Гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ

Санаи 22 феврали соли ҷорӣ, дар асоси нақшаҳои корӣ, судяи суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Ҳамидзода М. дар якҷоягӣ бо ҳуқуқшиноси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирӯз Султонзода, дар муассисаи давлатии таҳсилоти олии касбии «Донишкадаи давлатии санъати тасвири ва дизайни Тоҷикистон» байни омӯзгорон ва кормандони ин муассиса вохӯрӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ дар мавзӯҳои муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2018, пешгирии омилҳои номатлуби ифротгароӣ, терроризму экстремизм, пешгирии омилҳои номатлуби коррупсионӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ташаккули худшиносиву зиракии сиёсӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти давлат ва хизмат ба Ватан, ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ, нашъмандию нашъаҷалобӣ, дар амал татбиқ намудани Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ва «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» баргузор гардид. Ҷаласаи мазкур дар шакли саволу ҷавоб давом дода шуда, ба ҳозирин ҷиҳати ҳамкориҳои минбаъда даъват ба амал оварда шуд.