Хабари марги Ваҳҳобзода Содиқҷон Абдулҳай моро андӯҳин кардааст

Ваҳҳобзода Содиқҷон Абдулҳай – ҳанӯз 59 сол (1961 соли таваллудаш) дошта, оиладор соҳиби шаш нафар фарзанддор буд.  Соли 1988 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшиносӣ хатм карда, аз тарафи Донишгоҳ ба шаҳри Брянски Федератсияи Россия сафарбар шуда, ба ҳайси муфаттиш кор кардааст. Фаъолияти аввали кории хешро дар мақомоти прокуратура ба ҳайси муфаттиш оғоз намуда, то соли 2003 дар прокуратураҳои вилояти Суғд ва шаҳри Роғун кор намудааст.

Аз соли 2003 ба системаи ҳокимияти судӣ ворид шуда, дар ҳамин сол ба вазифаи судяи суди шаҳри Конибодоми вилояти Суғд таъин гардида, то соли 2011 дар онҷо кору фаъолият намудааст. Сипас аз соли 2011 то соли 2014 ба вазифаи судяи суди вилояти Суғд, аз соли 2014 то 2017 ба вазифаи раиси суди ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд ва аз соли 2017 ба вазифаи раиси суди шаҳри Истаравшани вилояти Суғд таъин гардида буд.

Дар давраи фаъолияти хеш Ваҳҳобзода Содиқҷон Абдулҳай баҳри пешрафти ҷомеа, баланд бардоштани нақш ва мавқеи ҳокимияти судӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат, ташкилоту муассисаҳо ва қонунияту адолатро бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ҳифз намуда, саҳми бепоёни худро гузоштааст.

Роҳбарият ва ҳайати кормандони суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ҳамдардиву тасаллияти самимии хешро ба наздикону пайвандони Ваҳҳобзода Содиқҷон Абдулҳай – раиси суди шаҳри Истаравшани вилояти Суғд иброз намуда, ба онҳо сабри ҷамилро хоҳон мебошад.

Хотиррасон карда мешавад, ки шаби 20 феврали соли равон, тахминан соати 21 дар километри 185-уми наздикии деҳаи Фирдавсии ноҳияи Шаҳристон садамаи нақлиётӣ рух дода, бар асари садамаи маргбор Ваҳҳобзода Содиқҷон Абдулҳай – раиси суди шаҳри Истаравшани вилояти Суғд дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасад.