табор, хонаи обод дар чист? Сухан ин ҷо аз бобати фирефташавии якҷояи як оила, аниқтараш сокинони ноҳияи Ҳисор, шаҳраки «Шарора» Хушнуд Махсумов меравад. Ӯ соли 1984 ба дунё омадаву таҳсилоти миёна дорад. Надоштани касби даркорӣ, маҳорату малака, завқи донишомӯзӣ, ки сабабгори асосии муҳтоҷиву мушкилии рӯзгораш шуд, ноилоҷ рахти сафар бубасти пешравии зиндагиро дар муҳоҷирати иҷборӣ дар шаҳри Москваи Федератсияи Руссия дид. Фикр кард, ки дар ин сарзамин пул дар замин рехтаасту зуд соҳиби даромади муфт мегардад. Дар асл аз боиси надоштани касби бозоргир, хунари воло ба шуғли сангини ҷисмонӣ машғул гашт. Баъди даҳ сол барои кор ба шаҳри Санкт-Петербург ҳиҷрат кард. Соли 2012 бо як духтари тоҷик, ки Сафаргул ном дошт шинос мешавад, ки ӯ ҳам барои пеш бурдани зиндагиаш ба муҳоҷирати меҳнатӣ омада буд. Гарчанде дар манзили ориятӣ зиндагӣ доштанду рӯзгори вазнин, аз тариқи расму оини ниёгон хонадор мешаванд. Дар оилаи онҳо пас аз чанд моҳе фарзанд ба дунё омад, номашро Умар мегузоранд. Акнун мебоист ҷавонмард Хушнуд Махсумов ва ҳамсараш Сафаргул Андамонова ба меҳнати ҳалол, соҳиби зиндагии шоиста гашта, ба  таълиму тарбияи фарзанд машғул гашта, ба волидон чашм ба роҳашон ёрии мардиву маънавӣ мерасониданд, бунаи доро, обрӯманд шуда, ба Ватанашон Тоҷикистони соҳибистиқлол бармегаштанд. Лекин ҷаҳолату гумроҳӣ корашро мекунад, ҳамонро дар фикри даромади муфт, шукри Худовандро барои оила, фарзанди солим намекунад. Моҳи июни соли 2016 тавассути шабакаи интернетии «ZELLO» барномаи «Роҳнамо ба сӯйи»-Давлати исломиро пайдо кард. Азбаски таассуби динӣ дошт, дарк намекард, ки он равия ва ҷараёнҳое, ки имрӯз худро исломӣ муаррифӣ мекунанд, варакаҳо паҳн мекунанд, аз тариқи шабакаҳои иҷтимоии иғвобарангез мардумро ба ҷиҳод даъват менамоянд, на ифодагари манфиати миллатанду на ислом. Ба он ҷараёнҳои ифротӣ, тундрав нафароне гирифтор мешаванд, ки заъфи маърифати динӣ, дунявӣ доранд. Ҳамин тавр дар барномаи мазкур бо номи «Аббос» пайваст шуд. Бо Умед ном шахе, ки тахаллусаш «Абу Умар» буд ошно гашт. Номбурда баъди чанд суҳбат манқурт, бесавод, ноогоҳ аз   бозиҳои абарқудратҳои ҷаҳонгир бедарак буданд «Хушнуд»-ро дарак сохт, зуд дар пайи фирефта кардану ба домаш кашидаи «сайд» гашт. Умед баъди пурсупос фаҳмид, ки мавсуф як бародарашро чанд сол боз гум кардаасту муҷӯяд. Пёшниҳод менамояд, ки бародараш Сухробро, ки чанд сол пеш гум шуда буд, аз «Давлати исломӣ» меёбад. Дигар ба Тоҷикистон наравад, ки «шарики бародараш» гуфта, ҳабсаш мекунанд.

Ягона роҳи наҷоти ӯ ба кишвари Сурия омадани ӯст. Ваъда дод, ки дар ин кор ба ӯ албатта ёрӣ мерасонад. Метавонад завҷа ва писарашро ҳамроҳ бигирад., ин ҷо ҳама шароити буду бошро омода месозад. Ӯ, ки содаву нодон буд, ба завҷааш, ки баъди таваллуди Умар дар хонаи падари Хушнуд дар ноҳияи Муъминобод зиндагӣ дошт занг мезанад. Мефармояд, ки дар муддати ду моҳ ҳамаи ҳуҷҷатҳоро таёр карда бо писараш ба Санкт-Петербург бияод. Баъд ҳамсарашро фиреб карда, мегӯяд, ки ҷиҳати азнавбақайдгирӣ бояд сарҳадро убур намоянд, завҷааш аз мақсади ниҳоии ӯ огоҳ нашуда, ин корро як сайру сайёҳат пиндошта розӣ мешавад. Бо пешниҳоди «Умар» чиптаи таёраро ба номи худаш, ҳамсару фарзандаш харидорӣ менамояд. Ҳангоми ба аэропорти шаҳри Теҳрон расидан онҳоро «Муҳаммадҷон» ном шахс истиқбол мегирад, ба шаҳри Зоҳидон ба як меҳмонхона мебарад. Баъди се рӯзи сукунат ӯ аз мусофирона роҳгумзада 300 доллари ИМА ва шиносномаҳояшро гирифта, ба сарҳади байни Эрону Афғонистон мерасонад. Аз он ҷо бо автобуси дигари мусофирбар то ба шаҳри Кобул мефиристонад. Ба як хонае медарораду иброз менамояд, ки то расидани автобуси дигар ҳамонҷо камин гирифта бинишинанд интизор шаванд, баъди ду рӯзи сукунаташон автобус мерасад. Ҳамин тавр дар муҳлати муайяншуда нафароне ба манзили муваққатии зисти онҳо омада, ба шаҳри Хуросон бурданашон мешаванд. Маҳз дар ҳамин ҳолат шавҳар ба завҷааш рози дили хеш – шомилшавӣ ба «Давлати исломӣ»-ро ошкор месозад. Зан аз шунидани ин хабари ногаҳонӣ бемадор, бемор мешаваду бистарӣ мегардад. Пас аз чанде вазъи саломатиаш рӯ ба беҳбудӣ меоварад, ба хотири вайрон нагаштани оиладорӣ, ятим намондани фарзандаш пешниҳод ӯро қабул менамояд, дигар шахсро аз ин бунбаст намебинад. Баъди сипарӣ гаштани 5-рӯз фирориён кормандони амнияти Ҷумҳурии исломии Афғонистон дастгир менамоянд, муддати пурсуҷӯ, тафтиши дафтари аъмолашон панҷ моҳ идома меёбад.

Падари Хушнуд аз ғайб задан, робита надоштани фарзандаш парешонхотир, мушавваш мегардад, гумон мебарад, ки писараш, ки ҷавони бехабаре буд, ба кадом гурӯҳи экстремистиву террористӣ шомил гаштааст. Ӯ медонист, ки ширкати шаҳрвандони Тоҷикистон дар задухурдҳои мусаллаҳонаи хориҷа ҷиноят аст. Зуд ба шуьбаи амнияти ноҳияи Ҳисор меравад, арз мекунад. Худи ҳамон рӯз аз РВКД шаҳри Душанбе занг зада даъваташ карданд. Хабар доданд, ки писару сунҳораш ба шаҳри Хуросони ҶИА, ки ташкилоти террористӣ-экстремистии «Давлати исломӣ» қарор дорад, рафтаву дастгир шуданд. Ба фикр меравад, андуҳгин мешавад. Дар воқеъ писараш хушахлоқу соҳибэҳтиром буд, на роҳзанӣ мекард, на бадмастиву зинокорӣ, пас чаро фирефта гашт, оқибаташ чӣ мешуда бошад? Баъди панҷ моҳ онҳоро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон оварданд. Акнун онҳо ба кишвари хеш, бо дастони баста, шармсору сарпаст, ҳайрон баргаштанд ва албатта пушаймонанду гирён.

Бо ҳукми суд шавҳар ба муддати 14 сол, завҷааш ба муҳлати 12 сол аз озодӣ маҳрум гаштанд.

Тибқи таъиноти суд парвариши кӯдаки ноболиғашон ба зиммаи падари Сафаргул афтод. Яъне дар сари пирӣ бори гарони парвариши набера таълиму тарбият ба зимааш афтод.

 

Кабирзода Сарфароз Мизроб-муовини раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе

 

Мавзӯи мазкур дар маҷаллаи Душанбе (минбари эҷодкорон) 2019 чоп гардидааст.