Иҷро накардани ўҳдадориҳо оид ба тарбияи фарзандон

Раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Сангинзода Ғайрат санаи 30 апрели соли ҷорӣ парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро нисбати Давлатова Ҳуриниссо Мадудовна, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25 феврали соли 1977 санаи таваллудаш, зода ва сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Бухоро, миллаташ тоҷик, маълумоташ миёна, муваққатан бекор, оиладор соҳиби се фарзанд бо моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дод.

Аз ҷониби прокуратураи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нисбати Давлатова Ҳ.М. дар чунин ҳолат парванда оғоз намудааст:

Давлатова Ҳуриниссо Мадудовна модари Давлатов Сомон Исломхонович, хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 шаҳри Душанбе буда, уҳдадориҳояшро дар тарбияи фарзанд ба таври дахлдор иҷро накард ва бо ин кирдораш талаботи моддаи 8 сархати 16-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро вайрон ва ҳуқуқвайронкунии маъмурии пешбиникардаи моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистонро содир намуд.

Санаи 11 апрели соли 2019 Давлатова Ҳ.М. хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 шаҳри Душанбе дар қаҳвахонаи «Аюна» воқеъ дар суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Бухоро 2 ба истеъмоли маводи тамоку (калян) машғул шудааст.

Давлатова Ҳуриниссо Мадудовна худро гунаҳгор шуморида баёнот дод, ки воқеан аз гуфтаи фарзандаш маълум гардид, ки охирон вориди қаҳвахонаи мазкур шудааст, вале аз нақлаш маводи тамоку (калян) истеъмол накардааст. Дар баёноташ фарзандаш ин ҳолатро тасдиқ намудааст, вале асоснокии ин гуфтаҳоро ӯ ҳоло зери шубҳа мегузорад.

Гунаҳгории Давлатова Ҳуриниссо Мадудовна дар содир кардани ҳуқуқвайронкунии маъмурии пешбиникардаи моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо далелҳои дигари дар қабати маводҳои парванда мавҷуд буда исбот гардид.

Мутобиқи моддаи 8 сархати 16-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» — падару модар уҳдадоранд барои фарзанди то бистсола истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ (аз ҷумла пиво), воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ, маҳсулоти тамоку (аз ҷумла нос) ва маводи сахтаъсирро манъ намоянд.

Бо қайди ин ҳолатҳо, кирдори Давлатова Ҳуриниссо Мадудовна бо моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аз тарафи падару модар иҷро накардани ўҳдадориҳо оид ба тарбияи фарзандони ноболиғ тасниф карда шуд.

Суд вақти интихоби намуд ва андозаи ҷазо сабабҳои содиркунии ҳуқуқвайронкунӣ, шахсияти ҳуқуқвайронкунанда, ҳолатҳои сабуккунандаи ҷазоро ба инобат гирифта, Давлатова Ҳуриниссо Мадудовнаро бо моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, нисбаташ ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи 3 (се) нишондиҳанда барои ҳисобҳо (165 сомонӣ) ба фоидаи давлат таъин кард.